Главная / Илм / ВАЗЪИЯТИ ҶАМЪИЯТИ-СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 20-30 ЮМ

ВАЗЪИЯТИ ҶАМЪИЯТИ-СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 20-30 ЮМ

Баъди ғалабаи инқилоб дар Осиёи Миёна Ҷумхурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва ЧХШ Бухоро ташкил ёфтанд. Дар ин ҷумҳуриҳо сермиллат точикон
47,74% ҳайати Ч.МШС Туркистон ва 52,3 % дар ҳайати ЧХШ Бухороро ташкил мекарданд.
Баъди ба амал омадани сохтори Шӯрави дар асоси барномаи миллии давлати Шӯрави (ҳуқуқи муайянкунии миллатҳо), зарурияти гузаронидани тақсимоти милли-марзи дар Осиёи Миёна ба амал омад.
Масъалаи гузаронидани тақсимоти милли-марзи ҳанӯз соли 1920 ба миён омада буд.
Аввалан дар байни роҳбарони аз марказ фиристода ва ҳайати роҳбарикунандаи ҳизби маҳали зиддият ба амал омад. Баъдан дар байни роҳбарияти Чумҳурии Туркистон кӯшиши чудошави аз ҳайати РСФСР ва ташкил кардани чумҳурии мустақил боло гирифт. 13 июн барои гузаронидани тақсимоти маркази қарори КМ РКП(б) қабул гардид. Қарор дода шуд, ки барои гузаронидани тақсимот зарур аст, ки харитаи этнографияи кишвар бо назардошти 3- халкият: узбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо тартиб дода шавад. Савол ба миён меояд, ки чаро точикон сокинони кадимтарин ва кисми зиёди аҳолии кишвар аз назари эътибор дур монданд.
Чунин муносибат нисбати халки точик аз тарафи роҳбарияти Чумхурии Бухоро низ амали мегашт. Масалан, мувофики қарори анчумани IV умумибухороии шӯроҳо ба халкдои туркман ва киргизу қазоқ дар бораи ташкил додани кумитаҳои ичроия ичозат дода шуд, лекин дар бораи халки точик ягон сухан намерафт.
Соли 1921 бо қарори КИМ шуроҳои Туркистон дар комисариати милли шӯъбаҳои ӯзбеки, туркмани ва киргизи амал мекарданд. Халқи точик бошад ба зер комиссияи майдамиллатҳои кишвар дохил карда шуд. Дар натичаи таъсир ва фаъолияти туркпарастон шӯъбаи точики ташкил дода нашуд, ки ин дар масъалаи тақсимоти милли-марзи таъсири манфи расонд.
Барои ба инобат нагирифтани манфиатҳои халки точик дар давраи гузаронидани тақсимоти милли-маъмури бисёр сабабҳо буданд. Роҳбарияти воломақоми давлати шӯрави аз таърихи халкдои Осиёи Миёна ва таърихи чандинасраи сокинони қадимтарини он халки точик, хуб огохи надоштанд. Бо сабабҳои номаълум дар вақти гузоридани тақсимот ба ин масъала эътибор надоданд. Эхтимол, гап дар сари он бошад, ки дар вақти тайёр намудани хуҷҷатҳои зарури дар ҳайати комиссия, ки ба он В.Куйбышев сарвари мекард, инчунин як гурӯҳ миллатгароёни турк аз қабили Т. Рискулов шомил буданд. Ин гурӯҳ аз тамоми воситаҳо истифода бурда, манфиатҳои точинро поймол мегардонданд.
Туркгарои баъди инкилоб бузургманишинии ӯзбекиро ба вучуд овард, ки бар зидди точикон нигаронида шуда буд.
Миллатгароёни пантуркист баъди инкилоб мансабҳои калони маъмури ва хизбро ба даст дароварда, сиёсати ошкоро бо роҳи зӯровари ӯзбек гардонидани точинро пеш гирифтанд. Дар байни намояндагони бонуфузи пантуркисти точин ҳам дучор меоянд, ки дар Туркия таҳсил карда буданд.
Қисме аз рушанфинкори точик дар зери акидаҳои туркгарои буданд ва худро ӯзбек эълон карданд. А.Муҳиддинов, А.Фитрат, А.Раҳимбоев, А.Ҳочибоев, Ф.Хучаев ва дигарон.
Онҳо чунин фикре пеш оварданд, ки забони форси барои мардуми Бухоро забони бегона аст. Ф. Хуча ва ҳамфикронаш мактабҳои точикро ба турки ва ӯзбеки гардонданд. А.Фитрат – нависандаи машҳури точик якбора ба турки гузашт ва дар идораҳои худ барои онҳое, ки ба точики гап мезаданд, чарима мукаррар намуд. (Масов Р. История топорного разделения.- Душанбе, Ирфон, 1991.- 192с.).
Махсусан, гуноҳи А.Раҳимбоев, ки сардори комиссияи кори тақсимоти маъмури буд, дар ҳуҷҷаташ худро «узбек» навишта, барои ташкил намудани Чумҳурии Точикистон ягон кӯшише накард.
Туркпарастон бовар кунонидани мешуданд, ки точикон қариб аст дар Осиёи Миёна дар арафаи омезиш бо халкҳои туркзабон ҳастанд, он рӯз дур нест, ки ин миллат тамоман аз байн равад. Дар рӯзномаи «Туркистон» чунин мақола чоп шуда буд, майли истифодаи ин забон (точики) маънои онро дорад: якум кӯшиш аз ҳаёт кафо мондан аст, чунки ҳаёт бо чараёнҳои таърих ба муқобили ӯст. Дуюм, қабули ин забон маънои онро дорад, ки қабули он на чизи фоиданок, балки бесамару зиёдатиро дорад. Барои ҳамин ҳам точикон бояд хоҳу нохоҳ ва хатман бе таъхир ба забони ӯзбеки гузаранд ва забони алоҳидаи точикиро талаб намуданд, чунин равандҳои ичтимои такдири онро аллакай ҳал кардааст.
Онҳо хакиқати таърихиро инкор мекарданд. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки кисми асосии аҳолии Бухоро ва Туркистонро точикон ташкил менамуданд ва забони точики забони байналмиллалии халкҳои Осиёи Миёна буд. Мувофики маълумоти соли 1913 точикон асосан дар аморати Бухоро мезистанд ва аз 3 миллион аҳолии он 70% ва ё 210 000 точикон буданд. Дар кишвари Туркистон 1300000 точик зиндаги мекард. Дар хар як давраи ба рӯйхатгирии аҳолии теъдоди тоҷикон қасдан кам карда мешуданд: Соли 1915 дар шаҳри Самарқанд 59901 нафар, соли 1917 ба 44758 нафар тоҷикон ба қайд гирифта шуданд. Мувофиқи ба рӯйхатгирии соли 1926, ки ҳукумати Узбекистон гузаронд шумораи ӯзбекон якбора ба 43304 нафар расида, тоҷикон то 10716 нафар кам шуданд.(Масов Р. История топорного разделения.- Душанбе, 1991.-С.49).
Дар натиҷаи чунин муносибат тоҷикон дар вазъияти ниҳоят душвор қарор доштанд. Зеро манфиати онҳоро қариб ҳеҷ кас ҳимоя намекарданд. Дар он солҳои такдирсоз ба ҳамаи халқҳо (миллатҳо) – и Осиёи Миёна ҳуқуқ дода шуд, ки комиссияи миллии худро таъсис дода, лоиҳаи манфиатҳои миллии худро пешниҳод намоянд. Аммо танҳо тоҷикон то миёнаи моҳи августи соли 1924 комиссияи миллие, надоштанд, ки худуд, усули давлатдори ва пойтахти давлатро муайян мекард.
Бояд қайд кард, ки дар он давраи тақдирсоз дар ҳайати роҳбарияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро шахсони мансабдор ва бонуфузи тоҷик хеле зиёд буданд. Лекин ин мансабдорон дар ботлоқи туркпарасти ва ӯзбекпарасти афтода, тоҷик будани худро инкор мекарданд. Масалан, Файзулло Хоҷаев, ки раиси Шӯрои нозирони халқи буд, тоҷиконро яке аз қабилаҳои турк номид, ки бо таъсири адабиёти классики форс забони худро гум карданд. у 25-уми феврали соли 1924 дар маърӯзаи худ дар маҷлиси васеи коммунистони Бухоро пешниҳод кард, ки шаҳри Бухоро бояд маркази 4,умҳурии Узбекистон қарор гирад. Вилояти мухтори Тоҷикистон бошад танҳо аз ҳисоби ноҳияҳои кӯҳии Мастчоҳ ва Қаротегин бунёд карда шавад. Ҳамин тариқ бо хиёнати Хоҷаев ва думравони ӯ Бухоро аз Тоҷикистон ҷудо шуд. Мутаасифона, он замон чунин хиёнатгарони миллат кам набуданд. Масалан, дигар тоҷики миллатфурӯш Абдулло Раҳимбоев, ки дар Чумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро вазифаҳои масъули ҳизбиро иҷро мекард, тарафдори он буд, ки ноҳияхои Уротеппа ва қисмати дигари шимолии Тоҷикистон низ ба Узбекистон дохил карда шавад. (Масов Р. История топорного разделения.- Душанбе, 1991.-С.49.).
Дар вақти муҳокимаи лоиҳаи тақсимоти худуди комиссияи точикон иштирок надоштанд. Танҳо 16-августи соли 1924 комиссия дар ҳайати се нафар. Абдураҳим Ҳочибоев (Раис), Чинор Имомов ва Саидчонов аъзоён ташкил шуд. Комиссия ҳамаги 5-рӯз мӯҳлат дошт. Илова аз он комиссия овози ҳалкунанда надошта, дар мачлисҳо ҳамчун машваратчи ширкат менамуд.
Комиссия аз сабаби камтачрибави, надоштани фурсат барои пурра нишос шудан бо хуҷҷатҳо, зиёд будани таъсири туркпарастон дар марказии тақсимот манфиати точиконро химоя кардан натавонист. Аз ин сабаб комиссияи ба номи «точики» дар лаҳзаҳои зарури аз рӯи нақшаи комиссияи ӯзбеки амал мекарданд. Ин мавқеъи комиссияи ӯзбекиро боз ҳам мустахкамтар намуд.
Дар бораи мавқеъи хиёнаткоронаи аъзоёни комиссия ба такдири халки точик чунин далелҳо шаҳодат медиҳанд. 21 августи соли 1924 дар чаласаи комиссияи тақсимоти милли- худудии Осиёи Миёна А. Ҳочибоев (раиси комиссия) аз номи комиссияи точикон сухан ронда, чунин изҳор дод: Точикони Бухорои арби ва аксари вилоятҳои Чумҳурии Мухтории Туркистон, аз ҷиҳати хочаги ва ҳам аз ҷиҳати идораи маъмури ба узбекҳо робитаи зич доранд. Дар масъалаи точикони Хучанд Ҳочибоев изҳор кард, ки точикони баъзе волостҳо Хучанд ба вилояти Точикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст. Аммо дар ин чо иртибот нест, танҳо рохдои пиёдагард вучуд доранд ва онҳо аз ҷиҳати тичорату иқтисод бо Узбекистон наздиктаранд. Мо чунин мешуморем, ки дар ҳайати Узбекистон мондан ҳатми аст. (Масов Р. История топорного разделения; Газетаи муаллимон.- 1989.- 14 янв.)
Аз сабаби ӯзбекпарасти ва аз манфиати кули халки точик дур будани комиссияи точики Узбекистонро ҳатто Узбекистони Бузург номиданд. Масалан, Имомов изҳор кард, ки ба ҳайати Узбекистони Бузург дохил шудани Вилояти Мухтори Точикистон гӯё аҳамияти иктисоди ва сиёси доштааст. (Масов Р. Асари номбаршуда.-С. 46).

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222