Главная / Илм / Зикру дуоҳои баъди намоз

Зикру дуоҳои баъди намоз

Аз Паёмбар (с) зикру дуоҳои зиёде ривоят шудааст, ки онҳоро баъд аз салом додан аз намоз хондааст. Пас, суннат аст, ки намозгузор баъд аз намоз дар дуоҳои худ аз онҳо истифода кунад. Ҳоло чанде аз онҳоро ба хонандагон пешкаш мекунем.
Ҳазрати Савбон (р) мефармояд: «Чун Паёмбар (с) намозашро мехонд, се бор истиғфор мекард, сипас ин дуоро мехонд:images-2
«Аллоҳумма Анта-с-Салому ва минка-с-салому таборакта ё За-л-ҷалоли ва-л-икром».
«Худовандо! Ту Салом ҳастӣ ва саломатӣ аз Туст ва баракати Ту фаровон аст. Ай Соҳиби шукӯҳ ва бахшоиш».
Аз ҳазрати Муоз ибни Ҷабал (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) рӯзе дасти ӯро гирифта фармуд: «Ай Муоз, ба Худо қасам туро дӯст дорам. Ай Муоз, ба ту васият мекунам, ки ин дуоро баъд аз намоз тарк накунӣ:
«Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика».
«Худовандо! Маро дар зикру шукрат кӯмак кун ва аз ҳусни ибодатат баҳраварам соз».
Ҳазрати Варрод – котиби Муғира ибни Шуъба (р) ривоят мекунад, ки вақте Муғира ибни Шуъба (р) ба ҳазрати Муовия (р) китобе мефиристод, ба ман амр кард, то дар он бинависам, ки Паёмбар (с) баъд аз намози фарз ин дуоро мекард:
«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин Қадир. Аллоҳумма ло мониъа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло янфаъу за-л-ҷадди минка-л-ҷадд».
«Нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, Ӯ ягона аст, мулк ва ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз Тавоност. Худоё! Нест боздорандае ба он чи ато фармоӣ ва нест диҳандае аз он чи манъ фармоӣ ва тавонгарро тавонгариаш назди Ту суд надиҳад».
Ҳазрати Зубайр (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) пас аз ҳар намоз ин дуоро мехонд:
«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин Қадир. Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Ло илоҳа иллаллоҳу ва ло наъбуду илло ийёҳу лаҳу-н-ниъмату ва лаҳу-л-фазлу ва лаҳу-с-саноу-л-ҳасан. Ло илоҳа иллаллоҳу мухлисина лаҳу-д-дин ва лав кариҳа-л-кофирун».
«Нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, ки ягона ва бешарик аст. Подшоҳӣ ва ситоиш Ӯрост ва Ӯ бар ҳар коре Тавоност. Ҳеҷ тавоноӣ ва қудрате (барои дурӣ аз гуноҳ ва пойдорӣ бар тоату фармони Худо) нест, магар бо кумак ва ёрии Худо. Нест маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ, танҳо Ӯро мепарастем ва Ӯст соҳиби неъмату фазл ва ситоиши некӯ. Ба ҷуз Аллоҳ маъбуде барҳақ нест, холисона дини Ӯро пайравӣ мекунем, агарчи кофирон инро нахоҳанду нороҳат шаванд».
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд:
«Шахсе баъд аз ҳар намоз сию се бор «Субҳоналлоҳ», сию се бор «Алҳамду лиллоҳ», сию се бор «Аллоҳу акбар» бигӯяд ва сипас ин зикрро бихонад:
«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва юмиту ва ҳува ъало кулли шайъин Қадир»,
гуноҳони хурд ва ё сағираи ӯ омурзида мешаванд, агарчи ба андозаи кафки дарё бошанд».
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ду хислат аст, ки ҳар кас онҳоро пайваста анҷом диҳад, ӯро ба биҳишт мебаранд. Онҳо осон ҳастанд, вале камтар касе ба он амал мекунад». Саҳобаҳо гуфтанд: «Онҳо кадоманд, ай Паёмбар (с)?» Фармуд: «Он ки баъд аз ҳар намози фарз даҳ бор «Алҳамду лиллоҳ», даҳ бор «Аллоҳу Акбар», даҳ бор «Субҳоналлоҳ»-ро бигӯяд ва чун ба хоб рафтӣ, сад бор:
«Субҳоналлоҳ», «Алҳамду лиллоҳ», «Аллоҳу Акбар» гӯӣ, ки ҳама (дар панҷ намози фарзӣ ва вақти хоб) ду саду панҷоҳ бор мешавад, вале аз назари подош ду ҳазору панҷсад бор ба ҳисоб меояд. Кадом яке аз шумо дар як шабонарӯз ду ҳазору панҷсад амали ношоиста анҷом медиҳад? Саҳобагон гуфтанд: Чӣ гуна ба он кам амал мекунанд? Паёмбар (с) гуфт: «Шайтон ба ҳангоми намоз инсонро васваса мекунад ва ниёзҳоро ба ёди ӯ меорад, дар натиҷа он зикрҳоро намегӯяд. Ба ҳангоми хоб низ ӯро васваса мекунад ва хоб ӯро фаро мегирад, дар натиҷа онро намегӯяд». Ҳазрати Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Ман Паёмбар (с)-ро дидам, ки он зикрҳоро бо (ангуштони) дасти худ мешумурд».
Аз Умми Салама (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) ҳар гоҳ намози субҳро мехонд, ин дуоро мехонд:
«Аллоҳумма иннӣ асъалука илман нофиъан ва амалан мутақаббалан ва ризқан таййибан».
«Худовандо! Аз Ту илми судманд ва амали мақбул ва ризқи ҳалол мехоҳам».
Ин дуоро ҳар вақт хондан хуб аст.
Аз ҳазрати Саъд ибни Абӯваққос (р) ривоят шудааст, ки ӯ ба фарзандони худ дуоҳоеро меомӯхт, ҳамон гуна ки муаллим навомӯзонро китобат меомӯзонад ва мегуфт, ки Паёмбар (с) ба василаи ин дуоҳо баъди ҳар намоз паноҳ мебурд:
«Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-ҷубни ва-л-бухли ва аъуза бика мин ан урадда ило арзали-л-ъумури ва аъузу бика мин фитнати-д-дунё ва аъузу бика мин фитнати-л-қабр».
«Худовандо! Аз бахилию тарсӯӣ, аз бадтарин рӯзҳои зиндагӣ (даврони пирӣ), аз фитнаву ошӯби дунё ва аз азоби қабр ба Ту паноҳ мебарам».
Ҳазрати Уқба ибни Омир (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) ба ман амр кард, ки баъд аз ҳар намоз муаввизатайн (сураи «Фалақ» ва «Нос»)-ро бихонам.
Инчунин дар бораи фазилати хондани «Ояту-л-Курсӣ» баъди ҳар намоз аз Паёмбар (с) ҳадис ривоят шудааст. Мутобиқи ривояти ҳазрати Алӣ (р) ҳар кас баъд аз намози фарз «Ояту-л-Курсӣ»-ро бихонад, то намози баъдӣ дар ҳифзу паноҳи Худованд мемонад. Дар ривояти Абӯумома (р) омадааст, ки шахсе баъди ҳар намоз «Ояту-л-Курсӣ»-ро бихонад, баъд аз мурдан дохили ҷаннат мешавад.
«Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-ҷубни ва-л-бухли ва аъуза бика мин ан урадда ило арзали-л-ъумури ва аъузу бика мин фитнати-д-дунё ва аъузу бика мин фитнати-л-қабр».
«Худовандо! Аз бахилию тарсӯӣ, аз бадтарин рӯзҳои зиндагӣ (даврони пирӣ), аз фитнаву ошӯби дунё ва аз азоби қабр ба

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222