Главная / Илм / ВАЗЪИ СИЁСИИ ҶАҲОН ДАР СОЛҲОИ БАЪДИ ҶАНГИ

ВАЗЪИ СИЁСИИ ҶАҲОН ДАР СОЛҲОИ БАЪДИ ҶАНГИ

Чанги дуюми чахон бо галабаи куввахои зидди гитлери ба итмом расид. Дар ғалаба сахми давлати Шӯрави басо калон буд. Зеро то кушода шудани фронти дуюм дар Аврупо Иттиходи Шӯрави яккаву танхо ба муқобили Олмон ва иттифокчиёни он мечангид. Баъди ба охир расидани чанг дар чахон дигаргунихои калон ба амал омаданд. Баъд аз шикасти фашизм барои ба даст даровардани истиқлолияти мамлакатхое, ки садсолахо дар зери асорати мамлакатхои бузург буданд, заминахои сиёси ба амал омаданд. Як қатор давлатҳои Аврупо, Амрикои Лотини ва Осиё соҳибихтиёр гаштанд. Аз чумла Ҳиндустон, ки зиёда аз дусад сол дар итоати Британияи Кабир буд, соли 1949 давлати мустақил гардид. Инчунин Индонезия, Миср ва дигар давлатҳо бо роҳи тараққиёти мустақилона қадам ниҳоданд. Ҳаракати милли-озодихоҳи махсусан дар қитъаи Африко чараёни босуръат гирифт. Соли 1960 якбора 17 давлати ин қитъа истиқлолият ба даст дароварданд. Баъди як сол дар қитъаи Африка 62-давлати мустақил пайдо шуданд.
Ҳамин тавр натичаи аввали чанги дуюми ҷаҳон ин дар пурзӯр гаштанн ҳаракати милли-озодихоҳи ва арзи вучуд кардани мамлакатҳои нав мебошад.
Аз сабаби тезу тунд гаштани ҳаракати милли-озодихоҳи солҳои 60-умро соли Африка номиданд.
Ҳамин тавр натичаи аввали чанги дуюми ҷаҳон пурзӯр гаштанн ҳаракати милли-озодихоҳи ва арзи вучуд кардани мамлакатҳои нав мебошад.
Натичаи дуввуми чанг ташкил ёфтани системаи чаҳонии сотсиалисти аст. Пеш аз ҳама баъди ба охир расидани чанг дар Аврупо дигаргуниҳои кули ба амал омаданд. Давлатҳои аз зулми фашизм озод шуда истиқлолияти давлати ба даст дароварданд. Албатта пешрафти минбаъдаи сиёсии давлатҳои аз фашизм озодшуда ба давлатҳои абадқудрати иттиҳоди зидди гитлери вобаста буд.
Қушунҳои шӯрави дар озод намудани халқхои Аврупо аз зери зулми фашизм саҳми асоси бозиданд. Аз ин рӯ халқҳои Аврупо лашкари Сурхро ҳамчун озодкунандагони худ мепиндоштанд ва нисбат ба Шӯрави таваҷчи зиёд пайдо карданд. Аз тарафи дигар дар рафти муборизаи зидди Олмони гитлери дар ин мамлакатҳо фронти халқи- демократи ташкил ёфт, ки роҳбарияти онро дар аксар мавридҳо коммунистон ба зима доштанд. Ин ду омил барои муайян намудан ва интихоби сохти сиёси-ичтимоии давлатҳои навтаъсис таъсир расонданд. Ҳамин тавр Лаҳистон, Мачористон, Югославия, Чехословакия, Албания, Руминия, модели Шӯрави тараққиётро пеш гирифтанд. Дар масъалаи Олмон дар байни иттифоқчиён ихтилофҳо пайдо
шуданд. Давлати Шӯрави тарафдори давлати ягонаи Олмон аз фашизм ва милитаризм озод буд. Иттифокчиён ба ин рози нашуда дар зоннаи окупатсионии худ Чумҳурии
Федеративии Олмонро таъсис доданд. Дар чавоб дар кисми шарки – зоннаи ишголкардаи артиши Шӯрави Чумхурии Демократии Олмон ташкил ёфт. Олмон ба ду давлати мустакил тақсим шуд.
Дар Осиё он кисматҳое, ки артиши Шӯрави аз истилои давлати Чопон озод карда буд, давлатҳои демократи – халки дар як кисми Корея ва Ветнам барпо шуданд, ки дар натича ин давлатҳо низ ба ду кисм тақсим шуданд.
Ин дигаргуниҳои кули дар чаҳон: пурзӯр шудани ҳаракатҳои милли-озодихохи ва ташкил ёфтани системаи чаҳонии сотсиалисти доираи реаксионии иртичоии капиталистиро ба ташвиш овард. Бо ташабуси ИМА соли 1949 мамлакатҳои сохили бахри Атлант иттиҳоди ҳарбии худ бо номи НАТО-ро ташкил доданд. Ба ин иттиҳод ИМА, Фаронса, Инглисистон, Белгия, Испания ва дигар давлатҳо дохил мешуданд. Соли 1955 иттиҳоди ҳарби мамлакатҳои сохилҳои уқёнуси Ҳинд дохил шуда, итиҳоди СЕАНТО ном гирифт. Ин иттиҳодияҳои ҳарби ба мукобили давлати Шӯрави ва иттиҳодияи давлатҳои демократияи халқи равона карда шуда буданд.
Давлати Шӯрави барои бехатарии худ чораҳои чавоби андешид. Соли 1953 Иттиҳоди Шӯрави бо якчоягии мамлакатҳои Аврупо иттиҳоди ҳарбии паймони Варшаваро таъсис доданд.
Барои ҳамкории иктисоди байни давлатҳои лагери сотсиалисти соли 1949 Шӯрои ёрии байниҳамдигари таъсис дода шуд. Дар байни аъзоёни (давлатҳои) ин ташкилот барои мувофиқа гардонидани иқтисодиёт интегратсияи иктисоди чораҳои амали андешида шуданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222