Главная / Илм / АЗ ТАРАФИ РОССИЯИ ПОДШОХИ МУСТАМЛИКА ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ХАЁТИ ЧАМЪИЯИСИЕСИ.

АЗ ТАРАФИ РОССИЯИ ПОДШОХИ МУСТАМЛИКА ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ХАЁТИ ЧАМЪИЯИСИЕСИ.

Вазъияти ичтимои – иктисодии давлатхо ва бекигарихои Осиёи Миёна дар арафаи истилои Россия дар боби гузашта шарх дода шуд. Хукумати Россия кушиш менамуд, ки бо рохи дипломати ва муносибатхои иктисоди мавкеи худро дар Осиёи Миёна мустахкам намоянд.
Кушишхои Британия дар рохи вусъат додани тичорат ва мустахкам намудани мавкеи сиёсию харбии худ дар Осиёи Миёна, Россияи подшохиро ба ташвиш оваранд.
Бинобар ин, хукумати подшохи, дар баробари инкишофи муносибатхои иктисоди – тичорати бо Осиёи Миёна, икдоми харбиро пеш гирифт.
Соли 1847 кушуни хукумати Россияи подшохи ба сохилхои бахри Арал расид. Дар ин хо истехк ми Раим (калъаи Арал) бино карда шуд. Сохтмони истехкомхо харакати бемонеаи корвонхои тичоратиро ба дохили Осиёи Миёна таъмин карда метавонист. Дар як вакт дастаи дигари харбии хук умати подшохи аз чониби Сибир ба Осиёи Миёна харакат карда, ба Хафтруд расид. Бо ин Россияи подшохи аз ду тараф аз Оренбург ва Омск ба давлати хонии Куканд ру ба ру шуд.
Соли 1853 куввахои харбии рус тахти фамондехии генерал -губернатори Оренбург В. А. Петровски калъаи Окмачит (Кизил Урда) – ро ишол карданд. Ин дар сиёсати забткории Россия, мархилаи навро кушод.
Аз ин давра рохи обии Россия ба Осиёи Миёна кушода шуд. Киштихои рус аз бахри Арал ба саргахи дарёхои Аму ва Сир шино мекарданд.
Россияи подшохи, дар баробари бо рохи харби ба тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна, воситахои дипломатиро низ васеъ истифода мебурд. Бо ин васила ба Бухоро ва Куканд ворид гаштани молхои рус истифода бурда мешуд. Соли 1858 ба Бухоро ва Хева бо сардории полковник Н.П. Игнатьев намояндагии дипломатии рус фиристода шуд. Гуфтушунид ба хони Хева ягон натича надод. Дар Бухоро дипломатхои рус ба баъзе муваффакиятхо ноил гаштанд. Амири Бухоро Насрулло намояндагии русро хуш истикбол гирифта, ба савдогарони рус додани баъзе имтиёзхоро ваъда дод. Бо ин максад мехост, ки дар мубориза ба мукобили хони Куканд Россия аз у пуштибони кунад. Аммо амали гашатани ин созишнома бо баъзе сабабхо душвор гардид. Россия ба хулоса омад, ки барои амали гаштани максадхои сиёси ва иктисодии худ дар Осиёи Миёна воситаи харбиро пеш гирад.
Барои аз тарафи Россия истило шудани Осиёи Миёна якчанд сабаб мавчуд буданд. Осиёи Миёна кайхо боз дивдати мамлакатхои хоричиро ба худ кашида буд. Дар навбати аввал Россия ва Англия барои Осиёи Миёна байни худ мубориза мебурданд. Барои ишгол кардани Осиёи Миёна султони Туркия ва шохи Эрон низ кишхои зиёд мекарданд. Онхо ба Осиёи Миёна чосусони худро фиристода ба манфиати Англия ва зарари Россия ташвикот мебурданд. Хамзамон Туркия ва Эрон дар Осиёи Миёна сиёсати пантурки ва панисломи мебурданд. Тахдиди аз тарафи Англия мустамлика кардани Осиёи Миёна Россияро мачбур кард, ки истилои хонигарихои Осиёи Миёнаро тезонад. Дар бораи сиёсати мустамликавиро пеш гирифтани Англия дар Осиёи Миёна сафири Россия Игнатев дар Констонтинопол борхо бо империяи рус хабар дода буд. (История таджикского народа.- T.II.- кн. 2.- С.132).
Амалиёти фаъолонаи давлати рус (бо рохи харби) дар Осиёи Миёна на факат хавфи аз тарафи Англия истило шудани Осиёи Миёнаро бартараф мекард, балки баръакс Россияиро ба худуди мулкхои Шаркии Британия наздиктар менамуд. Аз инчо чунин хулоса мебарояд, ки сабаби аввали аз тарафи Россия истило шудани Осиёи Миёна омили беруна буд.
Сабаби дигаре, ки ба омили беруна вобаста буд, шикаст хурдани Россия дар чанги Крим (1853-1856) ба хисоб меравад. Россия дар чанги Крим шикаст хурда, мавкеи пештараи байналхалкии худро аз даст дод. Барои баркарор кардани мавкеи пештара ба Россия лозим буд, ки чанги алабаоварро сар кунад. Лекин барои чанги калон Россияи подшохи на маблаг дошту на кувваи кофии харби. Давлатхои Осиёи Миёна аз чихати сиёси суст буданд ва доирахои хукмрони Россия бовари доштанд, ки хонигарихои Осиёи Миёнаро ба осони тасарруф карда метавонанд.
Соли 1861 дар Россия хукуки крепоснои бекор карда шуд. Ин ислохот барои таракиёти капитализм рохи васеъ кушод. Муносибатхои капиталисти бе бозори савдои ва манбаи ашёи хом таракки карда наметавонист. Осиёи Миёна ба ин талаботхои Россия баъд аз ислохот пурра чавоб дода метавонист. Дар як вакт мутлакият умед дошт, ки ба чойхои нав дехкононеро, ки аз сиёсати давлат норози буданд, мухочир намуда, зиддияти дохилиро бартараф намоянд. Чунин буданд омилхои сиёси ва иктисодии истилои Россия дар Осиёи Миёна. Бояд кайд намуд, ки дар сиёсати мустамликавии Россия дар Осиёи Миёна омилхои иктисоди бартари доштанд. Зеро ин сиёсат манфиатхои помешикон, капиталистон ва доирахои мансабдорони калони харбиро дар назар дошт.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222