Главная / Илм / ВОЗЕҲ

ВОЗЕҲ

Кори Раҳматуллои Возеҳ соли 1818 дар Бухоро дар оилаи муллои камбағал таваллуд шудааст. Баъди маълумоти ибтидои Возеҳ чанд сол дар мактаби қориги (аз ёд кардани Куръон) таҳсил карда, дар зарфи чанд сол ин илмро ба хуби аз худ мекунад.
Лақаби «Қори», ки пеш аз номи вай омадааст, бо ҳамин сабаб ба вай дода шудааст.
Возеҳ баъди хатми мактаб бо ин рутбаи «Қори» қаноат накард. Зеро дар маросиму маракаҳо Қуръон хондан, ба Возеҳ нафорид ва аз ин сабаб ин корро тарк намуда, барои давом додани таҳсил ба мадраса дохил шуд.
Солҳои таҳсил дар мадараса падари Возеҳ вафот мекунаду аҳволи зиндагии ӯ боз ҳам вазнинтар мешавад. Бо вуҷуди он, шоир аз хондан даст намекашад. Возеҳ аз кӯдаки хатти зебо дошт. Дар он замон хушнависон асарҳои шоиру нависандагони гузашта ва муосири худро дар ҷилдҳои муҳаллову мутало (зарҳалу зардор) менавиштанд ва дӯстдорони шеъру адаб ин китобҳоро бо пули накд мехариданд. Хушнависон аз хисоби ин пули накд зиндаги менамуданд.
Возеҳ дар солҳои таҳсили мадраса барои таъмини зиндагии худ ва оилаи бепарастор мондааш ба хаттоти (яъне рӯбардор намудани китобу рисолаҳо) машгул шуд ва ин касб то охири умраш як манбаи даромади рӯзгори вай гардид.
Возеҳ дар вакти таҳсил фақат бо омӯхтани илмҳои динии он замон, қаноат накарда, ба худомӯзии илмҳои табии, таърих ва адабиёт машғул мешавад.
Тахминан дар солҳои 1845-46 Возеҳ мадрасаро хатм мекунад. Аммо он илму донише, ки қариб дар зарфи бист сол ҳосил карда буд, ба вай ҳеҷ манфиате набахшид. Вай дараҷаи мударриси (яъне дар мадрасаҳо дарс додан) дошт, аммо ӯро дар ягон мадраса ва идораи давлати ба кор қабул накарданд.
Ба ҳамин тариқа, Возеҳ дар як вазъияти сахти зиндаги монд. Дар ин вазъияти танг боз ҳамон ҳунари хушнависи ба кор омад: вай китобу рисолаҳоро барои одамони пулдор китобат мекарду ба ҳамин даромад умр ба сар мебурд.
Дар аввалҳои солҳои панҷоҳум Возеҳ ба воситаи шахсе, ба Кармина омада, ба хидмати Музаффар, писари амири он вакта Насрулло дохил мешавад. Вазифаи Возеҳ ҳамеша дар сӯҳбати амирзода ҳозир будан ва барои ӯ шеър навиштан буд. Ин хидмат барои Возеҳ мушкил бошад ҳам, аз тарси хашму ғазаби амирзода вай чанд муддат онро ба зима гирифт. Аммо дар суҳбати як амирзодаи бесаводу ҷоҳил нишастан ва ӯро мадҳу ситоиш кардан барои Возеҳ хеле гарон ва азоби рӯҳие буд. Вай дар ин зиндони маънави бисёр тоқат карда натавониста, соли 1858 ба як баҳонае хизмати амирзодаро тарк карда, ба Бухоро баргашт.
Ин густохии Возеҳ амирзода Музафарро хеле хашмгин кард. Музаффар баъди вафоти падараш Насрулло соли 1860 ба тахт нишаст, аз рӯи кинаву адовати пештара аз Возеҳ интиқом гирифтанро сар кард. Аввал рафтани Возеҳро ба мадраса, мирзохонаҳои қозиёну муфтиён манъ кард. Ин муносибати амир Музаффарро дида бисёр шахсон бо Возеҳ рафту омад намекарданд. Худи Возеҳ ба пеши дӯстонаш, (аз тарси он ки ба онҳо ягон гапе нарасад), пинҳони мерафт. Ин таъқиботи амир ба Возеҳ то андозае хатари чон дошт. Бинобар ин Возеҳ ба машварати дӯстонаш барои аз азаби аблаҳонаи амир халос шудан аз рӯи зарурат шеъре навишта дар он, аз «гуноҳу хатоҳои» худ тавба мекунад:
Ба ҳақи тавбаи Одам, ба хақи тавбаи Нӯҳ, Ки кардам зи хатоҳои худ ҳамон тавба, Ҳамеша роҳи ризоят надида намеравам, В-аз он ки нест қабулат, кунам аз он тавба.
Ғайр аз ин, Возеҳ, ба амир Музаффар баъзе қасидаву ғазалҳо низ мефиристод. Ин иқдоми шоир ҳарчанд ӯро ба марҳаматию илтифоти амир наздик накарда бошад ҳам, аммо аз таъқибот халос кард. Шоир имконият пайдо кард, ки дар зарфи чандин сол дар бораи шоирону нависандагони муосир маълумот чамъ намуда, китобе таълиф кунад.
