Дар охири асри XVIII ибтидои асри XIX ҳамоно дар таърихи халки точик парокандагии сиёси давом мекард. Халки точик дар байни давлатҳои феодалии Осиёи Миёна ва Афонистон тақсим шуда, дар ҳолати чудои ва парокандагии сиёси ҳаёти дахшатангез аз сар мегузаронд.
Точикон дар Афнистон кисми асосии аҳолиро ташкил дода, дар Кобул, Чалолобод, Кухисон, Панчшер, Ничру, Кунгра, Хост ва дигар шаҳрувилоятҳо зиндагй мекарданд.
Дар давлатҳои феодалии Осиёи Миёна (хонигариҳои Бухоро ва Куканд) точикон аҳолии асосии шаҳрҳо ва вилоятҳоро ташкил медоданд, дар музофотҳои кухии хонигариҳо танҳо точин истиқомат мекарданд.
Парокандагии сиёси феодали, ки дар таърихи халки точик аз озири асри Х , аз давраи парокада шудани давлати Сомониён сар шуд, дар нимаи дуюми асри XVIII боз ҳам вусъат ёфт. Маммадрахимби кушиши менамуд, ки Ҳисор, Кубодиён, Панчакент ва Уротеппаро ба зери тасарруфи худ дарорад. Дар давраи салтани амир Шохмурод ( ибтидом асри XIX ) низ чунин кушиш карда шуд. Вилоятҳои Хучанд ва Уротеппа мувақатан ба каламрави Бухоро дохил шуда, дар давраи минбаъда майдони муборизаи байни Бухоро ва Қуқанд гардиданд.
Вакте, ки мангитиён дар талоши ҳокимият ба муборизаҳои дохили банд буданд, шохи афон Ахмадшоҳ (1747 – 1773) дар нимаи асри XVIII (1750 – 1752) Балх, Адхой, Маймана, Ахча, Шибирхон, Қундузро, ки аксарияти аҳолии ин вилоятҳо точикон буданд ба тасарруфи худ даровард. Баъдтар Бадахшон ҳам тар тахти нуфузи сиёсии Афонистон карор гирифт. Даро асри XIX кисми зиёди заминҳои сохилҳои чапи дарёи Аму воқеъ гардида, ки точикон дар ин минтаҳа бартарият доштанд ба хайати давлати Афғонистон дохил гардид.
Барои нохияҳои Шимолии Точикистони имруза дар охири асри XVIII ва асри XIX дар байни Қуқанд ва Бухоро чангҳои тулони мерафтанд. Дар нимаи асри XIX районҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дар тасарруфи Қуқанд муборизаи шадид мебурданд. Танҳо дар муддати 50 – 60 сол Уротеппа зиёда аз 40 дафъа тохтутози амирону хонҳоро аз сар гузаронида, 23 маротиба ҳокимонаш иваз шуданд.
Дар нимаи аввали асри XIX ноҳияҳои маркази, чануби ва Шаркии Точикистони ҳозира мулкҳои мустакил буда, аз тарафи ҳокимони чудогонаи феодали идора карда мешуданд. Вилоятҳои саргахи дарёи Аму аз ҳокимияти Бухоро руй гардонида, ба ҳокимигариҳои мусткил Рушон, Шугнон ва Вахон тақсим шуда буданд. Бадахшон мустакил буда, мулкҳои феодалии Каротегину Дарвоз дар зери итоати мири Дарвоз мутахид шуданд. Ҳисору Кулоб низ мустакил буданд, аммо дар охири нимаи якуми асри XIX муносибатҳои байни онҳо тезу тунд гардид.
Аз солҳои 60 уми асри XIX парокандагии сиёсии халки точик дар натичаи истилои Россияи подшохи дар Осиёи Миёна боз ҳам пуркувваттар гардид.
Дар ноҳияҳои точикнишин дар баробари халки точик боз бисёр авлоду кабилаҳои туркзабон зиндаги мекарданд. Аз сари XVIII сар карда дар ноҳияҳои маркази ва чанубии Точикистон кабилаҳои турк, кунгурот, юз, марка, барлос, карлук, лақай, Қатаони узбек баъди точикон аз чиҳати шумораи аҳолии чои дуюмро мегирифтанд. Дар Қаротегин, Ҳисор ва Помири Шарки баъзе аз қабилаҳои киргиз сукунат доштанд. Дар водии Вахт дар нимаи асри XVIII аз Чорчуй бодиянишинони туркман кучида омаданд. Дар ҳар ду хонигарии забони точики забони давлати буд. Тамоми коргузори ба забони точики ичро карда мешуд.
Хони охирини Чониён Абдулфайзхон аз сабаби айшу тараби бепоён машғул шуданаш аз ухдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ин буд , ки кори давлат ру ба инкироз ниҳод ҳар касс тамъаи сардори, ҳар фард арази роҳбари дошт.
Дар чунин вазъияти бесарусомон тохтутози ачнабиён ба мулкҳои Мовароуннаҳр сар шуд. Масалан: бодиянишинон дар зарфи солҳои 1723 – 1730 водии Зарафшонро ба
харобазор табдил доданд. Шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор дар соли 1740 аз роҳи Балх ва Чорчуй ба Мовароуннаҳр дохил шуд.
Дар чунин вазъият табақаи ашрофи қабилаи мангит имтиёзи зиёд пайдо карда, ҳокимияти хониро торафт бештар ба эътибор намегирифт. Нодиршоҳ аз ин ваэъият моҳирона истифода бурда, барои пурзурии худ шароит муҳайё намуд. Дар ин кор асосгузорони давлати ояндаи манғитиёни Бухоро – Муҳаммадҳаким атолик ва писараш Муҳаммадраҳим ба Нодиршоҳ кумак мерасонданд. Муҳаммадҳаким, ки аз тарафи хони Чониён Абдулфайзхон барои гуфтушунид ба назди Нодиршоҳ фиристода шуда буд, пас аз боз гашт бо ёрии у ҳукмрони Бухоро таъин гашт.
Пас аз вафоти Муҳаммадҳакимбии атолик писари у Муҳаммадраҳимби ба кушуни пуркувват такя карда, исёни амирони мухолифро бартараф намуд ва дар дарбор мавқеи худро мустаҳкам намуд. Боҳамин барои иваз шудани сулолаи ҳоким шароити мусоид фароҳам расиб.
Манғитиёни Бухоро аз давраи авали салтанати худ запт намудани вилоятҳои Маркази ва Чанубу Шаркии Точикистони имрузаро мақсади асоси карор доданд. Ниҳоят бо кумаки Руссияи подшоҳи дар охири асри XIX ба мақсад ноил гаштанд.
Главная / Илм / Вазъияти иқтисоди – иҷтимоии ноҳияҳои Чануби Шарки ва Марказии Тикистон то истилои Аморати Бухоро. Таърихи сиёси. Чойгиршавии халқи тоҷик.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …