Дуохои маъсура дуохое мебошанд, ки дар Куръону хадис омадаанд. Чунонки ёдовар шудем, яке аз одоби дуо ин аст, ки шахси дуокунанда бо он дуохое, ки дар Куръону хадис омадааст, Худоро бихонад. Дуохои маъсура фазилат ва хусусиятхои зиёде доранд, ки дар ичобати дуо таъсирбахш мебошанд. Яке аз мухимтарин фазилатхои дуохои маъсура ин аст, ки худи Паёмбар (с) аз дуохои куръони истифода мекард ва сахобагонро низ ба он тавсия медод.
Хамчунин дуохои маъсура одоб ва тарики дурусти дуо карданро дар бар мегиранд. Аммо бештари мардум аз одоб ва тарики дурусти дуо кардан огах нестанд ва намедонанд бо Офаридгори хеш чи гуна ва бо чи алфоз дуо кунанд. Вакте ки дар дуохои маъсура ин амр риоя шудааст, пас чаро дар дуохои худ аз онхо истифода накунем?
Агар мо ба киссахои ибратомузи паёмбарон дар Куръони карим назар кунем, мебинем, ки такрибан аз хар паёмбаре як ё ду дуо накл шудааст. Максад аз овардани дуохои паёмбарон дар Куръони карим низ хамин аст, ки бандагон одобу тарики дуо ва равиши розу ниёз бо Офаридгори худро биомузанд. Вакте хазрати Одам (а) ба хурдани гандум галати худро дарк кард, мехост аз кори кардааш назди Парвардигор тавба кунад, вале тарики тавба ва чи дуо карданро намедонист. Худованд бо фазлу карами хеш ба у калимахоеро ёд дод, ки ба воситаи он дуо кард ва Худованд тавбаашро пазируфт.
«Пас, Одам аз Парвардигори худ сухене чанд фаро гирифт. Пас, Худо бо мехрубони бар вай бозгашт; хамоно У Бозгардондаи Мехрубон аст».«Гайри Ту хеч Худои бархак нест; Поки Турост, ба дурусти ки ман аз ситамгарон будам». «Пас дуои уро кабул кардем ва уро аз гам начот додем; хамчунин муъминонро начот медихем».
Яъне шахсе, ки бо дуои хазрати Юнус (а) Моро бихонад, дуояшро кабул карда, уро аз хар гаму андух начот медихем.
Ин фазлу рахмати илохи бар бандагонаш аст, ки фоидаи дуоро бар худи банда бармегардонад. Илова бар ин, дуо кардан хукми ибодатро дорад, ки бо анчом додани он банда савоб мегирад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …