Главная / Маданият ва санъат / АФСОНАИ ПЕШ АЗ ХОБ

АФСОНАИ ПЕШ АЗ ХОБ

Доро мисли бисту як нафар хамсинфаш як бачаи мукаррарист. Хар субх ба мактаб меравад, нисфируз ба хона бармегардад, рузхои шанбеву якшанбе истирохат дорад. Одобу донишаш бад нест. Агар андак кушиш кунад, ба катори бачахои боинтизом дохил хохад шуд. Саводаш миёна, яъне рузномааш пури “чор” асту гох-гох “панд” хам ба назар мерасад. Тозаю озода мегардад. Мисли Даврону Гуландом хушру расм кашида натавонад хам, рубоб менавозад ва суруд мехонад. Дар халли муаммо ва чистонгуиву чистонёби ягон кас ба Доро баробар шуда наметавонад. Аммо футболро хуш надорад. Бозии теннисро зиёдтар меписандад.
afsonai-pesh-az-xobХуллас, Доро як бачаи мукаррарист. Лекин вай сохиби як истеъдод аст, ки ягон бачаи олам надорад ва хар бача онро орзу мекунад!

Доро бо хар узви худ гуфтугу мекунад. Пагохи аз хоб хеста мепурсад:
⦁ Пойхо, пойхо, шумо акнун чи кор мекунед?
Пойхо мегуянд:
⦁ Мо туро берун мебарем…
Ё Доро ба оина нигох карда мегуяд:
⦁ Салом, чашмони ман!
– Дуруд ба ту ! – чавоб медихад ду чашм баробар.
Доро метавонад бо гуш, бини, дахону дандон, абрувону мижахояш хам гап занад. Хар замон бо муйи сараш гуфтугу мекунад. Дуруст, ки баъзан алогула мехезад, зеро дар сар хазор-хазор муй хаст ва хар кадоми он чизе гуфтан мехохад. Бо дасту пой чи, бо нохуни хар ангушт гуфтугу карданашро шунавед, ангушти хайрат мегазед.

Аммо аз ин хусус хеч кас хабар надорад. Падару модар, бибию бобо, хохару бародар, хаку хамсояхо, хатто, омузго- рону хамсинфонаш огох нестанд…
Баъзан лозим мешавад, ки Доро якбора бо чанд узви бадани худ дурудароз гуфтугу кунад. Ин кисса хам аз чум- лаи хамин гуна як гуфтугуи дароз аст, ки пагохи огоз ёфту шабхангом анчом ёфт.
Инак, бодиккат гуш кунед.

amoПагохи Доро ба мактаб омад. Дарси аввал хондан буд. Доро бахои хуб гирифт. Аз дарси дуюм, хисоб, бахояш аъло шуд. Вале вакте дарси сеюм сар шуд, Доро фахмид, ки ка- ламхои рангаю албомашро наовардааст, дар хона фаромуш кардааст.
– Барои чи бекор нишасти? – пурсид муаллима.
– Ку каламхои рангаат? Кучост албомат?
Доро дархол ба чашму гушу забону дахон, умуман, ба тамоми узвхои худ амр дод: “Зинхор дуруг нагуед!” Узвхо бо як овоз чавоб доданд:
– Дар хона.

– Барои чи?
– Барои он ки фаромуш шудааст.
– Ки акнун расми себ мекашад?
Доро ба ин суол чавоб дода натавонист. Хичолат кашиду сар хам кард.
– Дигар такрор нашавад, Доро! – огох кард омузгор ва аз мизи худ каламу коази тоза оварда дод, ки Доро расми себ кашад.
Себе, ки Доро дар он коаз тасвир намуд, зебо баромад. Муаллима дар поёни расм бахои хуб гузошту бори дигар огох кард:
– Фаромушхотир нашав!

Дар мактаб хамин хел вокеа руй дод. Аммо дар хона Доро тамоми руз ошуфтаю парешон буд. Борхо аз худ пурсид, ки чаро каламхои рангаю албомашро нагирифт. Хатои кист? Дар кучо ва чаро иштибох кард?
Ба ин суолхо дергох чавоб пайдо карда натавонист. Шаб омад. Хаво торик шуд. Доро либосашро кашиду ба чойгах даромад. Боз хамон суолхо ба сараш омаданд: “Чаро ка- ламхои рангаю албом фаромуш шуданд. Хатои кист? Гунохи чист? Дар кучо ва чаро иштибох кардам ?…”

Ин лахза ба хона модараш даромад.
– Дорочон, – гуфт вай, – ту имруз каламу албоматро фа- ромуш карда, мактаб рафти. Вакте ношто мекарди, ба хоти- рат хам расондам. Бо вучуди ин дар руйи миз гузошта рафти. Бачаи фаромушхотир нашав.
“Аха! – ба худ омад Доро. – Модарам огох хам карда бу- дааст. Пас, чаро фаромуш шуданд?…”
Нохост ба ёдаш расид, ки ин хамаро бояд аз чашму гушу дахону дасту пой ва дигар узвхо пурсид.

Доро дар чойгах ру ба боло шт ва аз пойхояш пурсид:
– Пойхои ман, пойхои ман! Барои чи маро бе калами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огох карда буда- аст-ку!
Пойхо чунин чавоб доданд:
– Вазифаи мо танхо рох рафтан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуксон анчом додем. Туро аз зинахо бо эхтиёт фаро- вардем, аз чоррохаи пурмошин осонакак гузарондем, пешпо нахурдем, чусту чолок будем. Туро ба мактаб дар вакташ расондем. Аммо аз огох кардани модарат хабар надорем. Чавоби суолатро аз дастхо пурс, Доро.

Доро ба пойхояш ташаккур гуфту аз дастонаш пурсид:
– Дастони ман, дастони ман! Барои чи маро бе катами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огох карда буда- аст-ку!
Дастхо чунин чавоб доданд:
– Вазифаи ^о факат бардоштану бурдани китобдон буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуксон анчом додем. Ёд дори, дар автобус рохкиро супурдем, як куттичаи холиро аз руйи рох гирифта, ба партовгох афкандем, вакте ба мактаб раси- ди, бо бачахо вохури кардем, чун ба ошхона даромади, мо якдиарро тоза шустем. Аммо аз огор кардани модарат ха- бар надорем. Чавоби суолатро аз забон пурс, Доро.

Доро ба дастонаш ташаккур гуфту аз дахонаш пурсид:
– Забони ман, забони ман! Барои чи маро бе калами ран- гаю албом ба мактаб бурди? Модарам огох карда будаст-ку!
Забон чунин чавоб дод:
– Вазифаи ман факат сухан гуфтан буд. Ман ин корро бе ягон хатою нуксон анчом додам. Вакте аз хона берун ме- рафти, ба модарат “Хайр!” – гуфтам, вакте дар куча пира- марде раками хатсайри мошинеро пурсид “Хаждах!” – гуф- там, ба рохгузарону хамсинфону омузгорон салом додам, ба суолхои муаллима дуруст чавоб додам, хатто суруд хам хон дам. Аммо аз огох кардани модарат хабар надорем. Чавоби суолатро аз чашмхо пурс, Доро.

Доро ба забонаш ташаккур гуфту аз чашмонаш пурсид:
– Чашмони ман, чашмони ман! Барои чи маро бе калами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огох карда буда- аст-ку!
Чашмхо чунин чавоб доданд:
– Вазифаи мо факат дидан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуксон анчом додем. Мо дар варзиш карданат, ли- бос пушиданат, ба мактаб рафтану аз мактаб омаданат бе- дору хушёр будем. Мо китоб хондем, ки ту савод бигири, мо чароаки сурхро дида туро боздоштем, вакте чароак сабз шуд, фармудем, ки аз рох гузар. Агар мо хамрохи ту наме- будем, хатто аз хона берун рафта наметавонисти. Аммо аз огох кардани модарат хабар надорем. Чавоби суолатро аз гушхо пурс, Доро.

Доро ба чашмонаш ташаккур гуфту аз гшояш пурсид:
– Гушхои ман, гушхои ман! Барои чи маро бе калами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огох карда буда- аст-ку!
Гушхо чунин чавоб доданд:
– Вазифаи мо факат шунидан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуксон анчом додем. Мо садои занги соатро шунида, туро бедор кардем, хониши булбулонро шунида, туро хур- санд кардем. “Дороч^н, нахори тайёр аст!” – гуфтани мо- даратро мо ба ту хабар додем. Дар мактаб чи гуфтану чи пурсидани муаллимаро мо шунидем. Дар рох ба чанд кас салом гуфти, чавоби салому тахсину офарини онхоро шуни- дан кори мо буд ва мо инро хуб анчом додем. Аммо аз огох кардани модарат хабар надорем. Чавоби суолатро аз майна- ат пурс, Доро.

Доро ба гшояш ташаккур гуфту аз майнааш пурсид:
– Майнаи ман, майнаи ман! Барои чи маро бе калами раню албом ба мактаб бурди? Модарам огох карда буда- аст-ку!
Майна чунин чавоб дод:
– Ман хокими гушхоям, ман хокими чашмонам, ман хо- кими забонам, ман хокими дасту пой ва тамоми узвхои туям. Агар ман хушёр набошам, хамаи узвхо хато мекунанд. Вакте модарат туро ог^х кард, ки каламу албоматро бигири, ту ба ман кори дигар фармуди, ба кори бехуда машгул карди. Аз ин сабаб гушхо нашуниданд.

– Он кори бехуда чи буд? – тааччуб кард Доро.
Майна чунин чавоб дод:
– Ту он лахза пойафзол мепушиди. Онро дируз тухфа кар- да буданд. Наву охари, чармину хушчило, хушдухту хуш- намуд… Хаёл мекарди, ки пойафзолат бехтарин аст ва дар сифатон хеч кас чунин попуш надорад… Хулоса, ба таърифу ман-мани овора шуда, сухани модаратро нашуниди.
– Дуруст, – дархол икрор шуд Доро. – Махз чунин буд. Дар ёдам хаст, ба попушихои навам мафтун шуда, хамаро фа- ромуш кардам. Бобоям рост мегуфтаанд: “Таърифу ман-мани аклро тира мекунад…” Бубахш, ки ба кори ту халал расондам.
– Минбаъд хушёр бош, – маслихат дод майна ба Доро. – Хар кор ки мекуни, дидаву дониста бикун!
Доро ба майна хам ташаккур гуфт ва аз пойхову дастон, аз забону чашмон ва гушхояш узр пурсид.
Ба зуди уро хоб бурд, хоби ширин…

Муаллиф: АЗИЗИ АЗИЗ

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222