Главная / Гуногун / Абуали Ибни Сино ки буд? – китоб дар бораи таърихи ин табиб!

Абуали Ибни Сино ки буд? – китоб дар бораи таърихи ин табиб!

ХАКИМИ БУЗУРГ

Хазор сол мукаддам дар Бухорои Шариф марди нобигае бо номи Абуали Хусайн ибни Абдуллох ибни Хасан ибни Али ибни Сино хаёт ба сар мебурд.

Ин номи тулонй монанди номхои дигари шаркии онруза ба назар ачиб намояд хам, дар таркиби он чузъи иримукаррарие нест. Андаке баъдтар маънои ном равшан хохад шуд.

Ибни Сино? Кист у?

Духтурон мегуянд, ки у шифокори бузург аст.

-Не, у муначчим ва риёзидони машхур аст, – изхор медоранд олимони сохаи риёзиёт.

Хамчунин, шоир ва нависандаи номист, – мегуянд адибон.

-Олими заминшинос хам хаст,- иди менамоянд заминшиносон.

-Мусикишинос хам хаст, – илова мекунанд ахли мусики.

– Файласуф хам, – арза медоранд файласуфон.

Ва хамаи онхо дар сари даъвои худ хаканд.

hide-and-seekПас, ин марди хамвора саргардон, даме хокиму гохе вазир ва муддате банди калъаву зиндон кист?

Чаро баъди сад соли барзиёд аз вафоташ бо фармони мутаассибини дин осори фалсафии Ибни Сино дар майдони марказии Багдод оташ зада шуд?

Вале чандсад сол сонитар дар Аврупо, баробари ихтирои дастгохи чоп, пас аз «Таврот», дафъатан панч чилди азими «Ал-конун фй-т-тиб»-ро мунташир месозанд, ки муаллифи он Ибни Сино буда дар Аврупо уро «Ависенна» ном мебаранд.

Кутубхонахои мусулмонй дар тамоми даврахо осори уро боэхтиёт нигавдорй мекунанд ва ба кам андар кам одамоне рухсати дастрасии онхо дода шудааст. То хол дар хусуси бисёр асархои у танхо ривояте медонему бас. Вале маълум аст, ки котибону хушнависон осори Ибни Синоро бо майлу рагбат ва диккати тамом нусхабардорй менамуданд. Дар кишвархои мухталифи Аврупо тавассути дастгохи чоп онхоро мунташир месохтанд, ба забонхои гуногун тарчума мекарданд.

Мардуми Осиёи Миёна хамеша дар сифату ситоиши у афсонахо мебофанду достонхо месароянд.

Зимни даъвати Шурои Умумичахонии Сулх тамоми мардумони руйи замин хазораи зодрузи уро чашн гирифтанд*.

Хуллас, ин мард – Ибни Сино кист?

МуаллифВалерий Михайлович Воскобойников 

Давомашро дар ин сахифа хонед >>>

Худи китобро яклухт аз ин сахифа метонед бубинед >>> abuali-sino-tarix

Дар борамон

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …

222222222222222