Даврони ссалтанати Сомониён дар таърихи халки точик дарачаи баланди хаёти сиёсй, пешрафти иктисодй ва комёбихои намоёни фарханг буд.
Сомониён тавонистанд, зулми бегонагонро бартараф намоянд, тамоми каламрави ачдодиро дар як марказ муттахид намоянд, дастгохи пуркудрати идоракунии давлатиро сомон диханд, ба тохтутози ачнабиёни кучй хотима диханд, барои пешрафти илму фарханг заминахои моддй фарохам оваранд. Хизмати шоёни ин хонадон аз он иборат буд,ки забони дарй – точикиро забони давлатй эълон карданд.
Хидмати бузурги Сомониён ин буд, ки сулола ба раванди бедориву эхёи фархангии мардуми точик хамовоз гашта, нагузоштанд, ки забону суннатхои ин мардуми куханбунёд аз байн равад. Нахустин кадам дар ин кор ахамият додан ба забони (точикй) форсй буд. Дар даргох забони форсй точикй макоми забони давлатиро гирифт.
Дар замони Сомониён баробари дигар сохахои хочагй, инчунин ба пешрафти илм ва маърифат рох кушода шуд. Шахрхои калони давлат ба марказхои фархангии чахонй табдил ёфтанд. Сомониён чунон пояи мустахками маданияти хешро асос гузоштанд, ки онро ачнабиён аз байн набурда, забону урфу одати хешро ба он мутобик сохтанд. Ин маданият ба мардуми кучй хаёти мукимнишиниро омузонида, онхоро сохиби маърифату шахрхо гардонданд.
Дар таърихи давлатдории халки точик ва дигар халкдои Осиёи Миёна накши Сомониён нихоят бузург аст. Сомониён бо зиракй ва равшанандешй суннатхои тоисломии ачдодони моро бо фарханги исломй омезиш дода, фарханги чахоншумули точику форсро барои хазорсолахои баъдй ба мерос гузоштанд.
Баъзе фархангу забон ва тамаддунхои анй зери таъсири фарханги исломй аз миён рафт. Сомониён забону фарханг ва истиклоли сиёсии мардуми эронинажодро пас аз дусад сол дубора эхё карданд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …