Главная / Илм / Зардуштия – дини Тоҷикон ва Эрониён

Зардуштия – дини Тоҷикон ва Эрониён

Зардуштия аз маъруфтарин дини бостонии халқҳои тоҷику эронӣ мебошад. Ин дин ба номи асосгузораш Зардушт номгузорӣ шудааст. Он ба хато бо номи дини маҷусӣ ва муғон, низ дар адабиётҳои юнониву исломӣ омадааст. Дини Зардуштӣ аз лиҳози пайдоиш ва доманаи густариш ба гурӯҳи динҳои миллию давлатии ҳавзаи тамаддуни ориёӣ тааллуқ дошта, аз лиҳози даъват ба худо ва илоҳиёт ба дини тавҳидии ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Чунки аз назари эътиқод ба худо зардуштия дар ибтидо яктопарастӣ буда аст ва худованди вай худои ҳамаи оламиён. Ҳарчанд дар замонҳои баъдӣ то санавият (дутопарасти)-и ва дар давраи сосониён то бисёрхудоӣ ва бутпарастӣ таназзул карда аст.

zardushtЗардушт қадимтарин мутафаккири шинохтаи Эрони бостон аст. Ӯ аз деҳқонзодагони ориёӣ буда, падараш Пурушасб аз хонадони Спитоман ва модараш Дағдувия мебошад. Номи Зардушт дар асл Заратуштра (дар заб. аврупоӣ- Зороастра) аз калимаи мураккаби ориёии кӯҳан буда, аз ду калима: «зара» ба маънии «доро» ё баъзе «зард» тарҷума кардаанд, дуввумин «уштара» ба маънои «шутур», яъне «соҳибуштур», «уштурбон» ё «зардуштур» аст.

Замони зуҳури ӯро муаррихон ба замони салтанати Гуштосб (ё Виштасб) яке аз шоҳони силсилаи каёнӣ- пури Луҳросб номида. Аммо таърих ва маҳалли таваллуди Зардушт аниқ нест. Як гурӯҳ олимон таърихи таваллуди Зардуштро ҳудуди соли 660 (асри VII т.м.), гуруҳи дигар ҳудуди солҳои 1500 – 1000 (байни асрҳои XV то X т.м.) тахмин мекунанД.

Маҳалли таваллуди Зардушт низ мавриди ихтилоф аст. Баъзе гӯянд дар шаҳри Рай, баъзе дар ноҳияи Мод ( Озарбойҷон)шимолу ғарбии Эрон, баъзе дар Хоразм ва баъзеи дигар дар Бохтар ба дунё омадааст. Аммо аниқ аст, ки ӯ даъват ба дини худро дар шарқи Эрон ( Бохтар) оғоз кардааст.

Ривоятҳои бостонӣ ба он далолат мекунанд, ки Зардушт вақти таваллуд бар хилофи одати кӯдакон механдид. Зардушт дар понздаҳсолагӣ назди омӯзгоре таълим гирифта ва аз дасти ӯ “куштӣ” \ камарбанди хосаи зардуштиён\-ро дарёфт кардааст. Аз синни навҷавонӣ бо хулқу хӯи хуб буд. Нисбат ба пирону солхӯрдагон ҳурмату ёрӣ, нисбат ба ҷонварон раҳму шафқат доштааст. Чун синнаш ба бист мерасад, тарки хонавода карда, ба мақсади ёфтани ҳақикати рӯҳонӣ, ба ҷустуҷӯ мебарояд ва дарвеширо пеш мегирад.

Дар сисолагӣ ба Зардушт чандин каромат ва мӯъҷизоте даст медиҳад. Муҳимтарин ҳодисае, ки ба Зардушт даст дод, чунин буд. Ногаҳон хаёли шабаҳе, ки қоматбаланд буд, дар баробари назараш намоён мегардад, ки онро фариштаи “Ваҳумана” /Баҳман/, яъне пиндори нек ном додаанд, ки ҳамтои Ҷабраил дар ислом аст. Он фаришта ба ӯ гмефармояд,ки омода бошад то бо ӯ боло рафта, дар пешгоҳи даргоҳи “Аҳуромаздо”- Худои Ҳаким ҳузур ёбад. Вай чунин мекунад. Чун Зардушт

дар он анҷумани осмонӣ ва ҷойгоҳи барин дарун омад, сояи ӯ маҳв гардид, зеро партави тобиши фариштагон ва шуоҳои дурахшони арвоҳи улвӣ вуҷуди ӯро чунон ғарқи нур сохта буданд, ки сояе аз ӯ боқӣ намонда буд. Пас Аҳурамаздо ба ӯ таълим дод ва ӯро ба пайғамбарӣ баргузид ва фармуд, ки ҳақиқат, аҳком ва таълиму таклифҳои илоҳии ӯро ба оламиён расонад.

Зардуш дар Авасто дар бораи рисолати худ чунин мегӯяд:

“ Вақте ки “Ваҳмана”, “Пиндори нек” назди ман омад ва аз ман пурсиш кард, кистӣ ва ба кӣ вобастаӣ? Ва нишони ту дар ин рӯзгор чист? Ман бар ӯ гуфтам: “Ман Зардушт душмани дурӯғ, ки то ғояти тавоноии вуҷуд бо дурӯғ набард мекунам ва пуштибони нерӯманди ростгӯёнам ва саранҷом ба олами бе поён хоҳам расид ва дар он ҷо Туро эй Маздо ситоиш хоҳам кард ва нағмаҳо ба ёди Ту хоҳам суруд. /А.:Яс.Ҳот.43:8/

Туро эй равони пок ва муқаддас, Туро эй Аҳуромаздо меситоям, ҳангоме ки Ваҳман /пиндори нек/ назди ман омад ва аз ман суол фармуд: « Оҳанги чӣ кор дорӣ?» Дар посух гуфтам : « Ҳурмат ва ситоиши оташи Ту оҳанги ман аст ва то тобу тавон дорам дар тариқи Ҳақ кӯшиш мекунам, ростиро ба ман нишон деҳ то ӯро биталабам!»

