Главная / Илм / ВАЗЪИ СИЕСИ – ИЦТИСОДИ ВА ИДТИМОИИ НОҲИЯҲОИ ДАНУБУ ШАРЦИ ВА МАРКАЗИИ ТОДИКИСТОН ТО ИСТИЛОИ АМОРАТИ БУХОРО

ВАЗЪИ СИЕСИ – ИЦТИСОДИ ВА ИДТИМОИИ НОҲИЯҲОИ ДАНУБУ ШАРЦИ ВА МАРКАЗИИ ТОДИКИСТОН ТО ИСТИЛОИ АМОРАТИ БУХОРО

Вазъи иктисоди ва ичтимоии мардуми Осиёи Миёна дар давоми асри XIX, умуман, пеш аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия хеле мураккаб буд. Хусусан, мушкилоти
иктисоди дар нохияҳои дурдасти аморати Бухоро, яъне ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон мушохида мешуд. То давраи ба аморат ҳамроҳ шудани ин ноҳияҳо ва ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар ин минтақа ягон давлати муттамарказ вучуд надошт. Дар Осиёи Миёна монанди асрҳои пеш якчанд давлатҳои феодали, аз қабили хонигарии Бухоро, хонигарии Хива ва хонигарии Қуқанд вучуд дошт. Ба айр аз ин хонигариҳо, боз якчанд бекигари вучуд дошт, ки дар байни онҳо доимо чангҳои байни ҳамдигари мерафт. «Дар кисми Марказии Точикисон, бекигариҳои Кӯлоб, Ҳисор, Дарвоз ва Қаротегин вучуд доштанд, ки гоҳо ба Бухоро ва гоҳо ба Қуқанд тобеъ кунонида мешуданд. Аз рӯи нишондоди муаррихон на давлатҳои дуруст, на ҳокимиятҳои мустахкам ва на худуду сарҳад доштанд. Онхо дар ҳар ҳолат тагйир меёфтанд. Го худуди онҳо васеъ мешуд ва гоҳо доираи онҳо махдуд мегардид. Дур будани онҳо аз рохдои байналхалки ин ноҳияҳоро аз нестшави нигоҳ медошт». (История
Таджикского народа.-Ч.2. -М, 1964.-С. 127).
«Дар ин минтақа ба монанди дигар чамъиятҳои феодали ҳокимият ба манфиати руҳониён ва феодалон хизмат мекард. Замин бошад ба худи ҳокиму феодалон ва руҳониён таалук дошт.
Дар ин чо то нимаи дуюми асри XIX нишонаҳои чамъияти феодали ва ҳатто обшинаи ибтидои мушохида мешуд».(Мухторов А. Очерки по истории Таджикистана.- Т.1).
Дар минтақае, ки точикону ӯзбекон бо ҳам мезистанд, муносибатҳои феодали ҳукм меронд. Аммо дар баъзе дигар минтақаҳо бошад, нишонаҳои муносибатҳои авлодиии патриархали, хусусан, дар ноҳияҳои кӯхистони Кӯлобу Ғарм боки монда буданд. Қисми зиёди заминҳо дар тахти назорати руҳониёни мусулмон, ки онҳоро «заминҳои вакфи» меномиданд, буданд.
Қисми зиёди аҳолии бо заминдори, чорводори ва хунарманди машгул буд. Дар давоми асри XIX олоти асосии коркарди замин омоч ва каланд буд. Бо ёрии ин олотҳои сода ва қафомонда дехдонон заминро кишт мекарданд. Дар вакти кишту кор ва дигар корҳои хочагидори аз аспу барзагов истифода мебурданд. Дар заминҳои кӯхистон ва заминҳои кувдоман дехдонон бо даст кор мекарданд. Дар хирманҳо, баъд аз он ки ғалларо медаравиданд, онро оварда ба воситаи барзаговҳо, ки аз пасашон чапар баста шуда буд, мекуфтанд. Ғалларо дар осиёбҳои дасти орд мекарданд. Дар замин асосан дехдонони чоряккор ва мардикор кор мекарданд. Аз чор се хиссаи ҳосилро, баъзе вакт аз ин ҳам зиёдашро руҳониён ва феодалон сохиб мешуданд. Дар ин бекигариҳо заминҳои оби нисбат ба заминҳои лалми хело кам буданд. Ҳамаи заминҳои оби дар дасти заминдорон ва руҳониён буданд.
Дехдононе, ки дар заминҳои айлоки ва вакфи кор мекарданд, аз рӯи тарзи зиндагии худ ба дехдонони крепоснои монанд буданд. Барои истифода бурдан аз замин бо тарзҳои гуногун аз онҳо андоз ситонида мешуд. Дар нохияҳои кӯхистони Точикистон, асосан Ҳисор, коркарди замин пахн гардида буд. Дар ноҳияҳои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон андозҳои гуногун вучуд дошт, ки кариб шумораи онҳо ба 50 – то мерасид. Андоз аз аҳолии маҳали, савдогарон ва хунармандон рӯёнида мешуд. Аҳоли андозро асосан аз ҳосил, ҳайвони кори, бог ва ҳавли медод. Ба айр аз андозҳо боз як катор корҳои бепул вучуд доштанд, ки мардум кор карда музд намегирифтанд. Ба ин корҳо асосан сохтани масчидҳо, қалъаҳо, рохдо, купрукҳо ва обанборю кандани каналҳо дохил мешуд.
Дар ноҳияҳои марказии Точикистон феодалон вучуд доштанд, ки 100 десятин ва аз ин ҳам зиёд замин доштанд. (Липский В.В. Горная Бухара. -4.2.- СП6.-19О2.- С.244). Ғайр аз замину ҷӯйҳо, табақаи хукмрон дар зери дасти худ рамаҳои зиёди чорво нигоҳ медоштанд.
Аз сабаби кам будани замин девдонон мачбур буданд, ки заминҳоро ба таври «шарикона» кишту кор намоянд ва ҳама супоришоти сохиби заминро бе гуфтугӯ ичро намоянд. Ба тарзи «шари кона» кор кардан дар заминҳо аз он сабаб буд, ки на хамаи дехдонон сохиби чуфти гов буданд. Аксарияти деҳқонон олоти кишоварзи ҳам надоштанд
Ҳиссаи замини шарикона дар байни шариккунандагони он аз рӯи саҳми моли тақсим карда мешуд. Дар натича узви бенавотарин он, ки арақи чабин рехта кор мекард, қути лоямутеро соҳиб мегардид.
Дар қатори деҳқонони безамин мардикорон ҳам буданд, ки мавриди истисмори сахт қарор гирифта буданд ва музди ночизе ба даст меоварданд. «Деҳқонон бисёр андозҳои иловаги низ мепардохтанд. Монанди «миробона» (барои обёрии замин), «алафпули» (барои юнучқазор), «кушпули» (барои харсари чорво, аз қабили асп, хар, барзагов) ва ғайра вучуд доштанд».(Ғафуров Б. Точикон.- Қ.2.- С.214).
Дар мулкҳои куҳистони Бухорои Шарқи аҳолиро мачбур месохтанд, ки барои ҳокимон ва амалдорон ҳезум тайёр намоянд.
Дар бораи ҳайати аҳолии Бухорои Шарқи маълумоти аниқ нест. Вале аз рӯи нишондоди баъзе сарчашмаҳо аҳолии Бухорои Шарқиро асосан точин ташкил медоданд. Ба ноҳияҳое, ки асоси аҳолияшонро точикон ташкил медоданд, қисмати Чанубии Ҳисор (дараҳои Ширкент, Қаротог, Хонақо, Лучоб, Варзоб), Файзобод, Дашти, Бедона, ноҳияҳои куҳистони Кулоб, Қаратотегин ва Дарвоз дохил мешуданд. (Галкин. Краткий очерк Бухарского ханства. Военный сборник.- СПб.- 1890.-№11.- С.192).
Чои дуюмро аз чиҳати аҳолии узбекон мегирифтанд, ки аз қабилаҳои гуногун иборат буданд. Онхо асосан дар Ҳисор, Кулоб, Вахш ва Бешкент зиндаги мекарданд. Дар Ҳисор юзҳо, маркаҳо, барлосҳо, туркҳо, дар Ёвону Кулоб қаллук ва лақайҳо, дар Вахш ва Кофарниҳон узбекҳои қатаған зиндаги мекарданд.
Ғайр аз узбекон ва точин дар Бухорои Шарқи боз қирғизҳо зиндаги мекарданд. Асосан онҳо дар Ҳисор ва Қаротегин зиндаги мекарданд.
Ҳамин тариқ, дар як қатор ноҳияҳои Маркази ва Чануби Тоҷикистони имруза тоҷикон бо ҳамроҳии узбекон мезистанд, дар Қаротегин ва Ҳисор бошад бо ҳамроҳии қиргизҳо.
Аз ҷиҳати маъмури бошад, Бухорои Шарки ба вилоятҳо тақсим мешуд. Вилоятҳо дар навбати худ ба туманҳо, яъне амлокдориҳо тақсим мешуданд. Амлокдориҳо бошад, ба мири ҳазора тақсим мешуданд, ки аз якчанд деҳаҳо иборат буданд. Дар сари амлокдори арбобҳо меистоданд. (История таджикского народа.-С.75).
Дар нимаи аввали асри XIX аз Шахрисабз то Помир ҳокимияти марказии хонигариҳо суст алоқаманд буданд. Ҳар яке аз ин ҳокимиятҳои феодали, аз ҷумла Ҳисор, Кӯлоб ва Қаротегину Дарвоз ҳокимони худро доштанд, ки онҳо ҳокимияташонро мустакилона идора мекарданд. Ин ҳокимони феодали то унвони фахрии атоликро сохиб мешуданду халос. Албатта бо рухсати хонҳо.
Дар сари ҳокимияти феодалии Ҳисор ҳоким меистод. Дар Қаротегину Дарвоз бошад шоҳ. Дар ҳамаи ин ҳокимиятҳо дафтари моли вучуд дошт, ки онро амалдоре бо унвони девонбеги идора мекард. Боз амали дигар аз қабили Мирзо – котиби шахсии ҳоким, ё ин ки шоҳ вучуд доштанд. «Дар назди шохи Қаротегин маслиҳатчиҳо вучуд хдоштанд, ки шоҳ онҳоро аз арбобони наздики худ интихоб менамуд. Дар миёнаи асри XIX дар Қаротегин кариб 400 деҳа вучуд дошт. Ин деҳаҳо ба 2 гурӯҳ муттаҳид гардида буданд ва ҳар яке аз ин 22 гурӯҳ беки худро дошт». (Истории Таджикского народа.- С.77)
Амлокдороне, ки нисбатан вазифаи пастро доро буданд, ба воситаи тобеони худ, яъне оксаколону арбобон андозҳои давлатиро меғундоштанд. Вазифаи мироб ва доруға бошад, боз зинае пасттар меистанд.
Дар давраи ҳокимияти феодали ба вазифаи закотчи чамъкунандаи андозҳои чори аз ҳайвонот низ вучуд дошт. Ҳамаи ин амалдорони давлат аз хисоби аҳолии рӯз мегузарониданд. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки дехдонону хунармандон боз ҳам шшоктару камбаалтар
мешуданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222