Главная / Илм / АФКОРИ ЧАЪМИЯТИИ СИЁЁСИ ХАЛКИ ТОЧИК ДАР ЗАМОНИ САЛТАНАТИ СУЛОЛАИ МАНГИТИЁН

АФКОРИ ЧАЪМИЯТИИ СИЁЁСИ ХАЛКИ ТОЧИК ДАР ЗАМОНИ САЛТАНАТИ СУЛОЛАИ МАНГИТИЁН

Муаммадрахим баъд аз тайёр кардани заминахои муайян, Абулфайзхонро бо ду писараш ба катл расонида, соли 1753 ба сулолаи Мангитиён асос гузошт.
Мухаммадрахимби барои баратараф намудани
мукобилияти феодалони исёнгар аз кабили тоифахои узбеки кенегас, бахрин, кипчок, ётти, уйгур ва дигарон истифода бурда, онхоро аз чихати иктисоди камкувват ва аз чихати сиёси мутеъи худ гардонид.
Чи тавре ки дар боло нишон дода шуд, Мухаммадрахимби барои тобеъ кардани нохияхои Маркази ва Чанубии Точикистон низ дар ин давра кушиш намуда буд. Масалан, ба мукобили Хисор ду маротиба (солхои 1756-1758) лашкар кашид. Баъди ба даст даровардани Хисор, ахамияти ин вилоятро барои давлати Мангитиён ба назар гирифта, Мухаммадрахимби амаки худ Дониёрбиро хокими Хисор ва Вилояти кухистон таъин намуд. Дар Самарканд, Шахрисабз, Тошканд низ тарафдорони худро ба сари хокимият овард.
Баъд аз Мухаммадрахимби амаки у Дониёлби (17581785) хукуматро сохиб шуд. Лекин исман Абдулози (набера Абдулфайзхон) ба тахт шинонда шуд. Дар асл Дониёлби тамоми хокимияти сиёсиро дар дасти худ нигох медошт, у ба сарлашкарони сулолаи Мангит ва куввахои харби такя карда, ба манфияти онхо сиёсат мебурд. Дар натича сарлашкарони сулолаи Мангит заминхои зиёдеро сохиб шудаанд. Давраи салтанати Шохмурод (1785-1800) дар
таърихи сулолаи Мангитиён давраи нисбатан устувор гардидани давлати Бухоро буд. у аз мансаби хони даст кашида, худро амир эълон кард.
Дониёлби бо максади пур кардани харочоти давлати аз лашкарони сулолаи Мангит, ки заминхои зиёдро сохиби шуданд, намудхои нави андоз, ба монанди, аминона, никохона, мухрона ва хаки тарозуро чори намуд. Дар баробари ин, ба тамоми кушишхо Дониёлби худсарихои феодалонро бартараф карда натавониста, мутеъи козикалон ва ашрофони феодали гардид.
Баъд аз сари Дониёлби Абдулозихон ба сари давлат баромад. Аммо у низ аз ухдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Феодалони Бухоро соли 1785 атолик Шохмуродро ба тахт нишонданд.
Шохмурод дар давраи душвор сохиби салтанат гардид. Аммо парокандагии феодали торафт кувват мегирифт. Балх истиклолиятро ба даст даровард. Фарона аз охири асри XVII ниммустакил шуда, дар инчо хонигарии мустакили Куканд ташкил ёфт.
Шохмурод барои бартараф кардани душворихои сиёси рафтори хосаеро пеш гирифт, ки ба хонхо номуносиб буд. у худро ба тарикати суфия бахшида муриди шайхе шуда, дар зохир аз дарвеши мискин хеч тафовуте надошт.
Зиндагии шикастанафсонаи шохзода, соддаги, хоксори ва дастраси зохири боиси дар байни халк эътибори зиёд пайдо кардани у гардид. Пас аз вафоти падараш Шохмурод либоси тавба дар тан дар кахои Бухоро гашта, бо нолаву зори аз мардум илтичо менамуд, ки гунохи падарашро бубахшанд. Чунин рафтор, ки ба максади сиёси бурда мешуд, дар рохи сохиб шудан ба салтанат ва ба тарафи худ кашидани диккати мардум сахми муайян бозид. (ниг. Семёнов А.А. Истории бухарских мангытов. -Бюлл САГУ.- 1924.-№6 .- С.163).
Давраи салтанати Шохмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи Мангитиён даврви нисбатан устувор гардидани давлати Бухоро буд. у аз мансаби хони даст кашида, худро амир эълон кард.
Шохмурод баъзе ислохотхоро гузаронид, ки ба бартараф намудани норозигии умуми мусоидат намуданд. Вай хироч ва закотро боки гузошта, дигар намудхои чарима ва бочро бекор кард. Аз ахолии айримусулмонон андоз – чизия ситонида мешуд. Заминхои вакф, ки амирон мусодира карда буданд, баргардонида аз нав баркарор карда шуданд. Барои сарбозон мохона мукаррар карда шуд.
Хануз дар давраи чониён ва баъдтар амирони Мангития сиккаи пули нукраро вайрон карда, дар байни курби расми ва амалии он тафовут ба амал омада буд. Аз ин чихат ислохоти пулии Шохмурод барои ба тартиб даровардани муомилот ахамияти калон дод. Шакли зохирии хачм ва вазни сиккахо таъгир дода, онхоро аз нукра сикка мезаданд. Хар кас метавонист ба сиккахона нукра оварда, ба ивазаш пул бигирад. Ислохоти пули ба пешрафти иктисоди ва равнаки тичорат мусоидат намуд.
Шохмурод барои мустахкам намудани иктидори хокимияти маркази низ чорахои амали андешида, хокимони вилоятхоро аз нав таъин кард. Ба хар шахр ва деха кози таъин карда мешуданд.
Мукобилияти феодалони марказгурез хам шикаста шуд ва саркаштарини онхо низ ба у итоат мекарданд.
Ислохоти сохаи судии Шохмурод барои ба тартиб овардани кори умумии махкама мусоидат намуд. Масъалаи хукуки ва адлияро козикалон ва муфти (корхои чиноятии харбиро козии лашкар ва муфти) дида мебаромаданд. Мувофики ислохот палатаи олии додгохи (суди), ки ба он 40 нафар хукукшиносон шомил буданд, таъсис дода шуд. Дар бораи мухофизати моликият конуни махсус кабул карда шуд. Мувофики конун агар касе нисбат ба моликият беэхтинои зохир мекард, сарфи назар аз мартабаи чамъияти, ба чавобгари кашида мешуд. Масалан, барои рохзани сар аз тан чудо мекарданд, барои дузди дасти ростро мебуриданд. Барои мухофизати расму оин мансаби Раис чори карда шуд, ки у ичрои тамоми фармонхои шариатро назорат мекард. Чунин тадбирхо як андоза пеши рохи горату торочхоро гирифта, ба манфиати табакахои васеъи чамъияти равона када шуда буданд.
Дар сохаи сиёсати хоричи Шохмурод таассуби диниро мохирона истифода мебурд. у тахти шиори «чиходи мукаддас бар зидди шиахо» чандин маротиба, ба Хуросон лашкар кашида, чавонони кобили мехнатро аз Хуросон асир карда ба Бухоро меоварданд. Ба ин васила гуломфуруши хело равнак ёфт. Вай ду маротиба ба Мавр лашкар кашида, сарбанди дарёи Мургобро вайрон карда, ахолии ин вилоятро ба Самарканд ва Бухоро кучонид.
Шохмурод барои ташкил кардани давлати пуркувват саъю талош намуда, вилоятхои Хисор ва уротеппаро ба итоати худ даровард, гарчанде онхо мустакилияти худро нигох дошта тавонистанд.
Амир Шохмурод на факат хокимияти худ, балки салтанати авлоди худро ба расмият даровард. у ба Шахбону ном духтари Саид Абдулфайзхони Аштархони хонадор шуда, бо ин восита унвони Амириро гирифт. Авлоди у насаби худро ба Саидхо ва насли Чингизхон нисбат дода, худро ворисони бевоситаи точу тахти Бухоро мешумориданд. Аз давраи ахди салтанати Хайдар сар карда, ба номхои амирони манит калимахои «саид ва амир» илова гардид.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222