Вай дар охири солҳои шастум ин асарро ба охир расонда, онро «Туҳфат-ул-аҳбоб фи тазкират – ул – асҳоб» (Тӯҳфаи дӯстон аз зикри ёрон) номид. Дар ин асар тарчумаи ҳол ва намунаи ашъори бештар аз 145 шоиру нависандагоне, ки дар Бухорою Самарқанд, Хучанд ва дигар марказҳои адабии Осиёи Миёна зиндаги мекардааст. Чанде аз шоирони Эрону Афгонистон низ ба ин тазкира дохил гардидааст. Пас аз тазкираи Малеҳо, ки аз таълифи он зиёда аз дусад сол гузашта буд, Возеҳ таърихи адабиёти точикро аз нав зинда кард.
Возеҳ айр аз таълифи тазкира ва чанд рисолаи илми, ба сурудани азалу касида низ машгул буд.
Мазмуни бисёр азалҳои Возеҳ аз яъсу навмеди ва шикоят аз бевафоии давру «абнои» рӯзгор иборат аст. Аз ин рӯ хулоса менамоем, ки рӯзгори шоир хеле сангин будааст.
Соли 1885 амир Абдулаҳад ба тахт менишинад. Аз ин воқеа соле нагузашта, (баҳорони соли 1886) Возеҳ ба зиёрати шахрҳои мукаддаси Арабистон- Маккаву Мадина мебарояд. Шоир дар аснои сафар бо ҳаёт ва шароити зиндагонии мамлакатҳои гуногун шинос мегардад. Ин сафари Возеҳ кариб як сол тӯл кашид. Возеҳ дар тӯли сафар бисёр шаҳрҳои саноативу мадании чаҳонро мебинад ва бо корхонаҳои саноати, осори илмию мадании халкдои гуногун шинос мешавад.
Возеҳ пас аз бозгашт ба Бухоро мехост, ки ҳамдиёронашро аз воқеаҳои ибратангези сафари хеш вокиф намояд. Вай бовари дошт, ки сафарномааш мисли ҳикҳои Ахмади Дониш мардуми афлатзадаи Бухороро ба сӯи илму маърифат мекашад. Шоир дар як муддати кӯтоҳ, ин асарашро навишта, соли 1887 онро ба охир мерасонад. Возеҳ аз рӯи мазмуну мундарича ба ин асар ду ном гузошта буд. Яке «Сановех-масолик ва фаросих – ул – мамолик», яъне «Воқеаҳои роҳ ва масофаҳои байни мамлакатҳо», дигаре «Ғароиб-ул-хабар фи ачиб –с – сафар», яъне «Ҳикоятҳои ариб аз ачоиботи сафар». Чунон ки мебинем, мақсади Возеҳ аз ин китоб на тавсифи зиёрати Маккаву Мадина, балки шинос намудани мардуми Бухоро бо ҳаёту зиндагии кишварҳои таравдикардаи дунё мебошад.
Возеҳ барои он ки асараш аз тарафи ҳаводорони хушомадгуи амир ба таъкиб дучор нашавад, дар муққадимаи он амир Абдулаҳадро таъриф карда, асарашро ба вай бахшид. Аммо амир ва дарбориён диданд, ки мақсади шоир аз таълифи ин аср ба амир хушомад гуфтан нест, балки дар байни халқ пасмондагонию чаҳолати хукуматро фош кардан аст. Асари Возеҳ дар байни аҳли пешқадами илму адаб зуд шухрат пайдо кард ва шахсони закиву фаросатманд мақсади муаллиф пай бурданд.
Ин ҳолат нафрат ва адовати амир ва атрофиёни ӯро нисбат ба Возеҳ аз нав барангезонид. Возехро ба «ношукри» нисбат ба амир «куфру кофири» ва айбҳои дигар мутаххам мекарданд. Вазъи зиндагии нависанда боз ҳам бадтар гардид. Аз эхтимол дур нест, ки бисёр шеърҳои шикоятомези шоир дар ҳамин солҳо навишта шуда бошанд. Чунончи, ӯ дар яке аз шеърҳояш менависад:
Ман ки аз ташвиши даврон хотирам зери ғам аст, Рӯзи идам дар назар монанди шоми мотам аст.
Карда ғамҳои чаҳон чо дар дили ношоди ман,
Лочарам чуз ман ба олам ҳар ки бини, хуррам аст,
Аз камбағалию муфлиси ва душвориҳои зиндаги Возеҳ то пиронсоли хонадор шуда натавонист. Ва дар аёми пири хонадор шуда, сохиби чанд фарзанд гардид. Возеҳ дар муфлиси соли 1893 дар Бухоро вафот кард.
Возеҳ нависанда ва шоири пурмаҳсули замони худ буд. Вай ба забонҳои точики, араби ва ӯзбеки шеър гуфтааст. Чунонки муосиронаш менависанд, ӯ бо се забон девони ашъораш ҳам тартиб дода будааст. Аммо ҳоло ҳеч яке ин девонҳо ба мо дастрас нагардиданд. Шеърҳои точикии ӯ дар бисёр баёзҳову тазкираҳо ва маҷмӯаҳои дигар сабт гардидаанд, ки шумораи умумии онҳо такрибан 2000 байтро ташкил медиҳанд. Мавзӯи асосии азалиёт ва шеърҳои лирики шоир, аз оҳангҳои эътирози нисбат ба беадолатиҳои сохти чамъиятии он давр, тараннуми ишқ ва зиндагии тоқатфарсои хеш иборат аст. Мероси лирикии Возеҳ дар назми он давра аз ҷиҳати ояҳои пешқадам ва содагии забону услуб мақоми шоистае дорад.
Аммо ояҳои пешқадами ичтимои ва афкори
маорифпарварии Возеҳ дар «Сановеҳ – ул – масолик» тачассуум ёфтаанд. Ин асар киммати махсуси таърихи дошта, яке аз бехтарин дурдонаҳои илмию адабии он давра башумор меравад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222