Дар натичаи баркарор шудани протекторати Россия аз болои аморати Бухоро дар хаёти ичтимоию иктисодии аморат таиротхои муайян ба амал омаданд. Дар зери таъсири капитализми рус шаклхои хочагидории асримиёнаги вайрон шуда, Бухоро ба муомилоти чахони чалб карда шуд. Аз Бухоро ба Россия асосан пахта бурда мешуд ва дар фуруши пахта Бухоро баъд аз Фаргона ба чои дуюм баромад.
Дар Бухорои Шарки пахтакори суст равнак меёфт. Чунки ин диёр аз рохи охан дур буда, системаи мукаммали обёркуни надошт. Аморат барои инкишофи пахтакори дар ин чо чорае наандешид, дар Бухорои Шарки барои эхтиёчоти дохили ва савдо галла истехсол карда мешуд.
Дар баробари пахта аз Бухоро ба Россия пусти карокули, пашм, гилем, пила ва айра бурда мешуд. Дар аввал савдогарони махали махсулоти худро дар бозорхои Нижегородск ва Москва мефурухтанд. Баъдтар дар каламрави Бухоро савдогарони рус мавкеи худро мустахкам карда, савдои ин молхоро ба дасти худ гирифтанд.
Аз Бухорои Шарки ба Россия писта, чормагз, загир, кунчид, гандум, чорво, чарм, матоъхои абрешими Хисори, пусти карокули, пашм ва айрахо бурда мешуданд.
Ба гушахои дурдасттарини Бухорои Шарки молхои саноатии Россия оварда мешуданд. Масалан, дар ибтидои асри XX ба Бухоро соле 1500 пуд молхои гуногун оварда шуд.
Аз ибтидои асри XX сар карда капитали молиявии рус ба аморати Бухоро ворид шудан гирифт. Дар аморат шуъбаи бонки давлатии Россия, филиалхои бонки Русу Осиё, бонки хисоботии Москва, бонки савдоии Сибир ташкил ёфта буданд. Сармоядорони рус иктисодиёти Бухороро дар зери таъсири худ даровард.
Дар Бухоро корхонахои саноати охири асри XIX ва ибтидои асри XX бунёд шуда буданд. Ин корхонахо асосан заводхои пахтатозакуни буданд, ки ба саноатчиёни рус таалук доштанд. Дар солхои 90-ум дар катори сармоядорони рус буржуазияи савдои махали низ ташаккул ёфта буд. Дар арафаи инкилоби солхои 1905-1907 20 корхонаи
пахтатозакуни, як кони коркарди тилло амал мекарданд, ки дар онхо 734 нафар коргарон кор мекарданд. Аммо хукумати подшохии рус ба равнаки саноат дар Аморати Бухоро рох надод, бинобар он косиби ва хунарманди хануз бартарият доштанд.
Дар Бухорои кухна 9 устохонаи калон ва 80 устохонаи хурди бофандаги мавчуд буданд, ки дар онхо 15000 бофанда кор мекард. Хнрманди аксаран мероси буд. Яке аз хунархои пахншуда кулоли буд. Хнармандон бо ёрии чархи кулоли зарфхои гуногун месохтанд. Матоъхои шохибофон ва зардузони точик хеле дилрабо ва зебо буданд. Дар байни точикон чармгари, чубтароши, музадузи, заргари ва охангари ривоч, меёфтанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …