Ҳукумати подшоҳи муваффақ шуд, ки аввалин
инкилоби русро пахш намуда, мувакқатан дастболо шавад. Аммо Ҳукумат зиддияти оштинопазири чамъиятиро, ки пояи сиёсии империяи Руссияи подшоҳиро суст мегардонд ва сабабгори инкилоб буд, бартараф карда натавонист. Ин зиддият боиси хуручи нави инкилоби гардида, аз соли 1910 дар тамоми қаламрави давлати Россия сар шуд. Дар Осиёи Миёна низ мавчи ҳаракати инкилоби огоз гардид.
Дар даҳсолаи аввали асри ХХ капитали монополистии Россия таъсири худро дар Осиёи Миёна торафт зиёд мекард. Ноҳияҳои Точикистон барои саноати Россия чун манбаи ашёи хом хизмат мекарданд. Капитали рус барои тарақки додани соҳаи хочагии қишлоқ, ки барои пешрафти саноатии рус мувофиқ гардонда шуда буд, мусоидат менамуд.
Капитали бонкии рус ба иктисодиёти ноҳияҳои Шимолии Точикистон сар дароварда, ба табақаҳо чудошавии дехдононро тезонд. Аксарияти дехдонони хонавайрон ба сафи коргарон, ки кувваи арзони коргари буданд, дохил мешуданд.
Бонкҳо дар баробари маҳсулоти пахта маҳсулоти дехқони ва чорводориро ҳам ба зери назорати худ гирифтанд. Масалан, дар вилояти Самарқанд (уезди Хучанд ба ҳайати он дохил мешуд) барои пахтакори 30%, барои маҳсулоти бофандаги (мануфактура) 10%, барои меваи хушк 15%, барои ғалладона ва орд 5%, барои дигар маҳсулотҳо 35% маблағи қарздихи бонкҳо чудо карда буданд. (История таджикского народа.- Т.2. кн.2.- С.231).
Иктисодиёти Осиёи Миёнаро асосан бонкҳо ва ширкатҳои бонкҳои тичорати «Муттахида», «Волга -Кама», «Руссу Осиёги», «Руси» ва бонкҳои дигар дар зери назорати худ гирифта буданд. Аксарияти бонкҳо на танҳо ба ширкатҳои пахта пул қарз медоданд, балки хонаҳову тичорат, савдои дошта, аксияҳои зиёдро нигоҳ медоштанд.
Бонкҳои хусуси ва давлати ба воситаи шахсони алохида агентҳо ва миссионерҳо ба истеҳсолкунандагони пахта алоқа мекарданд. Дар натича истеҳсолкунавдаони хурду миёна аз бонкҳо карздор шуда, хонахароб мешуданд. Масалан, то 1- уми ноябри соли 1912 аҳолии Туркистон аз бонки давлати ба маблағи 27530 сӯм, аз бонкҳои хусуси 129182 сӯм қарздор буданд. ( История таджикского народа.т.2.кн.2,-с.232).
Ҳамин тариқ, капитали рус ба иктисодиёти Туркистон сар дароварда, истеҳсолкунандагонро бевосита ба тобеияти худ дароварданд.
Аз ибтидои асри ХХ капитали рус аз болои иктисодиёти аморати Бухоро ҳам назорат менамуд. То соли 1915 дар маркази Бухоро, айр аз шуъбаи бонки давлати, боз шуъбаи ҳафт бонки хусуси кушода шуданд. Ба онхо шуъбаи бонкҳои Руси-Шарки, Руси савдои Шарқ, Азови-Дони ва айраҳо шомил буданд. Бисёрии ин бонкҳо ба капитали хоричи, аз чумла, фаронсави ва немиси алоқа доштанд.
Соли 1913 дар Бухоро дар қаламрави аморат 25-заводи пахтатозакуни кор мекарданд. Аз чумла, 19-тои онҳо ба буржуазияи рус, 3-тои онҳо ба амири Бухоро ва 3-тои бокимонда ба савдогарони Бухоро мансуб буданд.
Савдои хоричии Бухоро ба воситаи Россия гузаронида мешуд. Масалан, солҳои 1911-1913 аз 75 млн. суми савдои хоричии Бухоро 89% ба саҳми Россия рост омад. (История таджикского народа.- Т.2.- С.234).
Аз Россия ба Бухоро молҳои саноатии зарури ва гандум оварда мешуданд. Аз Бухоро ба Россия пахта ва пусти каролкули бурда мешуданд.
Бухорои Шарки дар ҳаёти иктисодии аморат мавқеъи муайян дошт. Дар ин чо кишти пахта сол то сол зиёд мешуд. Имкониятҳои иктисодии Бухорои Шаркиро ба назар гирифта, савдогарон ва капиталистони рус сохтмони рохи оҳанро то Ҳисор ба миён гузоштанд, лекин ин икдом амали нагашт. Бухорои Шарки дар баробари пахтакори базаи асосии зироати алладона буд. Умуман, аз Бухорои Шарки ба Россия пахта, загир, кунчид, гандум, чорво, чарм, пусти рӯбоҳ, шаол, хирс, писта, чормагз, матоъҳои абрешими бароварда мешуданд.
Буржуазияи рус барои дар Бухорои Шарки ташкил кардани базаи асосии пахта кушиш мекарданд, ки бо ин усули консепсияҳои худ заминҳои корамро сохиб шавад.
Барои консепсия заминҳои дашти Қарши, Шуробод, Кургонтеппа ва Қубодиён мувофиқ дониста шуданд. Соли 1908 барои омухтани имконияти оббёри кардани заминҳои води Амударё комитети биржавии Москва экспедицияи махсус фиристод.
Солҳои 1912-1913 бо дастгирии бевоситаи саризми рус намояндагони чудогонаи буржуазияи рус ва помешикон бо амири Бухоро шартномаҳо имзо карданд. Мувофики ин шартнома 300 ҳазор га. замин ба консепсияҳои рус гузашт. Мувофиқи шартнома соҳибони консепсия ҳуқуқ доштанд, заминҳои деҳқононро кашида гиранд ва онҳоро аз ҳудуди консепсияҳо ронанд. Дар консепсияҳо асосан деҳқонони безамин ва камзамин кор мекарданд. Саршавии чанги чаҳони амалиёти консепсиядоронро суст кард.
Главная / Илм / ВАЗЪИЯТИ ИҚТИСОДИИ САРЗАМИНИ ТОДИКОН ДАР АРАФАИ ИНЦИИОББ БУРЖУАЗИ- ДЕМОКРАТИИ ФЕВРАЛИ
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …