Главная / Маданият ва санъат / Абулкосим Фирдавси -Шохнома (хамосаи миллии мардумони Ориёи)

Абулкосим Фирдавси -Шохнома (хамосаи миллии мардумони Ориёи)

Шохнома – хамосаи миллии мардумони Ориёи , ки Абулкосим Фирдавси онро солхои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Хамоса  аз 60 хазор байт (120 хазор мисраъ) иборат аст ва бузургтарин хамосаи  чахон, ба хисоб меравад.

imagesФирдавси асари худро дар замоне навишт, ки  давлати бузург ва муттамаркизи точикон – Сомониён гирифтори каш-  макашхои дохили буд. Вай дар синни 35-солаги пас аз он ки ба Бухоро ва дигар чойхо сафар карда, бар иловаи «Шохномаи Абумансури» дар  бораи гузаштаи мардумони Эрон маълумоти муфассал чамъ овард, ба  танзими хамосаи худ «Шохнома» шуруъ намуд. Сар то сари он ба химо-  яи чунин давлат ва ягонагии мардум бархоста, далери, озоди, садокат,  ватандусти ва кахрамони барин волотарин хислатхои инсониро таргиб  намудааст.

Муттахидшавии эрониён дар мубориза бахри мустакилияти  давлат барои бартараф намудани низоъхои феодали ва зулму истибдо-  ди хокимони махалли дар Фирдавси фикри офаридани эпопеяи азими  «Шохнома»-ро ба вучуд овард. Сарчашмаи асосии хамосаи Фирдав-  сиро силсилаи гуфтори саккои, сугди дар бораи Рустами баходур, ки  беш аз сеяки достонро дар бар мегирад, инчунин афсонахои сугдиву  хоразми дар бораи Сиёвуш ва афсонаи бохтари дар бораи Исфандиёр  фарохам овардаанд. Аксарияти асотири фасли аввали достон, ки бо  афсонахои дар Авасто ишораёфта мушобех мебошанд, аз манбахои  осиёимиёнаги баромадаанд. Ривоятхои оид ба давраи Сосони (кисмати  хурди достон) асосан аз маъхазхои хатти, ахсусан аз адабиёти пахлави  иктибос шудааст. Фирдавси маъхазхо (вокеаномахои таърихии сосонии  «Хватай — намак» «Шохномаи Абумансури») ва ривоятхои дахонакии  халкро аз нав кор карда, тавсифи вокеахоро ба тарики худ шарх дод.  Вале аз рузе, ки Фирдавси ба таълиф намудани ин асар камар баста  буд, хеле вакт гузашт. Дар ин муддат давлати Сомони аз по афтода, аз  хомиёни шоир касе намонда буд.

Он гох Фирдавси аз руи маслихати  яке аз одамони хайрандеш «Шохнома»-ро ба султон Махмуди Газнави,  ки ба сари хокимият омада буд, такдим намуд. Лекин Махмуд ин тухфаи  шоиронаро рад намуд ва чунон, ки накл мекунанд, хатто шоирро аз  сабаби тасвир намудани кахрамонон ва подшохони пеш аз исломи ба  кофири айбдор намуд. Мукаддимаи «Шохнома» аз бобохои «Огози  китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад», «Гуфтахоро дар офариниши  олам», «Ситоиши паёмбар ва ёронаш» фарохам омадааст. Достон аз  се фасли асоси иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли  дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён  бахшида шудааст. Дар бораи таърихи Ашкониён низ сухан меравад.  Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшохони Эронзамин (аз  Каюмарс то Яздигурди III) таркиб ёфтааст. Аз назари мардуми кадим ва  имруз шохони дар асар тасвиршуда ашхоси таърихиянд ва «Шохно-
ма» таърихи Эронро аз заминхои кадим то асри VII дар бар мегирад.  Паихам аз байн рафтану ба тахт нишастани шохон дар «Шохнома»  барои риояи хронологияи таърихи, тамомияти асар, пурраги ва му-  каммалияти он мадад мерасонад.

«Шохнома»-ро ба се бахш метавон чудо кард: 1) асотири, 2) пахлави,  3) таърихи. Дар бахши асотирии «Шохона» якчанд шохон – Пешддиён аз кабили  Каюмарс, Хушанг, Тахмурас, Чамшед, Заххок, Фаридун ва дигарон амал  менамоянд. Дар замони шохони мазкур мардум унсурхои маданият,  тарзи зиндаги, тайёр кардани хуроку либос, хонасози, кашфи оташ, ху-  нари бофандаги, силохсози, кишту кори зироат, киштисози ва гайраро  омухтанд. Дар замони ин шохон чашнхои кадимии мардуми эрони-  нажод Сада, Навруз, Мехргон ба миён омаданд. Пахлавонони зиёде  дар майдони набарду корнамои пайдо мешаванд: Соми Наримон, Зол,  Гударз, Бежан, як зумра занони шучоъ ва диловар, модарони мушфик  ва хамсарони фидокор аз кабили Гурдофарид, Рудоба, Манижа, Фаран-  гис, Тахмина чун образхои мусби тасвир ёфтаанд. Аз давраи Дорову  Искандар ва Ашкониён кисми сеюми «Шохнома» – кисми таърихии  он огоз мегардад. Нахустин достони хачман калон ва дилангезу сар-  гузаштии «Шохнома» достони Ардашери Бобакон аст, ки дар асоси  манбаъхои таърихи, осори таърихии пахлави, араби ва форси дари  навишта шудааст.

Фирдавси дар ин кисм чангхоро тасвир карда, ба гайр  аз образи шохон образи намояндагони табакахои ичтимои, мардуми  мехнаткаш, дехконону косибон, занону духтарони оддии дехот, Мазда-  ки шуришгар сипохиёнро бо сардории Бахроми Чубина, ахли санъат,  Борбаду Саркашро тасвир кардааст. Дар ин кисм аз равобити илмиву  фархангии Эрону Хиндустон тарчума шудани «Калила ва Димна» чаш-  нхои гуногун Сухан меравад. Фирдавси ба тасвири сохти давлатдори,  умури хукумат, коргузори, бочхохи, ахволи мардумони табакахои гу-  ногун, нигохдории сипох, масъалаи таълиму тарбияи чавонон дар  замони Хусрави Анушервон такрибан 5 хазор байт бахшидааст. Дар  охири кисми таърихии достон Фирдавси бо сузу гудоз ва хасрати зиёд  аз шикаст хурдани Эрон аз тарафи ачнабиён -истилогарони арабсухан  меронад. «Шохнома»-и Фирдавси ахамияти умумичахони низ дорад,  бо кушиши тарчумонхои собиткадам Фирдавси ба чахони маънавии

халкхо ворид гардид. Дар дили мардуми гуногунзабон маснад гузид ва  дар радифи Хоммеру Варгилий, Данте ва Шекспир, Сервантесу Волтер  шинохта шуд.

Устод С.Айни зимни рисолаи «Дар бораи Фирдавси ва „Шохнома“-и  у» овардааст, ки «Шохнома»-ро дар замони ачнабиён ба номи Исо  бинни Исфахони ба тарзи наср ба араби тарчума кардааст, ки ин тарчу-  ма дар соли 679 хичри тамом ёфтааст. Дуюмин забоне, ки ин китоб  тарчума шудааст, туркист ва ин корро асри XVII Тотор – Али Афанди ба  анчом расонидааст. Асари Фирдавси дар байни туркзабонони Осиёи  Миёна хеле шухрат ёфта, аз аввали садаи XVIII онро узбекхо низ ба  забони худ мехонданд. Аврупоиён аз рузгор ва асари Фирдавси барвакт  вокиф буданд, вале онхо ба истикболи Фирдавси замоне огуш кушо-  данд, ки дар адабиёт услуби романтизм тахким меёфт. Нахустин бор аз  тарафи шаркшиноси англис У. Чонс «Шохнома» (с.1774) тарчума шуд.  Аз байни русхо то соли 1947 М. Лозинский, М. Дяконов ва У. Б. Бону  барои тарчумаи «Шохнома» кувва озмудаанд.

Натичаи хамин буд, ки  соли 1934 хазораи Фирдавсиро халкхои мутамаддин чун иди адабиёти  чахон тачлил карданд. Бояд гуфт, ки «Шохнома» аз тамоми хамосахои хурду бузурги кахрамони ва миллии мардумони гуногун «Суруди Ро-  лан», «Достони полки Игор» ба он имтиёз дорад, ки дар назари суха-  нофарин ба вокеоти олам, саргузашти сарнавишти инсонхо, мохияту  маънии зиндаги накши калон дорад ва танхо ба наклу тасвири рузгори  кахрамонон иктифо наварзида, хар чое, ки раво дидааст, чахонбини  ва фалсафаи худро баён кардааст. Фалсафаи шоир бештар ба сурати  панду андарзхо рочеъ ба масоили гуногуни зиндаги ифода ёфтааст.

Донишмандон дар бораи «Шохнома» фикрхои чолиб баён наму-  даанд. Муаллифи «Чахор макола» Низомии Арузии Самарканди кайд  мекунад, ки дафтархои алохидаи дастнависи дуюми «Шохнома»-и  Фирдавси аз варакхои калони когази аълосифати Самарканд тайёр  карда шудааст. Бояд гуфт, ки он замон дар Самарканд когази аълосифат  истехсол карда мешуд. Аммо нархи он когаз бисёр баланд буд. Аз ин  сабаб, на хамаи ахли калам аз он истифода мебурданд.

Ба фикри мухаккикон, «Шохнома» дар асоси «Худойнома» нависта  шуда, Фирдавсии бузургвор бо ду максад асари мазкурро эчод наму-  дааст: дубора эхёву зинда кардани таърихи халки форсу точик ва тоза  нигох доштани забони точики аз забони араби. Хар ду максад хам  барои нигахдории маънавият ва халки мо хидмати бузург кардааст.

Достонхои эпики ба Фирдавси кумак намудаанд, ки забони адабиро  ба забони зиндаи халк иваз кунад. Дар шеърияти Фирдавси хам за-  бони зинда ва хам кахрамонихои бемислро дидан мумкин аст. Вакте  султон Махмуди Газнави ба тахти подшохи мешинад, синни Фирдавси  ба панчоху хашт расида буд. Фирдавси дар синни хафтоду яксолаги  мувофики маслихати дусти чониаш Амир Мансури «Шохнома»-ро ба  султон Махмуди Газнави такдим мекунад. Эроншиноси машхуру маъ-  руф Бертелс маълумотеро дар бораи «Шохнома»-и Фирдавси ва султон  Махмуди Газнави аз «Таърихи Сиистон» таъкид намуда менависад:

«Фирдавси ба султон Махмуд „Шохнома“-ро хонда дод. Махмуд  гуфт, ки дар асл „Шохнома“ дар худ хеч чизи асосиро надорад, ба гайр  аз „Гуфтор дар бораи Рустам“. Дар кисми харбии ман мисли Рустам  хазорон пахлавон мавчуд аст». Фирдавси ба султон Махмуд бисёр ча-  воби бамаврид ва пухта додааст: «Дар байни гуломони Шумо монанди  Рустам хеч гох набуд ва нахохад шуд». Эроншиноси шухратёри немис  Гелмут Рейтер кайд мекунад, ки дар олам ягон халк мисли точикон чу-  нин эпос надорад, ки тамоми таърихи ин халкро дарбар гирифта бошад.  Алломаи машхури Эрон Мухаммад Али Фуруги «Шохнома»-ро яке аз  аз ёдгорихои бузурги адабиёти точику форс номида, чунин гуфтааст:

«Зиёда аз ин тасдик намоем, ки ин яке аз дурдонахои адабиёти сатхи  чахони мебошад. Ман бояд гуям, ки „Шохнома“ бузургтарин ёдгории  адабии инсоният аст».

Академик Б.Гафуров нисбати шоир гуфтааст: «Фирдавси низ шараф  ва ифтихори тамаддуни чахони аст.»

Соли 1994 бо карори махсуси ЮНЕСКО хазораи «Шохнома» дар  саросари чахон чашн гирифта шуд. Пас аз чашнгирии ин шохасар  мухаккикони адабиёт ба хулосае омаданд, ки дар достонсарои макоми  Фирдавси ба пояи Гомер баробар аст.

Давлятова Робиа – магистри курси 2 филологияи точик

Дар борамон

Инчунин кобед

pir

Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо

Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …

222222222222222