Главная / Илм / АМАЛИЁТИ КУШУНИ ПОДШОХИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

АМАЛИЁТИ КУШУНИ ПОДШОХИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Солхои 1862-1863 кушунхои рус якчанд амалиёти чосуси гузаронида, як катор истехкомхои стратегиро ишол карданд. Мохи сентябри соли 1864 Россияи подшохи бо ду самт аз тарафи Оренбург ва Авули Аттор ба хучум гузашт, Чимкентро ишол карданд. Кушуни рус бо рохбарии Черняев ба Тошкент харакат карданд. Лекин хучуми онхо барор нагирифта, ба Чимкент акиб нишастанд. Охирхои мохи апрели соли 1865 баъди муборизаи сахт кушуни подшохии рус калъаи Ниёзбек, ки дар сохили дарёи Чирчик вокеъ гурдида, шахрро ба об таъмин мекард ва дар мудофиаи шахр мавкеи калон дошт, ишгол карданд. Шахри Тошканд 15 июни соли 1865 аз тарафи кушуни подшохи тасарруф карда шуд.
Давлатхои феодалии Осиёи Миёна байни хамдигар зиддият доштанд. Чангхои байнихамдигари ба вазъияти сиёси ва иктисодии онхо таъсири манфи мерасонд. Дар нимаи аввали соли 1865 амири Бухоро ба води Фарона лашкар кашид. Лашкари хонигарии Куканд муковимат нишон дода натавонист ва амир Музаффар Кукандро ба зуди забт намуд. Хукмрони собики Куканд Худоёрхон дубора ба тахти салтанат шинонда шуд.
Дар моххои январ – феврали соли 1866 губернатори харбии Туркистон М.Черняев ба Чиззах лашкар кашид, лекин ин хучум барор нагирифт. Ба чои у Д.Ш.Романовский таъин шуд. Кушуни рус бо рохбарии сарфармондех Романовский 8-уми майи соли 1866 дар рохи Чиззах ва Хучанд кушуни амири Бухороро шикаст дод. Кушуни подшохи бо максади аз хамдигар чудо кардани Бухоро ва Куканд, хучуми худро ба Бухоро ва Уротеппа вусъат дод.
Кушунхои хукумати подшохи кад-кади дарёи сир харакат карда, 19-уми май калъаи навро забт карда, Хучандро ба мухосира гирифт.
Баъди мухосираи дуруза дар байни химоягарони шахр чудои ба амал омад. Гурухе таклиф карданд, ки дар муборизаи зидди Россия бояд ба амири Бухоро такя карда шавад. Гурухи дуввум тарафдори иттифок бо хони Куканд буд.
Иддае аз савдогарон бо рохбарии Азаматхоча тарафдори бе чанг таслим шудан буданд.
24-уми май Романовский Д.И. ба истилои шахр фармон дод. Дар ин вакт Азаматхоча бо тарафдорони худ дарвозахои шахрро ба аскарони рус кушоданд. Гарчанде ки сокинони Хучанд барои хар як куча мукобилият нишон медоданд, 25(24) – май Хучанд аз тарафи аскарони рус ишол карда шуд. Охирхои мохи сентябори соли 1866 кушунхои подшохи ба Уротеппа харакат карданд. Баъд аз тирпаронии дуруза 2 – юми октябр калъаро фатх карданд. Дар Уротеппа як отрядро монда, Романовский ба Чиззах хамла кард. 18- октябри соли 1866 ба куввахои амир Музаффар зарба расонида шуд. Чиззах ба русхо таслим гашт. Барои давом додани сиёсати минбаъдаи истилогарона дар Осиёи Миёна Россияи подшохи хони Кундро ба бастани шартнома мачбур кард. Соли 1868 байни Хукумати Россия ва хонигарии Куканд сулхнома баста шуд. Мувофики он хонигарии Куканд васалаи Россия гардид.
Бахори соли 1868 кушуни рус тахти фармондехии Кауфман ба мукобили амири Бухоро амалиёти чангиро идома дод. 2 майи соли 1868 Самаркандро ишол намуда, Кауфман ба тарафи Зирабулок хучум овард. Аз вазъияти кулай истифода бурда, писари амир Музаффар бо ёрии беки Шахрисабз дар Самарканд шуриш бардошт. Отряди дар он чо будаи русхо дар вазъияти ногувор монданд. Кауфман амалиёти харбиро катъ карда, ба Самарканд баргашт ва шуришро пахш намуд. Баъд аз ин кушунхои рус Катакурон ва Ургутро забт карда, ба тарафи Бухоро харакат карданд.
23- июни соли 1868 байни Россия ва амири Бухоро шартнома имзо карда шуд. Мувофики шартнома заминахои аз тарафи Россия ишол карда шуда: Хучанд, Уротеппа, Панчакент, Самарканд, Какурн то Зерибулок ба тасарруфи Россия гузаштанд. Бухоро васали Россия гардид. Амир бо давлатхои хоричи мустакилона муносибат карда наметавонист. Бухоро мебоист ба Россия ба маблаги 500 хазор сум товони чанг дихад.
Савдогарони рус хукук гирифтанд, ки дар тамоми каламрави Бухоро озодона савдо кунанд ва дунхои савдои кушоянд. Хукумати Бухоро химоя кардани бехатарии савдогаронро ба зима гирифт.
Бухороро ба даст дароварда, кушуни рус ба мукобили хонигарии Хива хучум карда, 12-августи соли 1873 бо ин хонигари шартнома баста шуд. Мувофики ин сулхнома Хева хам васали Россия шуд.
Соли 1876 пас аз пахш намудани шуриши Куканд, каламрави ин хонигари ба хайати генерал – губернатори Туркистон хамрох карда шуд.
Дар солхои минбаъда ба мукобилияти Англия нигох накарда, Россия забткории худро дар Осиёи Миёна давом дод. Дар солхои 80-ум кушунхои рус сохилхои бахри Каспий, соли 1881 Ашхободро забт карданд. Соли 1884 кушунхои подшохи води Марв, сохилхои дарёи Тенчен ва Мургобро то Кушка ишгол карданд.
Дар солхои минбаъда дар вазъияти тезу тунди сиёси байни Россия ва Англия оид ба масъалаи Помир кушунхои рус дар ин минтака низ мавкеъи худро мустахкам намуд. Чамъбасти сиёсати мустамликавии Россия дар Осиёи Миёна ин шартномаи байни Россия ва Англия аз 25- феврали соли 1895 буд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222