Дар таърихи сиёсии солҳои 30-юм ба давраи тулонии ҳукмронии И.Сталин ба таравди мухталиф дар баъзе
мавридҳо баҳои аразнок яктарафа дода мешавад.
Маълум аст, ки баъди Инкилоби Октябр дар мамлкат диктатураи пролетари баркарор карда шуд. Аз рӯзи аввали ҳокимияти Шӯрави мамлакат ба ду тарафи ба ҳам муқобил (тарафдорони сохти Шӯрави ва аксулинкилоби, тарафдорони баркарор намудани сохти капиталисти) тақсим шуд. Дар чунин вазъият сохти нав танҳо дар натичаи бартараф намудани мукобилияти синфҳои аз тахт сарнагун шуда метавонист мавчудияти худро нигоҳ дорад. Аз ин рӯ чорабини диктатураи пролетарият таърихи буд.
Вале тачрибаи таърихи нишон медиҳад, ки дар рафти сохтмони сотсиалисти ба камбудиҳои чидди роҳ дода шудааст. Дар мамлакат аз сабаби эътироф накардани диктатураи пролетарият ва принсипҳои сохтмони сотсиалисти фаъолияти тамоми ҳизбҳои сиёси манъ карда шуд ва хизби коммунисти хизби ягона ва роҳбарикунандаи чамъият гардид.
Пас аз вафоти В.Ленин (21 январи соли 1924) дар мамлакат сохтори роҳбарии фармонфармои маъмури ба амал омад, ки ин сохтор таърихи тӯлони дошт. Аз тарафи дигар, дар давраи гузариш сиёсати нави иктисоди муайян гардида, тарзи идоракунии мутамарказонидашудаи фармонфармоии маъмури торафт боло гирифт ва ин тамоюл ба сохтори роҳбарии тоталитари расонд.
Роҳбарии фармонфармои-маъмури ба ташаккули сохтори якхизби ва иделогияи ягонаи марксисти-ленини мусоидат намуд.
Гарчанде, ки Ленин огоҳ мекард, ки дар рафти сохтмони сотсиалисти гуногун акидаги нигоҳ дошта шавад, вале дар рафти муборизаҳои гоявии дохили хизби ин масъала аз байн бардошта шуд. Муваффакиятҳое, ки халки шӯрави дар саноатикунонии сохтмони колхози ва инкилоби мадани ба даст даровард ба як шахс, И.Сталин вобаста шуд ва мавқеи ӯро баланд бардошт.
Сталин бо ҳаммаслакони худ барои пуркувват намудани ҳокимияти худ ба гурӯҳҳои мухолифони сиёси, ки дар солҳои 1921-1927 дар хизб амал мекарданд, ғалаба ба даст овард. Ҳамаи амалҳои лидерҳои оппозитсияи хизби Тротский, Каменев, Зиновев, Бухарин, Риков ва дигарҳо саркуб карда шуданд. Ғалабаи Сталин ва комилан ба даст овардани роҳбари дар хизб ва давлат барои дар мамлакат ба амал омадани вазъияти тоқатнопазир ба акидаҳои айр мусоидат намуд ва боиси зухуроти шахспарастии Сталин гардид. Шахспарасти ба ташаккули сохтори фармонфармои- маъмури бевосита таъсир расонд.
Ҳамин тариқ, сохтори роҳбари фармонфармои-маъмури дар мамлакат бюрократияи хизби-давлатиро ба амал овард ва вай ба кувваи ҳалкунанда мубаддал гардид. Баҳсу андешаҳои «озод» маҳдуд шуданд. Чомеашиносон аз чорчӯбаи акидаҳои сиёси- давлати берун баромада наметавонистанд. Нормаҳои ленинии роҳбарияти хизби – давлати дағалона вайрон карда мешуданд. Хусусан назарияи Сталин, ки гӯё дар протсеси сохтмони сотсиалисти муборизаи синфи идома мекунад, дар сохтори диктатураи пролетариат тамоюли зуровариро овард. Бо роҳбарии мақомоти сиёси шуъбаҳое, ки идораи сиёси- давлати ва комиссияи фавкулоддаи давлати аз тарики ГПУ, ОГПУ, ВЧКА барин органҳои зури таъсис дода шуданд. Дар натича аз тарафи ин органҳо ҳазорон нафар одамони бегуноҳ, ки вазифаҳои масъули ҳизби, давлати ва хочагиро ичро мекарданд, душмани халқ эълон карда шуда ба чазо кашида шуданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …