Дар «Панҷкитоби Мӯсо» сарчашмаи яҳудия, пеш аз ҳама дар китоби дуюм «Хуруҷ- беруномадан» ва сеюм «Аъдод» маълумоти муфассал дар бораи зиндагии Мӯсо дода шудааст. Ногуфта намонад, ки дар сарчашмаҳои исломӣ, дар Қуръон ва «Қисас-ул- анбиё», низ дар бораи Мӯсо матолиби зиёде, ба шакли достон ва ривоятҳои то ба мо омада.[1]
Мувофиқи ривояти Таврот Мӯсо дар Миср таваллуд мешавад. Модари Мӯсо, азбаски фиръавни Миср ҷиҳати пешгирӣ аз афзудани насли Бани Исроил фармуда буд, ҳар писарбачае, ки аз аҳли яҳуд таваллуд шуда, кушта шавад, аз тарс ӯро ба сандуқ андохта, ба оби соҳили қамишзори дарё меандозад, хоҳараш, ки аз паси сандуқ менигарист, мебинад, ки кӯдак ба дасти духтари Фиръавн меафтад ва бо ҳидояти ҳамон хоҳараш духтари фиръавн Мӯсоро барои шир додан ва парвариш боз ба дасти модараш месупорад.
Алқисса, Мӯсо дар хонадони фиръавн бузург мешавад ва вазъи тоқатфарсои бани Исроилро мушоҳида мекунад. Дар ҷавонӣ рӯзе ҳангоми ҳимоя аз як яҳудӣ Мӯсо бо зарбае як қибти (мисри)-ро мекушад. Пас аз ин ҳодиса Мӯсо аз тарси муҷозоти фиръавн ба сарзамини Мадёно (Мадиан) фирор мекунад. Онҷо дар хизмати як рӯҳоние бо номи Йитрӯ(Иофар) чӯпонӣ карда, ба духтари ӯ хонадор мешавад.
Баъди чанд сол рӯзе, вақто ки ӯ гӯсфанд мечаронд, фариштаи Худованд аз миёни оташи буттае, ки фурӯзон буд ба ӯ зоҳир гардид. Ӯ мебинад, ки буттае бо оташ фурӯзон аст, валекин он хорбутта намесӯзад. Мӯсо ба он буттаи фурӯзон мехоҳад наздик шавад. Аммо Худо ӯро нигоҳ дошта мефармояд, ки кафшҳояшро берун кунад, чунки ба замини муқаддас пой мегузорад. Ҳамон ҷо Худо ба Мӯсо бо гуфтани он, ки «Ман Худои падарат, Худои Иброҳим, Худои Исҳок, Худои Яъқуб ҳастам», худро ошкор мекунад.
Худо мегӯяд: «Азоби қавми Худоро (мувофиқи ақидаи яҳудиён онҳо ягона қавми баргузидаи Худоянд А.Ш.) дар Миср дидам, ва фигони онҳоро аз дасти золимонашон шунидам, ба тавре ки дарду озори онҳоро медонам..» Пас Худо ба Мусо мефармояд , ки ӯ ҳамроҳи бародараш Ҳорун назди фиръавн рафта, бани Исроилро аз ғуломӣ раҳо диҳад ва аз Миср берун орад. \Хуруҷ.3: 1-14\
Дар Миср Мӯсо ва Ҳорун бисёр мекӯшанд ва мӯъҷизаҳо нишон медиҳанд, то фиръавн бани Исроилро иҷозат диҳад ба саҳро ҷиҳати ибодати худои худ раванд. Аммо фиръавн ба ҳеҷ ваҷҳе розӣ намешавад. Он гоҳ Мӯсо ва Ҳорун дар фурсати муносибе, вақто ки Худо ҷони нахустфарзанди мисриёнро гирифта буд ва ҳама мисриён дар сӯгворию таъзия буданд, бани Исроилро аз Миср берун оварда, рӯ ба фирор мениҳад. Вақто фиръавн аз ин воқеъа огоҳӣ ёфта, онҳоро бо лашкари азиме таъқиб мекунад, Мӯсо бани Исроилро аз қаъри баҳри сиёҳ ба воситаи-бо мӯъҷиза роҳ кушода, ба хушкӣ мегузаронад ва ҳангоме, ки лашкари фиръавн аз паси банни исроил ба қаъри баҳр таъқиб кунон медарояд, Мӯсо боз оби баҳри дуним шударо ба ҳолати аввал бармегардонад ва тамоми лашкари фиръавн ҳалок мешаванд. Чунин аст қиссаи беруномадани бани Исроил аз Миср. Хулоса, баъд аз хурӯҷ аз Миср Мӯсо банни исроилро зарфи чиҳил сол то ба водии Канъон мерасонад.
Бузургтарин амале, ки Мӯсо дар ин сафар кард, гуфтушуниди ӯ дар домани кӯҳи Сино бо Худо мебошад. Аз ҳамин ҷо лақаби Мӯсои дар ислом «Калим»-сухангӯ аст. Худо аҳду паймон ва авомири Худро ба Мӯсо амр мекунад. Ин муколима чиҳил рӯз тӯл мекашад, дар ин муддат қавми Мӯсо гӯсолапарастӣ ихтиёр мекунанд. Аарон (Ҳорун) аз тилло бути гӯсолаеро месозад ва бани Исроил ба он қурбониҳо меорад.[2]
Дастури илоҳӣ, ки Мӯсо гирифт, дар ду лавҳаи сангин навишта шуда буд, ки дар Таврот баъдан бо номи «аҳкоми даҳгона» ворид ва ҳамчунин бо номи « қонуни мусовӣ», «фароизи сино» маъруфанд.(Хуруҷ. 20: 1-23).
Хулоса, пас аз чиҳил соли берун омадан аз Миср пеш аз вуруд ва забти Канъон ва сарзамини Фаластини имрӯза (Филистия), Мӯсо вафот мекунад.
Давраи фатҳи Канъон (ҳудуди аср.ХШ-ХП п.м.) ва муборизоти байниқабилавӣ солҳои 1200-1025 т.м. давом мекунад.
Ногуфта намонад, ки як қисм олимон ба воқеъият доштани асорати Миср ва бо пешвоии Мӯсо берун омадани бани Исроил аз он, шакку шубҳа доранд.[3]
Таърихи аниқтари иброниён баъд аз Мӯсо оғоз мешавад, ки онро ба ду давра тақсим кардан мумкин аст: ин давраи бунёди маъбадаи аввал (1050-587\6 т.м.) ё худ давраи то асорати Бобил ва давраи бунёди маъбадаи дуюм (539т.м.-70м.)- пас аз бозгашт аз асорати Бобил аст. Ин ҷо дар назар маъбад ибодатгоҳи яҳудиён дар Иерусалим аст.
Давраи аввал, бо истилои Канъон оғоз мешавад. Аз ривоёт ва сарчашмаҳо чунин бар меояд, ки тасарруфи бани Исроил ба хоки Канъон як замони тӯлониро дар бар мегирад. Канъониён , ки шаҳрҳои дорои ҳисор ва иншооти дифоъӣ доштаанд, ба истилогарони бани исроил муқовимати сахт нишон медодаанд. Банни исроил бо хунрезиҳову харобиҳои зиёде муваффақ ба забти ин сарзамин гаштаанд. Ин ҳодиса ҳудуди асрҳои Х1-Х то мелод сурат гирифтааст. Маъруфтарин ҳокимони ин давраи Яҳуд Довуд(1013-973) ва Сулаймон мебошанд.
Дини яҳудия дар ин бархурд бо дину ойинҳои канъониён муддате зери таъсири он қарор мегирад.Одатҳо ва маросимҳои канъониён дар ин давра ба дини яҳудӣ таъсири муайяне мегузаранд. Масалан, онҳо низ мисли канъониён тимсоли модаговро, дар ибодатгоҳҳои худ мегузоштаанд ва онро тимсол ва рамзи Яҳво мешумориданд. Шояд баъди мавти Мӯсо дини тавҳидии ӯ бо хуруфот ва оинҳои натуралистии маҳаллӣ олуда мегардад. Баъдтар, мо дар давраи пайғамбароини баъдӣ ислоҳи дини мӯсавиро мебинем. Дар ин давра набиён: Илёс ва Алиша, Омӯси Наби, Ҳушаи Набӣ, Ишаёъи Набӣ, Микои Набӣ, Ирмиё Набӣ ва ғайра зуҳур кардаанд, ва кӯшидаанд, ки дини Мӯсоро аз олоишот маҳфуз доранд ва онро таблиғу ташвиқ намоянд.
Давраидуюм, асорати Бобилва пас аз онро дар бар мегирад. Дар ибтидои асри VI пеш аз мелод давлати яҳудиён рӯ ба инқироз ниҳода, мавриди тохту тозҳои қавмҳои ҳамсоя қарор мегирад. Ниҳоят, дар соли 597 т.м. шоҳи Бобил Навуходоносар (Бухтуннаср) ба яҳудиёнҳуҷуммекунад, баъд аз се моҳ муқовимат, Урушалим таслим мешавад. Бобилиён подшоҳи яҳудиён Яҳвиё-кийамро асир карда, маъбади Сулаймонро ғорат намуда, даҳ ҳазор тан аз наҷибон ва аъён ва аҳли касбу ҳунар ва мардони корию ҷанговарро ба асорат мебаранд.
Лашкари Навхудоносор ба Исроил ҳуҷум карда, маркази муқаддаси он Маъбадаи Сулаймон хароб ва «тобути мисоқ» ба куллӣ аз миён меравад ва ному нишоне намемонад. Писарони подшоҳи яҳудияро куштанд ва худашро кӯр карданд. Тамоми сокинони шаҳри Урушалимро ба асорат бурданд. Қисме аз яҳудиён ба Миср фирор карда, дар он ҷо иқомат ихтиёр кардаанд. Ин воқеа дар таърихи миллати Яҳуд зарбаи ҳавлноке буд.[4]
Баргашти Яҳудиён ба Урушалим ба шарофати ғалабаи шоҳаншоҳи Эрон Круши Кабир бар Бобил дар соли 538 т.м. муяссар мегардад. Куруши Кабир баъд аз фатҳи Бобил онро пойтахти империяи паҳновари худ, ки аз водии Синд то шаҳрҳои соҳилии Юнон тӯл кашида буд, қарор медиҳад. Круш яҳудиёни дар асорати Бобил бударо иҷозати баргашт ба ватани худ дод. Аксар аз ин барои бозсозии Урушалим( Иерусалим) ва маъбади он дасти ёрӣ дароз мекунад ва гурӯҳи махсуси сарбозону одамонро мефиристонад.
Хусусияти муҳимми ин давра аз он иборат аст, ки ҳолату вазъияти табъид ва ғурбат аз ватани аслӣ, дар Миср, Бобил ва ғайра нақши канисаҳо (синагогҳо)–ро дар дини яҳудия зиёд мегардонад. Канисаҳо барои он яҳудиёни муҳоҷир (диаспор) ягона восита ва маркази иртиботу пайванд бо забону дину мазҳаб ва ягона омили ҳифзи обшинаҳо, ҷамъиятҳои яҳудия берун аз ватанашон буда.
Хусусияти дигари ин давра дар он аст, ки дар асорати Бобил дини яҳудия аз бисёр ҷиҳат бо таъсири динҳои ин минтақа, алалхусус, динҳои эронӣ дучор шуда, рушду такомул ёфт. Баъди асорати Бобил мо дар дини яҳудия як қатор унсурҳо ва тасаввуроти муҳимми диниро пайдо мекунем, ки дар шакли комилашон дар «Панҷкитоб»–и Мӯсо вуҷуд надоштанд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама тасаввурот дар бораи қувваи баду зиёнкор– шайтон (зери таъсири пиндори зардуштӣ – Аҳриман), ҳаёти пас аз маргӣ, ҷаннат ва дӯзах, тасаввурот оид ба малоик, ва ғайра мебошанд.
Давраи навин дар таърихи Яҳудия аз замони истилои Искандари Макдунӣ 332 т.м. оғоз мешавад, ки таъсири тамаддуни юнонӣ– ҳелинизмро ба думбол доштааст.
[1] Вале бояд дар назар гирифт, ки маълумоти сарчашмаҳои исломӣ на ҳама вақт бо асл мувофиқат мекунанд, дар онҳо баъзан ихтилоф бо асл дида мешавад.
[2] Тибқи ахбори Қуръон ва «Қисас-ул-анбиё» он шахс Сомиро ном дошта ва ин образ дар адабиёти классикӣ васеъ истифода шудааст: Аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:
Он ҳама шӯъбадаҳо ақл, ки мекард он ҷо, Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.
[3] Ниг, Л. С, Васильев. История религии Востока (религиозно—культурные традиции и общество) : Учеб. пос. М. Высш шк., 1983.- С. 69.
[4] Муф. ниг. Иосиф Фалавий. Иудейские древности. Т.2.—Минск: Белорусь, 1994-.-С.22-25.