Хулоса, пас аз он макошифа ва касби мақоми пайғамбарӣ, мувофиқи ривоятҳо, Зардушт бедаранг ба таълиму тарғиби мардум ба дини беҳин иқдом мекунад. Вале дар ибтидо касе ба суханони ӯ эътиборе намедод, пайваста аз мардум ва рӯзгор ҷафо ва озор медид. Таълимоти Зардушт ба мухолифати сахти муғон (рӯҳониёни оини оташпарастӣ) дучор мешавад. Ӯ барои интишори таълимоти худ ба дарбори шоҳ Гуштасп (дар Авасто- Виштасп) роҳ меёбад, пас аз озмоиш ва мубоҳисаҳои илмию мазҳабӣ таваҷҷӯҳи шоҳро ба худ ҷалб мекунад, вале дере нагузашта бо иғвои онҳо Зардушт ба зиндон меафтад.

Ҳангоми дар зиндон будани Зардушт яке аз аспҳои дӯстдоштаи шоҳ сахт касал мешавад. Табибон аз табобати он оҷиз мемонанд. Зардушт бо истифода аз илмҳое, ки дар ҷавонӣ омӯхта буд, тавонист он аспро табобат кунад. Баъд аз ин ки дасисаҳову иғвои душманонаш ошкор мегардад, шоҳ ба ӯ аз нав иродатманд мегардад, дар ин байн шаҳбону низ дини Зардуштро қабул мекунад.

Пас аз ин дини зардуштӣ- «дини биҳин» бо дастгирии шоҳ Гуштасп дар қаламрави Эрону Турон гоҳ бо зӯри шамшер, гоҳ аз тариқи тарғибу ташвиқ интишор меёбад. Тибқи ахбори «Шоҳнома» Гуштасп дини Зардуштро ба воситаи Исфандиёр дар Эрону Тӯрон паҳн мекунад. Фирдавсии ҳаким зуҳури Зардуштро чунин тавсиф кардааст:

« Яке пир пеш омадаст сар-сарӣ,

Ба Эрон ба даъвии пайғамбарӣ,

Ҳаме гӯяд аз осмон омадам,

Зи назди Худои ҷаҳон омадам. Худовандро дидам андар биҳишт,

Мар ин Занду Усто ҳамӯнавишт. ..»[1]

Зардушт пас аз интишору ривоҷу равнақи дини худ боз бист сол умр дидааст. Дар ин муддат ду ҷанги калоне байни Эрону Тӯрон шудааст ва аз рӯи ривоятҳо Зардушт дар охирин ҷанг, дар баробари меҳроби оташкадаи Балх аз дасти тӯроние ба қатл мерасад. Дар он ҳангом ӯ ҳафтоду ҳафт сол доштааст.

Авесто – сарчашмаи асосии Зардуштия. Зардуштия аз ҷумлаи динҳои соҳибкитоб мебошад. Авесто китоби муқаддаси зардуштиён ва гузашта аз ин қадимтарин ёдгории таърихӣ ва сарчашмаи хаттӣ – адабӣ, фалсафӣ ва динии халқҳои эронинажод мебошад. Нусхаи аслии Авесто то ба мо омада нарасидааст. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ ва таҳқиқоти олимон авалин бор Авесторо Гуштосп ё Доро дар ду нусха бар рӯи 120 ҳазор пӯсти гов ба ранги тиллоӣ навиштааст. Як нусхаи онро дар оташкадаи Гундишопикон ва нусхаи дигарашро дар Истахр пойтахти Эрон гузоштааст. Вақте ки Искандари Макдунӣ сарзамини Эрону Мовароуннаҳрро тасарруф мекунад, қасри шоҳ, аз ҷумла китобхонаи Истахрро низ оташ мезананд. Нусхаи дар Гундишопикон будаи Авесторо Искандар гирифта, амр кардааст, ки қисматҳои марбут ба тиббу нуҷумро ба юнонӣ тарҷума карда, бақияи онро нобуд созанд.

Умуман Авестои дорои ҳазор ( 1000) фасл ва аз 21 наск (рисола) будааст. Аз қавли Плиний-донишманди румӣ Зардушт маҷмӯан 2 000 000 байт сурудааст. Авастои давраи ҳахоманишӣ 815 фасл дошта. Дар давраи сосониён, порчаҳои парокандаи Авесторо ҷаъмоварӣ карданд, ки он фақат 348 фасл шуда, ки онро низ ба 21 наск тақсим кардаанд. Аз 350 ҳ. калимаи Авесто то ба мо ҳамаги 85 ҳ. калима омада расидааст, ки ҳамагӣ шомили 21 наск буда, 5 китоб – Ясно, Виспарат, Вандидод Яштҳо, ва Хурд Авесторо дар бар мегирад . Қисмати аз ҳама қадимтарини Авесто Готҳо мебошад, ки 17 боби Ясноро дар бар мегиранд.

[1]   Ниг. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома.-Ҷ.6. Душанбе:- «Адиб».1989.- С.88.-ва83-115.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222