Главная / Илм / АФКОРИ ЧАМЪИЯТИ СИЁСИ, МАОРИФПАРВАРИ

АФКОРИ ЧАМЪИЯТИ СИЁСИ, МАОРИФПАРВАРИ

Дар нимаи дуюми асри XIX дар афкори чамъиятии халки точик зери таъсири маданияти рус чараёне пайдо шуд, ки бо номи маорифпарвари машхур аст.
Истилох ва мафхуми маорифпарвари дар асрхои XVII дар хаёти чамъияти Англия дар асри XVIII дар Франция ва охири асри XVIII ибтидои асри XIX дар Россия ба вучуд омада буд. Намояндагони афкори пешкадами мамлакатхои гуногун, монанди Вольтер, Дидро, Руссо дар Франция, Радищев дар Россия ба мукобили тартиботи зулми феодали мубориза бурда, дар байни оммаи васеи халк ба пахн шудани илму маърифат кушиш мекарданд. Чори намудани тартиботи нав дар хаёти сиёсиву ичтимоии мамлакатхои номбурда, чараёни маорифпарвари ва намояндагони он маорифпарвар ном гирифтанд.
Фаъолияти чараёни нави дар Бухоро баъди хамрох шудан ба Россия пайдо шуд. Маорифпарварони точик нисбат ба сохти феодали ва тартиботи давлати нафрат доштанд.
Ахмади Дониш дар натичаи се сафари худ ба Россия бо маданияти пешкадами рус аз наздик шинос гардида, баъди бозгашт ба таълифи «Наводир -ул- вакоеъ» шуруъ намуд, Ки дар он хаёти ичтимоии аморати Бухороро танкид намудааст.
Дар «Наводир-ул-вакоеъ» ба тамоми мадрасахои Бухоро таълими илмхои дуняви, омухтани донишхои ба хаёту зиндаги заруриро таргиб намудааст. Дар асархои маорифпарварон нисбат ба тартиботи давлати ва илму маърифати аврупои хусни таваччух доштани муаллифон мушохида карда мешаванд.
Маорифпарварон манфиати оммаи мехнаткашро самимона химоя мекарданд. Онхо бовари доштанд, ки агар аз идорахои давлати амалдорони золиму ситамгар ронда шаванд ва тартиботи идораи давлат ба низоми муайян дароварда шавад, бехбудии омма таъмин мегардад. Дар таргиби ин акида маорифпарварон аз хаёт ва тартиботи давлатхои пешкадам мисолхо меоварданд. Баробари ин, онхо аз хикоят ва ривоятхои анъанави дар бораи адлу инсофпарварии хукмронхои гузаштаи Шарк, мисли
Искандари Руми, Анушервон ва дигарон мисолхо меоварданд. Онхоро хамчун намунаи ибрат дар асархои худ тасвир менамуданд. Хамин тарик, афкор ва фаъолияти маорифпарварони точик дар танкиди сохти давлати, таргиби маърифат, илму дониши дуняви, таргиби тарзи зиндагии мамлакатхои Аврупои ва Россия ва химояи манфиати оммаи мехнаткашон зохир мегашт.
Сарвари маорифпарварон дар нимаи дуюми асри XIX Ахмади Дониш буд. Афкори маорифпарвари дар осори Возех, Шохин ва С. Айни равшан акс ёфтааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222