Главная / Илм / ВАЗЪИ СИЁСИИ БУХОРО ДАР АРАФАИ ИНҚИЛОБИ СОЛИ 1920

ВАЗЪИ СИЁСИИ БУХОРО ДАР АРАФАИ ИНҚИЛОБИ СОЛИ 1920

Ҳамаи он дигаргуниҳое, ки дар Туркистон ба амал омада буданд ба ҳаёти сиёсии Бухоро бетаъсир намонданд. Давлати амири бо тамоми истибдоди асримиёнагиаш боки монд. Амир аз тамоми воқеъаҳои ичтимоии асри ХХ ба ягон хулосае наомад.
Баъд аз «ислоҳоти» амири Бухоро Олимхон (7 апрели соли 1917) кисме аз аъзоёни фирқаи чавонбухориён ноумед шуда аз мамлакат фирор намуданд. Баъди тахлили вазъи сиёси тирамохи соли 1917 дар мақомоти роҳбарикунанда ва сохтори созмони чавонбухориён тагирот ба амал омад. Мувофики барномаи навтаъсис масъалаҳои сиёси, иқтисоди, ичтимои ва фарҳанги ба таври муфассал баён карда шудаанд. Ба вучуди ин дар барнома зарурияти сарнагун кардани амир ба миён гузошта нашуд. Аз ҷумла дар барнома нишон дода шуда буд:
⦁ озод намудани ғалакорон аз супоридани кафсан (андоз ба фонди муллоҳо), аз молиёт;
⦁ тармим намудани мактабҳои дини, дуняви ва масчидҳо аз хисоби заминҳои вакф;
⦁ ба хизмати ҳарби чалб кардани тамоми сокинони Бухоро, ки 22-сола шудаанд;
⦁ ба ихтиёри Вазорати молияи навтаъсис гузоштани ҳамаи андозҳое, ки аз заминҳои мавриди истифода ба даст меоянд;
⦁ таъсис мақомоти олии қазои «истиноф» ва Вазорати адлия. Ашхосе, ки ба карори козихонаҳо рози нестанд, ба
«истиноф» аризаи шикояти диҳанд;
⦁ аз нав бунёд намудани роҳҳои оҳан ва роҳҳои мошингард;
⦁ бо иҷозати амир таъин намудани раиси шурои вазирон;
⦁ таъсисёбии мақомоти махсуси назорати (аз 10- нафар хуқуқшинос ва 10-нафар намояндаи аҳоли. (Инкилоби Бухоро //Садои Шарқ.- 1990.-№ 9.- С. 98-99).
Баъдтар доираи муайяни ҷавонбухориён масъалаи шуриши мусаллаҳонаро ба миён гузоштанд. Ин гурӯҳ (тарафдорони шуриши мусаллаҳона Н.Д.) баъди ғалабаи инкилоби октябр дар Туркистон, дар Тошканд кумитаи низоми ташкил карда, хукумати Шуравии Туркистонро бовар кунониданд, ки дар Бухоро шуриши оммави тайёр шудааст. Дар шуриш якбора 30-ҳазор кас метавонад ширкат кунад.
Раиси Шурои комиссарони Туркистон Ф.Колесов бе ҳеҷ андеша ба ин иғвои ҷавонбухориён бовар карда, 28-феврали соли 1918 бо як дастаи 500-600 нафари аскарони сурх ба Бухоро ҳаракат кард.
Колесов ба Бухорои нав (Когон) омада ба амир Сайд Олимхон бо чунин матн ултиматум фиристад: дар Бухоро озодиҳои матбуот, озодии сухан ва ҷамъомадҳо эълон карда шаванд; ҷазодиҳи умуми ва қатли ом бекор карда шаванд; микдори андозҳо аз аҳоли кам карда шавад. Аз ҳайати ҷавонбухориён кумитаи иҷроия таъсис дода шуда, аз болои фаъолияти ҳукумат назорат кардан иҷозат дода шавад. Амир аз иҷрои ин талабҳо даст кашид ва Колесов бо дастаи худ ба Бухоро ҳуҷум кард. Бо даъвати амир ба муқобили дастаи Колесов ба ҷанги «мукаддас» баромаданд. Колесов бошад дар Бухоро ягон дастгири пайдо накард ва маҷбур шуд, ки ба тарафи Самарқанд акибнишини кунад. Ба ёрии дастаи Колесов кувваҳои иловаги фиристонда шуданд ва 17-март ба сарбозони амир шикаст дода шуд.
25-марти соли 1918 дар Қизилтепа байни ҳукумати Туркистон ва амири Бухоро созишнома ба имзо расид. Мувофики он амир ваъда дод, ки лашкарашро беяроқ менамояд, афсарони русро, ки дар артиши амири хизмат мекунад ба ихтиёри Ҳукумати Туркистон месупоранд; рохдои оҳани вайрон кардашудаи Когон-Қизилтеппаро баркарор мекунад; Минбаъд бехатарии рохдои оҳан телеграф ва муҳобираро (почтаро) таъмин мекунад.
Юриши Колесов ба Бухоро, ки хатогии большевикони Туркистон буда натичаҳои вазнин дод. Ин камбудии хукумати Туркистон аз тарафи марказ (Москва) ба зери танкид гирифта шуд. Ин амалиёт бе баназардошти вазъияти сиёсии Бухоро, бо рохи зури бор кардани инкилоб ба мардуми аморат буд. Дар ин бора худи Колесов чунин гуфта буд: «Мо ҳақи халкдоро дар таъмини сарнавишти хеш химоят карда, чунин мешуморем, ки ақоиди чавон бухориёнро аксари халки Бухоро тарафдори менамояд. Вазъи сурат гирифтаи чанг нишон медиҳад, ки мо дар ин кор хато карда ба иғвои чавонбухориён дода шудем».
Ҳучуми бебарори Колесов боиси он гашт, ки амир Олимхон ба дастгирии кувваҳои иртичои кисме аз руҳониён ба муқобили ҳамаи рушанфикрони мамлакат таъкибу катлро сар кунад. Садҳо нафар кушта ва ҳазорҳо нафар ба зиндон партофта шуданд. Чунин маълумот аст, ки танҳо дар як шабонарӯз чаллодони амир 450- нафаро куштанд. Аз тарафи дигар ин амалиёти Колесов раванди инкилобиро дар Бухоро боз дошта, нисбати сиёсати давлати шӯрави дар байни мардум норозигиро барангехт.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222