Главная / Илм / ВАЗЪИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ ИНҚИЛОБ

ВАЗЪИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ ИНҚИЛОБ

Баъди сарнагун намудани амири Бухоро ва ба Афонистон фирор кардани ӯ дар каламрави Точикистони имрӯза дар байни кувваҳои инкилоби ва аксулинкилоби муборизаи шадид сар шуд. Дар таърих ин ҳаракат бо номи босмачигари маълум мебошад. Ба ҳаракати зиддиинкилобй амалдорони амир, бойҳо ва гурӯҳҳои зидди шӯрави ҳамроҳ шуданд. Онҳо дар амал тарафдори баркарор намудани сохти пештара буда, шаклан ба ин ҳаракат характери милли- озодихоҳи дода ва як кисми аҳолии камбаалро аз кафои худ мебурданд.
Дар солҳои охир нисбати чанги дохилии солҳои 19211926 фикру андешаҳои мухталиф пайдо шуданд. Як кисми муҳаққиқон ҳамаи онҳое, ки ба муқобили сохти нав мубориза мебурданд, кувваи мучоҳиддин меномиданд. Ин масъала хело муҳим аст ва тадкикоти ҳаматарафа талаб мекунад.
Дар навбати аввал қобили кайд аст, ки вазъи иктисоди, ичтимои ва сиёсии Бухорои Шарқи нисбати минтақаҳои дигар кулан фарк дошт. Масалан, дар кисмати Ғарбии Бухоро кисми зиёди аҳоли ба тагйир ёфтани ҳокимият бетарафона рафтор намуда бошанд, дар Шарки он баръакс. Дохилшавии кисмҳои экспедитсионии Ҳисорро мардум ҳамчун истилои ачнабиён кабул намуданд. Сабаб дар чи буд?.
Сохтори нави Шӯравиро собиқ намояндагони синфҳои ҳукмрон, ки аз ҳокимият маҳрум гардида буданд, чашми дидан надоштанд. Баъди барпо шудани ҳокимияти Шӯрави аз тамоми канораҳои Осиёи Миёна кувваҳои аксулинкилоби дар Бухорои Шарки чамъ омада, онро ба маркази муборизаи зидди Шӯрави табдил доданд. Қисми зиёди аҳолии Бухорои Шаркиро деҳқонон ташкил медоданд, ки аз ҷиҳати сиёси обутоб наёфта буданд. Мутаасифона ҳокимияти шӯрави дар рафти гузаронидани тадбирҳои сиёси, иктисоди ва ичтимои ба камбудиҳои чидди роҳ дод. Масалан, боигарии дехдонони миёнаҳол ва косибонро низ кашида гирифт. Ин сабаб шуд, ки як кисми аҳоли ба кувваҳои зидди Шӯрави ҳамроҳ шуданд.
Камбағалон бо ду роҳ, ба воситаи зӯри зери фишори дини ва дар баъзе мавридҳо бо сабаби паст будани шуури сиёси ба босмачиҳо ҳамроҳ мегардиданд.
Босмачиён (калимаи турки-босмак ҳамлакуни) зери идеологияи исломпарасти амал мекарданд. Амалиёти онҳо терроисти буд. Солҳои 1918-1920 дар ноҳияҳои Шимолии Точикистон ба ҳаракати босмачиён Лаҳадмахсум, Холбута, Асрорхон, Насратшоҳ, Ҳомид, сарвари менамуданд.
Барои бартараф намудани ҳаракати босмачигари бо қарори туркбюрои КМРКП (б) аз 17 ноябри соли 1921 комиссияи фавкуллодаи муборизаи зидди босмачиён дар Хучанд ва Уротеппа ташкил ёфтанд. Бо ташаббуси хизбиён дастаҳои ихтиёри аз хисоби аҳолии маҳали ташкил карда мешуданд. Ба ин дастаҳо Чура Зокиров, Ҳайдар Усмонов, Бобобек Мавлонбеков ва дигарон роҳбари мекарданд. Нисбат ба нохияҳои дигар дар Мастчоҳ босмачигари дертар давом кард. Чунки баъди шикаст додани босмачиёни Водии Фаргона тамоми аксулинқилобчиён ба Масчоҳ омаданд.
Дар Бухорои Шарки дастаҳои мусаллаҳ бо роҳбарии Иброхимбек, Давлатмандби, эшони Султон, Фузайл-махсум, Раҳмондодхоҳ, Дониёр, Хурамбек ва дигарон амал
мекарданд. Ба ин дастаҳо амири фирори карда аз Афғонистон роҳбари намуда, онхоро бояроку аслиҳа таъмин мекард.
Ба куввахои аксулинкилоби дастнишондодҳои хоричи кӯмак мерасонданд. Масалан, Анварпошо (собиқ вазири ҳарбии Туркия) бо 27 нафар мушовирони ҳарбии турк ба Қуронтеппа омада, баъдтар бо дастгирии амир Олимхон сарфармондехи тамоми кувваҳои аксулинкилоби дар Точикистон таъйин гардид.
Дастаҳои босмачиёнро баъзе ходимони маъруфи-сиёси, ки бо рохи гуногун ба органҳои давлатии шӯрави роҳ ёфта буданд, дастгири мекарданд. Масалан, Усмонхоча Пулодхочаев раиси КИМ – и Бухоро бо 600 нафар босмачиёнро либоси низоми шӯрави пӯшонда, моҳи декабри соли 1921 бо мақсади табадуллоти давлати ба Душанбе овард.
Чунин сабабҳо буданд, ки чанги дохили дар Точикистон кашол меёфт. Ҳукумати Шӯрави дар баробари амалиёти чанги бар зидди босмачиён дар байни аҳоли корҳои зиёди фаҳмондадиҳи мебурд. Дар натича аксари аҳоли аз босмачиён рӯ гардонда ба ҳаёти осоишта гузаштанд.
Ҳамин тавр ҳокимияти Шӯроҳо дар тамоми Осиёи Миёна устувор гардид. Дар натича нооромиҳои сиёси, ки тахминан 7-сол давом карданд, ҳазорҳо нафар одамони осоишта қурбон шуданд ва зиёда аз ним миллион нафар аз ватан фирор карданд. Ба иктисодиёти хароби хочагии халқ зарари калони молияви расонда шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222