Главная / Илм / Заруратҳо ва ниёзҳо дар аснои эътикоф

Заруратҳо ва ниёзҳо дар аснои эътикоф

Ниёзҳо ва заруратҳое, ки шахси эътикофнишаста метавонад ба-
рои онҳо аз ҷои эътикофаш берун ояд, бар се кисманд. Дар ду кисми
аввал эътикоф фосид намегардад, вале дар кисми сеюмаш эътикоф фо-
сид мешавад.
1. Табии, ба монанди: а) казои ҳочат рафтан; б) омода намудани
хурду хурок, дар сурате ки касе набошад, ки дар ин кор ба ӯ кумак
намояд.
Корҳои зерин низ аз чумлаи ниёзҳои табиии шахси муътакиф бу-
да, анҷом додани онҳо дар масҷид барояш чоиз мебошад:
Хурдану нушидан, 2. хоб рафтан, 3. шона ва тоза кардани мӯи сар
ва риш, 4. бо мардум сӯҳбатҳои шаръи кардан, 5. иваз кардани либос-
ҳо ва атру хушбӯӣ задан, 6. агар бемор гардад, худро муолиҷа наму-
дан, 7. таълим гирифтан ва таълим додани Куръон ва дигар илмҳои шар-
ъй, 8. шустан ва духтани либосҳои чиркингашта ва дарида, 9. хориҷ
шудани бод аз шикам дар ҳолати зарурй ва дигар ниёзҳои бадан.
Ҳамчунин шахси муътакиф метавонад барои азон гуфтан аз мас-
ҷид берун барояд ва пас аз азон фавран ба масҷид баргардад, хоҳ дар
он масҷид муаззини расмй бошад, хоҳ не.
2. Шаръи, ба монанди ба ҷо овардани намози ҷумъа ва намози
идайн, ҳамчунин барои анҷом додани ғусли чанобат. Агар дар дохили
масҷид имконоти ғусл гирифтан мавҷуд набошад, метавонад ба беру-
ни масҷид барояд ва дар ғуслгоҳ ғусл намояд, агар дар атрофи масҷид
низ ғуслгоҳ ва ё имконоти ғусл намудан мавҷуд набошад, метавонад
ба хонааш биравад ва пас аз ғусл фавран ба масҷид баргардад. Барои
вузу низ метавонад аз масҷид хориҷ шавад ва собуну сарчок ва асбоби
дандоншуияшро ба ҳамроҳ бигирад. Вале агар барои ғусли муста-
ҳабй ва суннатй, ба монанди ғусли рузи ҷумъа аз масҷид хориҷ шавад,
эътикофаш фосид мегардад.
3. Зарурй, ба монанди наҷот додани ғаркшаванда, хомуш кардани
сухтор, тарси фуру рафтани сакфи боми масҷид ва ғайра. Тарк наму-
дани ҷои эътикоф ба сабаби пешомадҳое, ки аҳёнан (гоҳе) вокеъ ме-
шаванд, ба монанди ҳодисаҳои мазкур бар хилофи мароми эътикоф
мебошад ва эътикофро фосид мегардонад. Дар тамоми ин ҳолатҳо хо-
риҷ шудан аз эътикоф гуноҳ нест, балки барои наҷот ва нигавдории
чони худ ва дигарон лозим аст, аммо эътикоф фосид мешавад. Ҳамчу-
нин, бо аёдати бемор ва ҳузур дар маросими чаноза ва ира эътикоф
фосид мешавад, вале гунахгор намегардад.
Пас аз бароварда сохтани заруратҳо ва ниёзҳои ду навъи аввал
шахси эътикофнишаста бояд фавран ба ҷои эътикофаш баргардад.
– Агар имоми панҷвактае эътикофро дар масҷиди ҷомеъ (ҷумъа-
хонй) гузаронад, он бо карохият чоиз мешавад. Зеро кавмаш бе имом
мемонанд.
– Агар аз рӯи фаромушй ҷои эътикофашро тарк намояд, эътико-
фаш фосид мегардад.
Аммо агар шахси эътикофнишастае барои бартараф намудани за-
руратҳои табий ва ё шаръй аз ҷои эътикофаш берун шавад ва пеш ё
баъд аз он ба аёдати беморе равад, он ишколе надорад.
Барои адои намози ҷумъа бояд фурсатеро дар назар бигирад, ки
дар он фурсат битавонад тахийяи масҷид ва суннати ҷумъаро дар мас-
ҷиди ҷомеъ бигузорад. Баъд аз гузоридани фарз метавонад барои хон-
дани суннат таваккуф намояд.
Вақте ба таври маҷбурй аз ҷои эътикофаш берун карда шавад, эъти-
кофаш фосид мегардад. Масалан, бо иттиҳоми ҷинояте аз тарафи додгоҳ
дастгир ва аз масҷид берун карда шавад, эътикофаш фосид мегардад.
Барои рафъи зарурати шаръй ва ё табиие аз ҷои эътикофи худ бе-
рун гардад ва баъд аз он бемор шавад ва ё пешомади дигаре рӯй
диҳад, ки сабаби таъхири баргаштан ба ҷои эътикофаш гардад, эъти-
кофаш фосид мегардад.
Дар ҳолати эътикоф бе зарурат ба корҳои дунявй, ба монанди
тиҷорат ва ғайра машғул гардидан макрӯҳ аст, вале дар зарурат боке
надорад. Албатта, дар сурати раво будан низ набояд амволи тиҷора-
тияшро ба масҷид оварад.
Дар вакти эътикоф куллан хомуш нишастан макрухи тахримй ме-
бошад. Албатта, аз суханони зишту беманфиат бояд парҳез намояд,
вале набояд ба таври куллй хомуш нишинад, балки ба хондани Қур-
ъон, зикр кардан ва намоз гузоридан машгул гардад.
Агар дар натиҷаи пешомад ва ҳодисае, ба монанди сухтор ва ди-
гар ҳаводиси табий натавонад ба эътикофи худ дар он масҷид идома
диҳад, дар он сурат ҷоиз аст ба масҷиди дигаре гузарад ва эътикофи
худро дар он ҷо ба поён расонад.
Вакте эътикофи воҷиб ва суннат бо яке аз ҳолатҳои номбурда фо-
сид гардад, казо доштани он дар вакти дигар воҷиб аст. Эътикофи во-
ҷибро ба андозаи рӯзҳое, ки бар худ воҷиб гардонидааст, казо медо-
рад ва эътикофи суннатро як рӯз казо медорад. Дар эътикофи воҷиб
пай дар пай ба ҷо овардани он воҷиб мебошад ва казои он низ бояд
пай дар пай, яъне пайваста ба ҷо оварда шавад.
Чй тавре зикр гардид, эътикофи даҳаи ахири мохи Рамазон сун-
нат аст, вале чун эътикофи ҳар рузи он аз рӯзҳои дигар мустакил ме-
бошад, дар сурати фосид шудан танҳо казои як рӯз бар вай воҷиб ме-
гардад. Эътикофи мустаҳаб бошад, ба маҳзи фосид шудан ба поён ме-
расад ва дигар қазое надорад.
Шоёни зикр аст, ки бо хурдани руза низ эътикоф фосид мешавад.
Зеро руза дар эътикофи воҷиб ва суннат шарт аст. Дар вакти ба ҷо
овардани казои эътикофи воҷиб ва суннат пас аз мохи Рамазон ҳат-
ман бояд руза бигирад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222