Главная / Илм / Асли АДЛ дар дин

Асли АДЛ дар дин

Адл-  дуввумин асл аз усули дини ислом ва исми сифате аз сифоти Худост, вале чун ин асл таърихан бештар хангоми бахсхо оид ба маъод вобаста ба масоили сарнавишт, чабру ихтиёр мавриди бахс карор гирифтааст, мо онро дониста дар охири ин фасл овардем.

Асли адл он аст, ки парвардигор одил аст, ба касе зулм раво намедорад. Асли адл дар ислом хам чихати илохиёти (худошиноси) дорад, чунки баёнгари сифати Худост ва хм дастур, тавсия ва амри ичтимоию ахлокист. Далел ба ин он оёти зиёди Куръон ва хадисхои набавист,ки аз бандагон одил будан, нигах доштани адлу адолатро дар хама умурро талаб кардаанд. Яъне Худо одил аст ва аз бандагон низ риъояти адлу адолатро такозо дорад.

Аммо дар хамин маврид аст, ки таърихан вобаста ба таносуби адл ва к а з о в у к а д а р и илохи ихтилофхо ва бахсхои зиёде ба миён омада, хатто сабаби чудои ва пайдоиши фиркахо шуданд. Мафхуми к а з о в у к а д а р ё сарнавишт дар Куръон ва хадисхо хело печида аст. Оятхое хастанд, ки далолат ба маънии сад дар сад вобаста будани инсон аз сарнавиштказову кадари илохиро мекунанд. Масалан: “Мо ташоъу илло ан ташоа Аллоха” яъне, намехохед шумо хеч чизеро магар ин ки Худо хохад.\ К.Дахр:30 \ ё “Ман юзиллу Аллоху фа ло ходи лаху”-яъне, хар киро Худо гумроху залал карда пас рохнамое барои у набошад. \ К.7:186 \ ё ки мефармояд:”Фа лам тактулухум ва локинна Аллоху каталахум “. –яъне пас накуштед шумо ононро балки Худо кушт. \ К.8:17 \ ва хамчунин фармуда:

“Мо асоба мин мусибатин илло би изнил-Лохи”- яъне,мусибате ворид намешавад аз масоиб магар ба фармони Худо.\ К.64:11 \ Ва бар акси оятхои боло, оятхое хастанд, ки далолат ба ихтиёр ва озодии инсонро доранд. Масалан:” Мо асобака мин хасанатин фа минал -Лохи ва мо асобака мин сайиатин фа мин нафсика”.- яъне, он чи аз хуби ба ту ворид мешавад, он аз Худост ва он чи бади аст, он аз худи ту аст. \ .1.4:^9 \ Ё худ: “Инна Аллоха ло югайир мо би-кавмин хатто югайиру мо би-анфусихим” – Худованд вазъи хеч мардумеро аваз намекунад магар он ки худи онхо вазъи нафсонии худро тагйир диханд.\ К.Раъд:11\ Ин ихтилоф сабаб гардид , ки дар атрофи ин мавзуъ бахсу мучодилахои зиёде рух диханд. Яке аз чунин зиддиятхо метавонад он бошад, ки Парвардигор агар муъайянкунандаи такдир, холики аъмол ва инсон фокиди ирода бошад, пас барои гунохи беирода содир кардааш Парвардигор одамонро набояд мучозот кунад. Ин аст ки хаким Умари Хайём фармуда:

Холик туиву маро чунин сохтаи,

Кастам ба маю тарона дилбохтае.

Чун рузи азал маро чунин сохтаи, Пас бахри чи дар дузахам андохтаи?

Ё худ:

Ё Раб, ту гилам сириштаи, ман чи кунам? Пашму касабам Ту риштаи, ман чи кунам? Кар неку баде, ки ояд аз ман ба вучуд,

Ту бар сари ман навиштаи, ман чи кунам?

Ё ин ки мегуяд:

Ман май хураму хар ки чу ман ахл бувад.

Май хурдани ман ба назди у сахл бувад. Май хурдани ман Хак зи азал медонист, Гар май нахурам илми Худо чахл бувад.

Ва нихоят фарёд мезанад

Бар ман калами казо чу бе ман ронанд, Пас неку бадаш чаро зи ман медонанд ? Ди бе ману имруз чу ди бе ману ту, Фардо ба чй хуччатам ба довар хонанд ?

Ин хама баёнгари он ихтилофоти акидавист, ки дар байни мазохиб ва фиркахои исломй баъдан ба вучуд омаданд. Дар ин замина нахут ду мактаби фалсафию илохиётии ислом ба вучуд омаданд, ки бо номи ч а б а р и я ва к а д а р и я маъруфанд. Пайравони акидаи чабария амали инсонро сад дар сад вобаста аз иродаи илохй медонанд ва бараъкс пайравони кадария боварй доранд, ки инсон дар рафтори худ мухтор ва сохибирода аст. Акидаи чабарияро баъдан пайравони мактаби фалсафии а ш ъ а р й ва назари кадарияро мактаби м у ъ т а з и л а идома доданд. Ашъария мегуфтанд иродаи башар исме аст бидуни мусаммо, ирода дар хакикат аз Аллох аст ва хар чй у хост хохад шуд. Хар чй у хост бо махлук мекунад, монанди наккош ё кузагар месозад ва мешиканад.

Баръакс муътазила мегуфтанд башар дар иродаи худ озод аст ва бино бар ин дар аъмол масъул мебошад. Хулоса онхое, ки тарафдори чабри махз буданд чабария ва онхое, ки тарафдори озодии иродаи башар буданд кадария ва муътазила ном гирифтаанд.

Яке аз мухимтарин таълимоти аслии ислом эхсон аст, харчанд он ба усули дин бевосита тааллук надорад. Эхсон- некукорй мачмуъи тавсияхо ва таълимоти марбут ба усули ахлокй ва одобу мукаррароти тарзи зиндагии исломй мебошад. Он то хадде дар чорчуби “Амр бил-маъруф ва нахий мин мункар” ифода шуда аст. Яъне амру хидоят ба хулку атвори писандида ва манъ ва чилвагирй аз мункарот ва мухаррамот аз феълу афъоли бад мебошад.

Чун дин падидаи чамъиятист ва дар ин ё он хавзаи тамаддун ва фарханг ташаккул меёбад табиист, ки вай тамоми захирахои маънавй ва арзишхои ахлокии кобили кабули он манотик ва чамъиятхоро кабул ва ба он арзишхои нави дар заминаи ниёзхо ва заруриятхои ичтимоию таърихй ба вучуд омадаро зам намуда, ба онхо хукуки шаръй медихад. Дуруст аст, ки дар баробари ин баъзе арзишхои ахлокй, мукаррароти ичтимоии гузаштагон ва оинхои пешина, ки ба талаботи ичтимой-сиёсй ва мазхабии нав чавобгу набуданд рад карда мешаванд.

Ислом чун дигар динхо арзишхо, меъёрхову мукаррароти ахлокии умумиинсонй, ки дуздй, дуруггуй, одамкушй, бахилй, зино ва фасоду мастй, кибр, гурур ва гайраро мазаммат ва нахй мекунанд ва дар баробари он таргибу ситоиши ростй, покизагии ахлок, эхсон ба волидайн ва акрабо, шарм ва хаё, мурувват ба ятимон, зердастон ва дигар меъёрхои ба хамин монандро фаро гирифта аст. Нагуфта намонад, ки хамчунин ислом баъзе суннатхои давраи кабилавй-авлодиро, ки заминаи ичтимоии худро аз даст дода, нолозим шуда буданд, масалан: касоси хунй, куштани фарзандони духтар таваллуд шуда, издивочи хешовандони наздик ва гайраро манъ ё сабук мекунад.

Мухимтарин мукаррарот (нормахо)-и ахлокии ислом, ки дар Куръон амали солех номида шудааст дар сураи “Ал- Исроъ”, оятхои 23 то 29 баён шудаст. Ба гайр аз ин асосхои таълимоти ахлокии ислом дар саросари Куръон ба ин ё он муносибат ва дар хадисхои Паёмбари ислом Мухаммад(с) низ зикр шудаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

7_resize

ДИНИ БАХОИЯ

Бахоия яке аз чунбишхои мазхабии нимаи дуюми асри XIX дар Эрон аст, ки баъдан худро …