Асоси боварй ва таълимот (усули дин)-и масехиён иборат аз мавзухои зерин аст:
- боварй ба мукаддас ва вахй будани китоби «Библия»;
- боварй ба Худо дар се симо (икнум): Падархудо, Писархудо(- Эсои Масех=Иисус Христос), Рухулкудс,
- боварй ба имкони пок намудани гунохон ва начоти инсон аз нахустгунох;
- боварй ба накши миёнаравии калисо;
- боварй ба вучуди фариштахо ва шайтон (иблис).
- Китоби мукаддас «Библия» сарчашмаи асосии таълимот ва боварихои насрониён аст. Мувофики эътикоди масехиён «Библия» суханони илохй мебошад, ки аз тарики вахй ба пайгамбарон нозил шудааст.
Ин китоб аз ду кисм- «Ахди кадим» ва «Ахди чадид» иборат аст. Ахди кадим, панч китоби Мусо , ки Таврот ном дорад ва кутуби подшохон ва набиёнро дар бар мегирад. «Панчкитоби Мусо» аз китобхои «Хастй», «Хуруч», «Ибодат», «Ададхо» ва «Такрори Шариат», инчунин гайр аз ин боз 34 китоби подшохон ва набиён, чунон ки дар боби яхудия гуфтем, дохил шудааст. «Ахди чадид» аз чор «Инчили Исо»: «Матто», «Маркус», «Луко» ва «Юханно» ва 33-номаи шогирдони у ташаккул ёфтааст.
Теологхо (уламо)-и насронй байни вахй ва илхомот фарк мегузоранд. Вахй оётест, ки ба воситаи он Худо хакикати нав: маъниву ахкоми тозаи каблан ба акли инсонхо ноаёнро нозил кардааст.
Аз назари илмй Библия яке аз сарчашмахои мухимми таърихй, мазхабй ва бадеии -фархангй яке аз барчастатарин ёдгорихо ва шохкорихои маданияти башарист. Вай дар худ чахонбинй ва тасаввуроти инсонхоро дар бораи пайдоиши олам, инсон ва маънои хастй, зиндагй ва ахлокиёт инъикос кардааст.
Библия дар тули 1500 сол аз чониби худуди 40 муаллифон навишта шудааст.[1] Вай то имруз ба аксари забонхои дунё, аз чумла ба забони точикй (дар соли 1992 аз тарафи Институт тарчумаи Библия дар шахри Стокгольм, мукаммал тарчума ва нашр шудааст.
ТАЪЛИМОТ ДАРБОРАИ ХУДО
Дини Насронй, яке аз динхои тавхидй (монотеистй) ба шумор меравад. Тибки таълимоти насронй Худо вохид ва якто буда, дар се симо( икнум): Падар, Писар ва Рухулкудс (Худо Падар, Худо Писар,
Рухулкудс) зохир мешавад. Ин тасаввуротро дар диншиносии таърихии мо таслис (аз калимаи араби, маънояш сегона) меноманд. Таслис- се чехраи як андом(се дар як вахдат аст) Худо дар мохияти худ ягона аст. Харчанд дар чехра сегона аст.
Худо дорои сифоте (атрибутхое) чун: татирнаёбандагй (самадият) хамабини (басират), кудрат, човидонй, мукаддасй, мухаббат ва гайра мебошад.
Таълимот дар бораи Эсои Масех як кисм аз таълимот оид ба Худо мебошад. Масехиён, чунон ки каблан ёдоварй шуд Эсоро Худо (Писари ягонаи Худо) мешуморанд, чун у номхои худой, сифати худой, аъмоли худой дорад.
Дар баробари ин ба инсонияти Эсо низ муътакидан, чун у дорои номи инсонй, чисми табии, бунёди инсони, хамон эхсосоте, ки хоси одамони маъмули мебошанд, буд.
Хамчунин асли бовари ва таълимоти дини масехиро таълимот дар бораи чигунагии марги У, эхёи У, ба осмон рафтани У ва бозгашти У дар бар мегирад.
Таълимоти масехият дар мавриди инсон. Назарияи масехиён оид ба хилкат,офариниш, зиндагии то гунохи нахустин хамон аст, ки дар дини яхудия буда.
Ва аммо он чи дар Таврот (Ахди кадим) нисбат ба офариниши инсон омадааст чунин аст: Дар рузи шашуми офариниш, пас аз офаридани хайвоноти вахши, чорпоён ва хазандагон Парвардигор даст ба хилкати Одам мезанад: «Ва Худо Гуфт: Одамро ба сурати мо биофарем; ва онхо бар мохиёни нахр ва бар паррандагони осмон ва бар чорпоён ва бар тамоми замин хукм ронанд.» (Хасти. 1:26). Ва нихоят «Худо одамро ба сурати худ офарид, уро ба сурати Худ офарид; онхоро марду зан офарид.» (Хасти. 1:2б).
Дар чои дигар хамин мазмун бо каме тавзех омадааст «Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба биннии вай рухи хаёт дамид, ва Одам чони зинда шуд.» (Хасти. 2:7).
Баъд аз ин тасвиру баёни достони сукунати Одам дар боги Адан, офарида шудани зани Одам Хавво ва нофармони кардани онхо ба фармоиши Худо (бо хурдани меваи мамнуъшуда ), нафрини Худованд ва ронда шудани онхо аз бог меояд.
Назарияи талофи ё’ кафораи гунохон яке аз таълимоти асосии насроният мебошад. Дар консепсияи яхуди – насронии инсон нахустгунох ва окибати он ба хамаи насли Одам тааллук мегирад. Кафорат аз чанд тарик: аз тарики шафоъати Эсои Масех, эътикод, тавба, таваллуд аз олами боло, табраъа (сафед) шудан, писархонди, намоз ва гайра сурат мегирад.
Таълимот оид ба калисо (церкв) яке аз кисматхои таркибии таълимоти насрони мебошад. Калисоро насрониён падидаи наве дар таърихи замин мешуморанд.
Калисо дар Инчил хамчун тани ноаёни Эсои Масех аст. Он чойест, ки муъминони аз ин олами пургунох бозпасхонда шуда, бо Рухулкудс эхё ва бо хам ва бо Эсои Масех хамчун аъзои як тан дар Мулку Салтанати У, пайваст гардидаанд.[2]
Аз ин ру, вакто, ки калисо гуфта мешавад, набояд хамон бино ё кохи ибодатгохе ё чамъомадгохи муъминонро дар назар дошта бошем. Бино аз санг сохта мешавад, калисо бошад аз одамон ва фариштагон – «Сангхои зинда» (1 Петр. 2: 5) ташкил мешаванд. Хизмадгузорони калисо, мувофики боварии ин дин, наздикон мукарабони Масеханд.
Калисохои насрони хамчунин махалли ибодатхои гурухи, чашни идхо, гусли таъмид, никох ва гайра мебошанд.
Калисо таърихан накши хеле муассире чи дар хаёти ичтимоию сиёси ва чи маданию маънавии кишвархои масехи гузоштааст ва мегзорад.
Тайр аз он дар насроният боз таълимот оид ба мавчудоти рухонии фариштаву малоик ва иблис (шайтон) мавчуд аст, ки дар ин китоб имкони баёни хамаи онхо нест.
[1] Библия\\дар бораи Библия.. тарч. точикй. Стокгольм. 1992. -С.7.
[2] Ниг: Константин Левшения. Доктрины Библия, с. 211-241; «Жив Бог» (православный катехизис) Под ред порт . К. Фатиева.