Асрҳои IV-VII давраи ташаккулёбии муносибатҳои
феодалй маҳсуб меёбад.
Таърихи ичтимой- сиёсии ин давраи Осиёи Миёна аз Эрони сосонй фарқ мекард. Агар дар Эрон феодализм дар шароити марказиятноку муттамарказ ва ташаккули иттиҳодияи сиёсию-миллии халкияти Эрон ташакул ёфта бошанд, дар Осиёи Миёна ин раванд дар ҳолати парокандагии сиёсй, тез тез иваз шудани салтанатҳои хукумрон (Кушониён, ҳокими турк, эфталитҳо) бархӯрд ва омезиш ёфтани ҳалқитҳои мукимй бо қавмҳои кӯчй ва дар фазои бисёр андешии динй (зардуштй ва масеҳй) чараён гирифтааст. Аз ин сабаб ин вазъият ба ҳолати сиёсй, ичтимой ва фарҳангии чомеа таъсир расонида, боиси зуд-зуд дигар шудани авзои сиёсй гардида, дар фаҳмиши фарҳангй ва раванди таърихй таъсири манфй мерасонд.
Тадричан ташаккул ёфтани муносибатҳои феодалй, суст гардидани иктидори ҳарбию сиёсии давлати Ҳайтолиён ва хоқони Ғарбии турк пароканда шудани Осиёи Миёна гардид. Бесабаб нест, ки дар асрҳои V-VII дар Осиёи Миёна такрибан 15 мулк давлатҳои хурди феодалй ба вучуд омаданд.
Замони салтанати Сосониён 224-651 дар таърихи мардумони эронитабор давраи ташаккулёбии муносибатҳои феодалй мансуб дониста мешавад.
Дар эрони сосонй зинаҳои табақавии идоракунй чой дошт. Дар ин чо аз замони қадим се табақаи ичтимой вучуд дошт: рониён, сипохиён ва кишоварзон. Бо мурури замон бо баробарии нкишофи муносибатҳои иқтисодй табақабандй вусъат ёфта, табақаҳои ичтимоии «дабирон», (котибон, ходимони дарбор) атрофиёну мансабдарони давлатй, табибону олимон ва айраҳо бо ин табақаҳо дохил мешуданд.
Ҳар яке аз ин табақаҳо дар навбати худ ба зертабақаҳо ва гурӯҳҳои ичтимой чудо мешуданд. Сарвари ташкилоти марказй( яъне мақомоти олии ичроияро вузург (фармондор, сарвазир) ба ухуда дошт. Пас аз вузург(фармондор) дар сохтори ҳокимият сарвар, рониён (мубадони маъбад) мақоми сеюмро ишол мекарданд. Тамоми масъалаҳои динй, идораи мазҳабй, чараёни сиёсй-динй ва айраҳо ба сарвари руҳониён марбут буданд.
Дар асрҳои IV-VI дар натичаи таъсири эътиқодҳо ва мубодилаи фарҳангии халқҳо, афкору акидаҳои зиёди адабию ахлоки ва фалсафй пайдо шуданд. Зардуштия бо динҳои яхудй, буддой, масеҳй бархурд намуда, аз як тараф дар он тағйирот ба амал омада буд, ва аз тарафи дигар шароити худро ба тартибу низоми нави чамъиятй мутобиқ намуд.
Дар замони салтанати зиёда аз 400 солаи Сосониён Авесто чандин маротиба китобат карда шуд. Бо дархости Хусрави Анушервон барои мустахкам намудани дини давлатй мураттаб намудани китоби мукаддаси зардуштй ооз ёфт. Ба чои нуктаҳои ба замони Сосониён мувофиқ набуда ихтисор карда шуда, ба чои он масъалаҳои ба ахлоки динй вобастабуда ҳамроҳ карда шудаанд.
Масъудй қайд мекунад, ки Ардашер ба писараш Шопур чунин васият дода буд: «Бидон, ки дину имон ва подшоҳй ҳарду бародаранд ва бидуни якдигар вучуд дошта наметавононд. Дин асоси давлат аст ва давлат онро химоя мекунад.
Бо Монавия баробари пойдор гардидани муносибатҳои феодалй нисбати ин сохт норозигии мардум торафт зиёд мешуд. Эътирози мардум дар асрҳои миёна дар чараён ва равияҳои гуногуни характери динй дощта ифода меёфтанд. Дар давраи ҳукумронии Сосониён ҳаракатҳои монавия ва маздакия ба вучуд омада буданд.
Монавия, чун таълимоти динй, ки дар худ унсурҳои зардуштия ва масехиятро пайваст мекард, дар давраи салтанати Шопури I пайдо шуда буд. Асосгузори ин чараён паёмбар Монй буд. Монй (216-277) баъди шиканчаи зиёд бо фармони Баҳроми II кушта шуд. Мувофики таълимоти ӯ, дар олам аз азал ду кувваи ба ҳам зид: нуру зулмот, хайру шар вучуд доранд. Дар олами нур- худою фариштаҳо, дар олами зулмот- деву иблисҳо хукумронй мекунанд. Руҳ- самараи нур, манбаи некй, чисм ( мода)- самараи зулмот, манбаи бадй аст, барои ин рӯҳ асири чисм мебошад.
Монй такво ва беникохиро таргиб намуда, фиреб, дуздй, сарватмандй ва моликияти хусусиро махк мекард.
Таълимоти ӯ як навъ эътирози ичтимой буд. Махдудияти ин таълимот дар он буд, ки ӯ халкро на ба муборизаи фаъол, балки ба гӯшанишинй даъват мекард.
Оини монавия дар инкишофи чомеа, муносибатҳои анъанавй ва афкори ичтимоию адабиии Эроншахр таъсири калон гузошт. Гарчанде, ки рӯҳониёни зардуштй бо сарварии Картир монавияро нисбат ба зардуштия як равияи бидъатомез эълон карда бошанд ҳам, пайравони монавия ба тезй дар Варазруду (Осиёи Миёна) Хуросон, умуман Шарки Наздик ба афкори ичтимоию динй ва фарҳангии мардум таъсир расонданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …