Главная / Гуногун / Анчумани худоёни бобили

Анчумани худоёни бобили

Нахустин мачмуъ ё анчуман ( пантеон*)-и худоёни мутаадид дар тамаддуни шумери ба вучуд омадаанд, ки ном ва шумори он худоён афзун аз чахор хазор аст. Ва хар яке аз ин худоён намуде- мазхаре, тачассуми чузъие аз куввахои табиат буданд. Аз чумла:

  • – Ану, парвардигори осмон, худои бузурги шахри Ерек буд.
  • – Ки – худои замин
  • – Энхил ( ё Энлил)- парвардигори фазо, хавои фавконй ва худои чангчуву муборизи шахри Ниппур.
  • – Син – Худои мох,
  • Нанну( ёЗуена) худои шахри Ур.
  • Инанна- худоимухофизишахри Урук (хазораи 4 т.м.) худоиишква чанг
  • – Боббар, ки баъдхои номи Шамас хосил кард – худои осмон ва офтоб дар шахри Ларса.
  • ‘)ики (ба з. акоди-Эа) – худои модда (модари кулл) ва онро худои Иштар хам мегуфтанд, худои шахри Киш (баъзе гуфтаанд ш.Эреду).[1]

madrukИн худоён чун дар дигар марказхои тамаддуни кадим хусусияти одамгунаги (антропоморфи) доштанд, онхо бо хам мисли инсонхо муошират мекарданд, нисбат ба якдигар мехрубон буданд ва ачибтар аз хама, дар Бобил хеч худое ибодати худои дигарро манъ намефармудааст. Баъдан дар ин чо низ мисли он чи дар Миср буд, якчанд худоён бо хам як шуда, олами вучудро байни худ таксим мекунанд. Масалан, замоне Ану, Энилл ва Эра ба тартиб салтанати осмон, замин ва обхои зери заминро байни худ таксим карда буданд. Ин навъ иттиходи сегона (таслис) баъдан хам, хангоми рушду такомули зироат ва кишоварзи дар суратхои дигаре чой доштанд. Масалан, иттиход ё таркиби худои Шамас-худои Офтоб, Син-худои Мох ва Иштар худои модар хосилхези ва бовари.

Мадрух (ё Мадрук) бузургтарин худои Бобил буда, ба Иштар ракиб мебошад. Ин мархалаи дуввумин, мархалаи нави таркибёбии худоён аз бисёрхудои ба суи якто парасти буд, харчанд онхо то ба ин дарачаву сатх нарасидаанд.

Асли акоиди динии бобулиён дар хамосахо ва асотир мундарич гардидаанд. Аз чумла, ин асотир дар бисёр маврид бо акоиде, ки баъдхо дар оини зардуштиён дида мешавад ва бо мавзуъ ва ривоятхои тавротии яхудиён шабохат ва хатто айният доранд. Аз чумла, муборизаи худоёни нуру рушнои ва олихаи назму оромиш бо аждахои дарёи зулмат-Тиомат хело чолиб аст. Муборизаи нур ва зулмат дар дини монавия, ки баъдан хохем дид, ин устураро ба ёд меорад. Дигар тасаввурот дар бораи ибтидои пайдоиши олам, ходисаи обхези -«туфони Нух» (оби азоб) ва гайра, ки дар Таврот баъдан дохил шудаанд, айнан шабохат бо тасаввуроти динии бобилиён доранд. Алалхусус, асотири космогонгии шумериву бобили дар бораи пайдоиши олам ва офарида шудани инсон, гуфта метавон дар ташаккули космогонияи динхои соми таъсири зиёд доштаанд. Дар навбати худ достони фуру рафтани Иштар ба сарзамини мурдагон ва рамзиёти он шабохат бо мазмунхои авастои ва акоиди космологии тозардуштии эрони(устураи Ймо) дорад.

[1]   Чон Нос. Таърихи чомеъи адён.-С.45-46. Ва хамчунин ниг.: Али Асгари Хикмат. Таърихи адён. Чопи Гуте.Ч.5.-1371.- С. 70., ва История всемирной литературы М.: Наука.-1983.-С.86-88.

Дар борамон

Инчунин кобед

Israel-Western-Wall

МАРОСИМХОИ ЯХУДИЯ (Чухудхо)

Дар китоби дуввуми Таврот ( «Хуруч. 23: 12-17 ) омадааст: «Шаш руз корхоятонро кунед, ва …