Главная / Илм / АРАБИСТОН КАБЛ АЗ ИСЛОМ

АРАБИСТОН КАБЛ АЗ ИСЛОМ

Чазиратулараб аз назари чугрофи хаддиакал ба се минтака таксим мешавад: Арабистони Чануби, ки сарзамини Яман ва Хадрамаутро дар бар мегирад, Арабистони Марказию Гарби, ки минтакаи Тихома ва Хичозро фаро мегирад ва нихоят Арабистони Шимоли, ки дар сархадхои шимолии Шом \ Сурия\ ва Ироки муосир интихо меёбад. Кисмати зиёди ин сарзаминро биёбони тафсон ва сахрохои бе обу алаф, чун регзорхои “Рубъул-холи”, “Ихкоф”, “Дахно” ва гайра ташкил мекунад. Аз ин ру сеяки хоки ин сарзамин бе обу дарахт буда, кобили сукунат нест. Нохияхои асосии Чазиратулараб панчтоанд: Тихома, Хичоз, Начд, Яман ва Аруз. Иклими Арабистон асосан гарм буда, дар кисматхои сохили рутубатнок ва баъзе манотики он нисбатан муътадил мебошад. Аз нигохи таърихи тамаддуни ин се минтака якранг нестанд. Дар Арабистони Чануби минтакаи Хадрамаут, ки дар сарчашмахои юнони “хушбахт” \ГЕЫХ\ номида шудааст, осори тамаддуни кухан чо-чо мушохида гардидааст ва аммо Арабистони Маркази- водии Хичоз ва кисмати сохилии он Тихома дар таърихи тамаддуни чахони хеч накши муассире то пайдоиши ислом надоштаанд. Дар кисмати шимолии ин нимчазира агар тамаддунхои кухани хамсоя: ошури ва бобули, акодиро ба назар нагирем хеч навъ тамаддуни назарраси соф араби дида намешавад.

каъбаи таърихи дар замони кадимАз лихози сиёси низ холати Арабистон то пайдоиши ислом гуногун будааст. Дар чануб, то андозае осори умумиятхои сиёси, сохтору дастгохи нисбатан мушаххаси давлатии вобаста ё мухтор, кабл аз ислом ба чашм мехурад. Дар асри УТУИ кабилаи асоси ва хокими ин минтака-Киндиён буданд. Огози салтанати киндиёнро хатто ба асри III мелоди нисбат медиханд. Дар арафаи пайдоиши ислом ин минтака кисман вассали империяи шоханшохии Эрон буд. Кисмати шимолии Арабистон низ мустакилияти том надошт ва ин манотик гох зери таъсири Эрони сосони ва гох зери таъсиру каламрави Рум ва дар ибтидои асри VII байни ин харду таксим шуда буд. Ду кабилаи асосии сокини ин минтака Лахмидиён ва Гассониён буданд. Аввалин, дар шимолу шарки Арабистон, минтакахои гарбии Ироки имруза сукунат доштаанд. Шахри марказии онхо Хира вассали Эрон буд. Дуввумин, дар кисмати шимолу гарби сукунат доштаанд. Гассониён, ки насрони буда, зери таъсири импературии Византия \Рум\ карор доштанд ва дар рушду такомули адабиёту забони араб таъсири зиёде гузоштаанд. Дар ин минтака, низ зери таъсири ин ду империя, сохторхои муайяни сиёсие ба вучуд омаданд. Махсусан, давраи хокимияти бистсолаи волии лахмиди Нуъмон ибни ал-Мунзир давраи кудрат гирифтани лахмидиён ба шумор меравад. Аммо дар Арабистони маркази то зухур ва кудрат ёфтани ислом хеч гуна сохтори сиёсии классики, ки шабех ба системахои сиёсии маъруфи онруз бошад паёдо намекунем. Тарзи зиндаги ва конуни ичтимоию идории ин минтака устувор ба муносибот ва конунхои нонавиштаи кабилавию авлоди буданд. Шахрхои асосии он ба тартиб: Макка, Мадина, Тойиф шахрхои худмухтор ба шумор мерафтанд, вале бидуни дастгохи сиёсию ташкилоти идори. Баъзе умури иктисодию тичорати ва сиёси масалан чанг, ташкил ва тадоруки корвонхои тичорати ва гайра дар асоси мувофикати раисон ва шайхони кабоил халлу фасл мешуданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222