Главная / Илм / ВАЗЪИ ИҚТИСОДИ ДУМҲУРИ ДАР СОЛҲОИ 60-80-УМ

ВАЗЪИ ИҚТИСОДИ ДУМҲУРИ ДАР СОЛҲОИ 60-80-УМ

Солҳои 60-80-ум дар таърих бо унвони солҳои рукут маълум мебошад. Агар аз нуктаи назари сиёси нигоҳ кунем, нисбати Точикистон ин мафхумро кор фармудан нодуруст аст.
Дар солҳои 60-80-ум барои инкишофи хочагии халки Точикистон шароити мувофиқ муҳайё гардид. Дар солҳои 60- ум дар асоси барномаи махсус барои азхудкуни ва таравдиёти ноҳияҳои чануби дивдати махсус дода шуд.
Мавчуд будани ашёи хом, манбаҳои оби ва кувваи кориро ба назар гирифта, Ҳукумати чумҳури барномаи комплексии ҳудуди-истеҳсолии Точикистони Чанубиро кабул намуд.
Мувофики ин барнома ба истифода додани объектҳои зерини саноати муайян шуд: ГЭС-и Норак, Бойғози, Роғун, заводи алюмини, комбинати электрохимиявии Ёвон, комбинати металлургикҳии Анзоб, комбинати нуриҳои азотии Вахш, роҳи оҳани Ёвон- Қурғонтеппа-Тирмиз ва ғайра.
Дар баробари амали гардидани барномаи комплекси ҳудуди-истеҳсолии чануби дар чумҳури шаҳрҳои нав бунёд ёфтанд. Дар зарфи 20-сол зиёда аз 300 корхонаҳои нави саноати ба истифода дода шуданд. Дар натича дар ҷумҳури соҳаҳои нави саноати аз қабили металлургияи ранга, саноати химиёви, электроэнергетики ва ғайра ташкил ёфтанд. Мутаасифона баъзе корхона ва сохтмонҳои комплекси чануби бо сабабҳои гуногун нотамом монданд.
Дар барномаи стратеги иктисоди- ичтимоии ин солҳо дар ҷумхури чои муайянро сиесати аграри ишғол менамуд. Дар солҳои 60-80-ум баззаи модди-техникии соҳаи хочагии ٠؟ишлоқ мустахкам карда шуда, дар Мирзочулу Дилварзин, Ёвону Бешкент ва Данғара ҳазорҳо гектар заминҳои навкорам аз худ карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки мавчуд будани захираҳои маводи хоми саноати сабук ва кувваи кори талаб мекард, ки дар Точикистон корхонаҳое сохта шаванд, ки бо ашёи хоми маҳали кор кунанд. Вале мақомоти роҳбарии марказ дар ин икдом чорае наандешид. Корхонаҳои саноати сабуки Точикистон танҳо 7-8 дар сади пахтаи чумхуриро кор мекарданд. Қисми зиёди корхонаҳои бофандаги ашёи хомро аз дигар ҷумҳуриҳо мегирифтанд.
Дар ҷумҳури барои таравдиёти соҳаҳое диққат дода мешуд, ки бо тези харочоти худро пушонида метавонистанд. Масалан, барои сохтмони барқгохи Норак кариб 700 млн.сум сарф шуд. Ин харочот дар давоми 3-4 сол бароварда шуда, баъдтар истгоҳ соле то 800 млн сӯм дамромади соф медод.
Мохи майи соли 1982 барномаи озуқавории мамлакат кабул гардид. Дар асоси ин барнома дар Точикистон бунёди комплексҳои агросаноати ба накша гирифта шуданд. Мувофики он азхудкунии заминҳои нав (водии Бешкент, дашти Ашт), бунёди иттиҳодияи агросаноатии Ховалинг, сохтмони туннели обёрикунии Данара дар назар дошта буданд.
Табиати Точикистон барои таравдиёти тамоми намудҳои хочагии қишлоқ мусоидат менамуд. Лекин ҷумхури ба яке аз базаҳои мухими истеҳсоли пахта табдил ёфт. Вай аз рӯи ҳосилноки ва истеҳсоли пахтаи махинах дар ИЧШС чои аввалро ишгол мекард. Соли 1980 истеҳсоли пахта хеле зиёд шуда, ба 1 млн тонна расид. Дар бисёр нохияҳои ҷумхури барои тарақки додани богдори захираю имкониятҳои зиёд мавчуд буданд, лекин онҳо истифода бурда нашуданд.
Соҳаи кишоварзии Точикистонро ба пахтакори табдил дода, ба соҳаҳои дигари он диққат дода намешуд. Дар чумхури ба ғаллакори, (ки заминҳои зиёди лалми дорад) ва боғдори дивдати зарури дода намешуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222