Главная / Илм / Алокамандии максад ва вазифахои менечменти инноватсиони

Алокамандии максад ва вазифахои менечменти инноватсиони

Максадхои менечменти инноватсиони бо максадхо, миссияи корхона, фалсафаи он, анъана ва давраи хаётии корхона алокаманди дорад.

Субъекти фаъолияти хочагидории иктисодиёти муосир – ин корхона, ширкат, корпоратсия, яъне шахси хукуки мебошад, ки дар интихоби намуди фаъолият, хамкорон, моликият озод буда ухдадорихои муаянро дар назди давлат ичро менамоянд.

5154854Корхона мустакилияти стратеги ва амалиро дорост ва дар навбати худ хачми истехсол, номгуи махсулоти истехсолшаванда, сохтори ташкили ва технологиро муайян намуда, масъалахои рафтору муносибат дар бозорро низ худ хал менамояд.

Максадхои фаъолияти инноватсионии корхона аз нуктаи назари талаботхои дохили чунинад:

  • баландбардории самаранокии истехсолот аз хисоби навсозии пурраи низоми истехсоли;
  • баландбардории бартариятхои ракобати дар заминаи самаранок истифодабарии неруи илми, илми-техники, зехни ва иктисоди.

Максадхои ичтимои асосан барои баландбардории музди мехнати кормандон, бехтаргардонии шароитхои мехнат ва баландбардории хифзи ичтимои нигаронида шудаанд.

Максадхои инноватсиони бо коркарди навоварихо, гузаронидани корхо оиди патенткунони, азхудкунии нау-хау, намунахои нави саноати ва аломатхои моли алокаманди доранд.

Максадхои корхона дар доираи тичорати навоварихо гузаронидани чорабинихои фаъоли маркетингиро пешбини менамоянд, ки барои ишголи мавкеъ устувори бозори ва васеъсозии бозорхои фуруш нигаронида шудаанд.

Максадхои афзалиятноки менечменти инноватсиони ба рушд ва тараккии корхона дар заминаи фаъолгардонии амалиётхои инноватсиони, харакати фаъоли лоихахои нав ва технологияхои нав дар бозор, истифодабарии имкониятхои ояндаи махсусгардони ва диверсификатсияи истехсолот барои рушди фаъоли ба оянда нигаронида шудаанд.

Максадхои амалии ташкилот аз сермахсулгардонии чараёнхои коркард, татбик ва азхудкунии навоварихо, ташкил ва молиякунонии сармоягузори дар корхона, омузиш ва бозомузонии кормандон, такмили корхои илми-тадкикоти ва озмоиши-конструктори ва роху усулхои идоракуни иборатанд.

Максадхои сохтории ташкилот бо окилона амалкунии зернизомхои корхона, ба монанди истехсолот, корхои илми-тадкикоти ва озмоиши- конструктори, кадрхо, молия, маркетинг ва менечмент алокаманди доранд.

Таснифоти умумии максадхои менечменти инноватсиони аз руи нишондихандахои зерин сурат гирифта метавонад:

  1. Аз руи дарача: стратеги; амали.
  2. Вобаста ба мухит: беруни; дохили.
  3. Аз руи таркиб: иктисоди; ичтимои; сиёси; илми; техники; ташкили вагайра.
  1. Аз руи бартариятноки: бартариятнок; доими; анъанави; яквакта.
  2. Вобаста ба сохторхои амалкунанда (функсионали): истехсол; корхои илми-тадкикоти ва озмоиши-конструктори; кадрхо; молия; бозоршиноси; идорави.
  3. Аз руи даврахои хаётии ташкилот: пайдоиш (зохиршави); афзоиш; рушд; таназзул ва хотимаи давраи хаёти.

Амалигардонии максадхо аз ичроиши дуруст ва саривактии вазифахои идоракуни вобастаги доранд, ки банакшагири, ташкил, назорат, мутобиксози ва бахисобгириро дар бар мегиранд.

Вазифаи махсуси менечменти инноватсиони мебошад, ки идораи низоми чорабинихоро оиди тахлили омилхои мухити дохилию беруни, акидабинии фаъолияти ташкилот, банакшагирии амалигардонии стратегияи корхона ва максадхои гузоштагиро ба чунин намудхо таксим мекунанд:

  1. Аз руи мухлати ичроиш: кутохмуддат; миёнамуддат; дарозмудат
  2. Аз руи максад: стратеги; амали
  3. Вобаста ба объект: банакшагирии корхои илми-тадкикоти ва озмоиши-конструктори; истехсол; таъминот; фуруш; молияви ва гайра
  4. Аз руи омилхои истехсолот: ба накшагирии навсозии дастгоху тачхизотхо; такмилдихии технология; навсозии фондхои асосии истехсоли; таъмини ашёи хому масолеххо ва гайра.

Умуман таркиби чараёни банакшагириро тахлили омилхои мухити дохили ва буруни, тахлили имкониятхои истехсоли ва вазъи дастгохи истехсоли, тахлили корхои илми-тадкикоти ва озмоиши-конструктори, технологияхои нав, намудхои нави махсулот; тахлили вазъи молияви ва имкониятхои молияви, ташкил медихад.

Чараёни ба накшагири дар иктисоди бозори хусусияти директиви маъмури-фармонфармои надорад, аммо имкон медихад, ки стратегияи тараккиёт муайян карда шуда, низоми нишондихандахои аники фаъолият истифода гарданд. Мохияти банакшагири хамчун вазифаи асосии менечменти инноватсиони дар интихоби самтхои бартариятноки тараккиёт зохир мегардад.

Масъалаи асосии ташкил-хамчун вазифаи идоракуни ва ташаккулдихии сохторхои ташкили барои татбики навоварихо мебошад, ки ин чунин таъмини тамоми захирахо ва ичроиши накшаи чорабинихоро бо максади амалигардонии стратегияи тараккиёти корхона дар назар дорад.

Мураккаби, номуайяни ва хусусияти ташаббускори доштани бунёди навоварихо ташкил ва мутобикшавии кори ичрокунандаро ба яке аз вазифахои асосии менечменти инноватсиони табдил медихад. Вазифахои ташкил- ташаккулёбии сохтори менечмент ва таксимоти чараёнхои ахбори, энергетики, моди ва инноватсиони байни ичрокунандагон. Кисми мухим ва таркибии ин чараёни идоракуни, таксимоти ухдадорихо, таваккал ва ваколатхо ба хисоб мераванд. Ба вазифахои ташкили дар чараёни идоракуни тахрезии чараёни идоракуни, коркарди чорабинихо оид ба якхеласози ва стандартизатсияи усули воситахо, таксимоти ахбор вобаста ба зернизомхои менечмент ва гайра дохил мешаванд.

Баландбардории дарачаи илми-техники, технологи ва ташкилии истехсолот низ ба вазифаи ташкил алокаманди доранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222