Ахлок яке аз шаклхои шуури чамъияти ва ходисаи таърихи, мачмуи коидахои рафтори таърихии ташаккулёфтаи мардум мебошад, ки тачрибаи чандинасраи муносибатхои инсониро фаро мегирад. Мазмун ва роху равиши ахлокро шароити моддии чомеа муайян карда, онро ба майдон меорад, мухофизат мекунад ва таракки медихад. Хулк муносибати одамро ба одам, чамъият ва оила муайян мекунад.
Бузургони илму адаби форсу точик дар мавзуи хулки поку соф басе ранчхо бурда, мафхуми покиро ба арши аъло бароварда, то ба симои фариштахои беайб шабохат дода, дар тули карнхо аз илми ахлок бахри беканоре ба вучуд овардаанд. Ин ранчхо дар таърих бахри ахлок аз эчодиёти халк ва устод Абуабдуллохи Рудаки огоз ёфта, то мутафаккирони кунуни фаро расидааст.
Назария, мавзуъ ва масоили таълиму тарбияви дар эчодиёти гурухе аз адибон хамчун дастовардхои мустакил набуда, дар таркиби асархои адаби омехта, бо афкори сиёсию ичтимой интишор ёфта, манзури ахли биниш гардидаанд. Ба ин маъни офаридахои Абуабдуллохи Рудаки, Абушакури Балхи, Абуали ибни Сино, Абулкосим Фирдавси, Асадии Туси, Умари Хайём, Саъдиву Хофизи Шерози, Камоли Хучанди ва дигарон ба ин ё он муносибату мавриде таълиф ёфтаанд. Аммо дар ин миён дар майдони адабиёт ва маданияти халк бузургоне кадам ниходаанд, ки афкору акоиди хешро махсус ба ахлок ва таълиму тарбия бахшида, асархо офаридаанд.
Ахлок чист?
Ахлок синоними – хамманои калимаи “Одоб” ва “Фаросат” аст ва ба руси онро “Этика” меноманд.
Чунончи, «Човидон хирад»-и Абуали Ахмад ибни Мухаммад Яъкуб (ваф. 1030), «Рушноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хусрав (1003-1088), «Тухфат-ул-вузаро»-и Абдуллохи Ансорй (1006-1088), <{Кобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус (1020-1099), «Кимиёи саодат», «Насихат-ул- мулук»-и Имом Мухаммади Газзолй (1094-1107), «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллох (1118-1157), «Панднома»-и Фаридаддин Аттори Нишопурй (1119-1233), «Бустон» ва «Гулистон»-и Шайх Муслихиддин Саъдии Шерозй (1184-1292), «Ахлоки Носирй»-и Шайх Насируддини Тусй (таъ. 1235), «Макорим-ул-ахлок»-и Амир Сайид Алй ибни Шаххоби Хамадонй (ваф. 1384), «Бахористон»-и Мавлоно Абдурахмони Чомй (таъ. 1478), «Шарх-ул-одоб»-и Мулло Мухаммади Табризй (ваф. 1494), «Ахлоки Мухсинй» ва «Анвори Сухайлй»-и Хусайн Воизи Кошифй (1420-1505), «Ахлоки Чалолй» ва «Лавомеъ-ул- ишрок-фй-макорим-ул-ахлок»-и Чалолуддин Мухаммади Даввонй (таъ. 1475), <<Одоб-ус-солихин»-и Абдулхак ибни Сайфиддин Кодири Дехлавй (ваф.1642), «Одоб-ул-мубин»- и Гиёсуддин ибни Эшон Мирзиёуддин (таъ. 1867), «Ахлоки Музаффарй» (таъ. 1860) ва «Ахлоки Мухаммадй»-и (таъ. 1871) Мир Абутохирхочаи Садри Самаркандй (ваф. 1885), рисолахои ахлокии «Мебояд дид», «Мебояд писандид»-и Мухаммад Хусайн Толиби Пурй (таъ. 1879) ва амсоли инхо.
Устодон ва суханварони адаб дар ниходу табиати инсон чой доштани сифатхои олии ахлокро аз чумлаи бехтарин маънавиёту пояи одамият, мухимтарин воситаи камолот, асоси пешравии ркзгор, ободии мулк, мартабаю обру, хусни ботинию зевари инсон ба калам додаанд.
Намояндагони афкори пешкадам хаёти муфтхурона ва бекорию сарсариёнаро вобаста ба шароити таърихии ичтимой ва бо мурури замон дониста, сарчашмаи бадахлокиву бадбахтихо ва зарари хар гуна мусибатхо хисобидаанд. Онхо акида доранд, ки ибрати хайр ё шарри мухиту шароити зист дар тинату сирати одамон махз аз хурди таъсир хохад кард. Ба ин маънй Саъдй чунин мегуяд:
Эй салим, об зи сарчашма бибанд,
Ки чу пур шуд, натавон бастан чуй!
Махсули дастранчи ахлокии мутафаккирон дар хаёти сиёсиву ичтимоии давру замонхо, дар тарбияи ахлоки номусовии пок, дар хидмати моддй ва маънавиёти табакахо дар тули карнхо зинахоро тай намуда, то замони мо мазмуну мундаричаи худро набохтааст.
Ахлоки хамида, эътибору обру ва оинаи бегубори ботину бори гизой судбахши руху чони мардум буда, аз чумлаи масъалахоест, ки хамвора тахти назари давлат карор гирифтааст. Талаботи шароити рузгори муосир ба омухтани ахлокимахои бузургон эхтиёч дорад. Ин асархоро вобаста ба зарурати рузгори чори ва талаботи карорхои давлати, ки боиси ёрии тинати поку маънавиёт мегарданд, чамъ кардан салох аст.
Хислатхои олии ахлок ва парваридани хулку одоб ба хамаи аъзои чамъият аз талаботи рузафзуни замон аст. Талаб карда мешавад, ки аъзои чамъият хаёти худро бошуурона ба рох монанд. Барои тарбияи насли чавон ва навин зарурати баланд бардоштани сифатхои маънавй ва ахлоки меафзояд.
Муаллифи ин сатрхо, ки солиёни дароз пешаи омуузгории мактаби миёнаро ба зимма дорад, карор дода, ки бархе аз офаридахои ахлокии бузургони илму адаби точику форсро чамъ намуда, дар шакли китоби алохида ба хонандагон пешниход намояд ва ба ин васила дар кори хайр хиссае гузорад.
#АхлокДарИслом