Главная / Илм / Асосхои илми рушди фаъолияти инноватсиони

Асосхои илми рушди фаъолияти инноватсиони

Дар асри XXI ба амал омадани тагйироти назарияви дар таъмини рушди инноватсионии чомеа дар назар аст. Ин ба он вобаста аст, ки аксари кишвархои чахон дар давраи гузариш ба мархилаи сифатан нави рушд, яъне рушди инноватсионию иттилооти карор доранд. Равандхои инноватсиони дар рушди иктисоди торафт мавкеи сазоворро ба даст меоранд ва хиссаи махсулоти сохахои технологияашон пешрафта дар мачмуи махсулоти дохилии аксари кишвархои мутаракки мунтазам меафзояд. Иктисодиёте ба вучуд омада истодааст, ки онро «иктисодиёти нав» меноманд.

Чори намудани мафхуми «иктисодиёти нав» дар тачрибаи илми бевосита бо хал гардидани мушкилихои рушди фаъолияти инноватсиони ва баходихии сифатан нави накши илм ва равандхои инноватсиони вобастааст. Аз ин ру, пурзур гардидани омили илмию инноватсиони дар чомеа, гузариш ба навъи инновасионии хочагидориро пешниход менамояд, ки он ба идораи бозор ва мазмуни танзими давлатии иктисодиёт сахт таъсир мерасонад.

4h6gibavДар шароити чахонишави рушди инноватсионии иктисодиёт ба афзоиши сифати зиндагии шахрвандон кам кардани акибмондаги аз кишвархои пешрафтаи чахон нигаронида шудааст, ки ин ба хамгироии байналхалки мусоидат менамояд. Дар ин маврид, вазифаи мухими рушди инноватсиони афзоиши истехсолот ва фуруши махсулоти технологиашон пешрафтаи ракобатпазир дар бозори чахони мебошад, ки онхо бинобар дар таркиби худ доштани мехнати зехни хиссаи зиёди арзиши иловашударо моликанд. Дар кишвархои мутаракки 80-95 фоизи мачмуи махсулоти дохили ба хиссаи донишхои нави дар техника ва технология тачассумёфта, усулхои ташкили мехнат, истехсолот ва идора, инчунин баланд бардоштани дарачаи тахсилоти ахоли рост меояд.

Барои Точикистон, ки дар ин чо иктисоди бозаргони ташаккул меёбад, сиёсати инноватсиони ба нигохдории илмию технологии мамлакат нигаронида шудааст. Таъмини рушди устувори минбаъдаи иктисодиёти мамлакат муайян намудани сиёсати нави давлатии инноватсиониеро такозо дорад, ки он ба ояндаи устувори дарозмухлат нигаронида шуда бошад. Барои ин, мукаррар намудани тавозуни дурусти таксими захирахо байни даврахои гуногуни сикли инноватсиони зарур аст. Огози асри XXI нишон медихад, ки дар чахони муосир табаддулоти амики иттилоотию технологи сурат мегирад, ки вай ба хама чабхахои истехсолоти муосир, ба хамаи низоми муносибатхои чамъияти таъсири зиёд мерасонад. Конуниятхои чахони рушди инноватсионии маориф ва тайёр кардани кадрхо, конуниятхои пайдоиш ва чорисозии кашфиёту ихтироот ва навгонихои техники, ташкилию иктисоди, густариши (динамикаи) дарачаи илмию техники ва сифати махсулот мушкилихои иктисодиёти бозаргонии муосирро нишон медиханд.

Дар тачрибаи тахлили иктисоди як катор мафхумхое истифода мешаванд, ки дар бораи инноватика, инноватсия ва чараёнхои инноватсиони маълумот медиханд.

Инноватика-сохаи илм буда, назарияхои гуногуни навовари, ташаккули навигарихо, пахншавии онхо, омилхои ба навовари таъсиррасонанда, коркарди карорхои инноватсиони ва гайраро дар бар мегирад.

Фаъолияти инноватсиони ин чараёне мебошад, ки ба амалисозии натичахои тадкикотхои илми ва коркардхои анчомёфта ва ё дигар дастовардхои илми-техники, махсулоти нав ва ё такмилёфта, такмили чараёнхои технологи ва инчунин, тадкикотхо ва коркардхои иловагии ба он алокаманд равона карда шудааст.

Инноватсия (навовари)-натичаи нихоии фаъолияти инноватсиони буда, дар шакли махсулоти нав ё такмилёфтаи дар бозор фурухташаванда ва ё чараёни технологии нав ва такмилшудаи дар фаъолияти корхона истифодашаванда, амали карда мешавад.

Иктидори инноватсионии корхона (соха, минтака, давлат) -ин мачмуи намудхои гуногуни захирахо, аз чумла, захирахои модди, молияви, зехни, илми-техники ва гайра мебошад, ки барои амалисозии фаъолияти инноватсиони зарур аст.

Сохаи инноватсиони-сохаи фаъолияти истехсолкунандагон ва ё истеъмолкунандагони махсулоти (кор, хизмат) инноватсиони мебошад, ки ба сохтан ва пахнкунии инноватсия алокаманд аст.

Инфрасохтори инноватсиони ташкилотест, ки фаъолияти инноватсиониро (марказхои инноватсиони-технологи, техно-паркхо, марказхои таълими-кори ва дигар ташкилотхои махсус) амали месозад.

Рушди инноватсиони дар шароити иктисоди бозори дар зери таъсири меъёрномаи «дасти ноаён»-и А.Смит сурат гирифта, ба чори намудани омилхои максадноки фаъолкунонии сохахои иктисодиёт оварда мерасонад. Хамин тавр, тахияи стратегияи фаъол гардидани раванди инноватсионии субъектхои иктисоди дар асоси коркард ва ташкили маводхои нави ивазкунандаи воридот, технологияи нав, усулхои пешкадами идораи истехсолот, чори намудани технологияи пешкадам ва ноу-хау сурат мегирад.

Низоми миллии инноватсиони бояд дар заминаи меъёриву хукуки дар сохаи фаъолияти илми, илмию техники, инноватсиони, инчунин рушди низоми тадбирхои иктисодии хавасмандгардонии ин фаъолият, ташаккул ёбад. Илова бар ин, тахияи санадхои конунгузори оид ба моликияти зехни, химоя ва мухофизати хукукхои Чумхурии Точикистон ба иншооти моликияти зехни ва натичахои дигари фаъолияти илми ва илмию техники зарур аст. Хамин тарик, барои ташкилотхои хамаи сохахои иктисодиёти ба раванди инноватсиони вобаста буда (дар тадкикотхо ва пажухишхо, истехсолот, фуруш ва хизматрасонии навоварихо, омодасози ва бозомузии кадрхои илмию тадкикоти, маблаггузории ин чараён, таъмини меъёрию хукуки) коидахои «бози»- ро ташкил намудан зарур мебошад.

Дар мархилаи мазкур зарурати мавчуд будани низоми инноватсионии миллии кишвар пеш меояд, ки он ба гайр аз механизмхои мусоиди иктисоди ва ташкилию хукуки, инчунин зерсохтори мукаммалро низ бояд фаро гирад. Зерсохтори низоми инноватсиони марказхои иттилоотию инноватсиони, технопаркхо, технополисхо, марказхои тахвили технологияхо ва инкубаторхои технологи, телекоммуникатсия ва иттилооти давлатии илмию техникиро дар бар мегирад.

Ташаккули низоми миллии инноватсиони, ки таъмин намудани фаъолияти инноватсиониро дар микёси давлат талаб мекунад, рушди иктидори кадрии сохаи илмию техники, баходихии фаъолнокии инноватсионии корхонахои мамлакат, таъминоти молиявии фаъолияти инноватсиони дар кишварро пешбини мекунад. Аз сабаби он ки сохаи инноватсиони дар Точикистон акнун ташкил шуда истодааст, холо омодасозии кадрхои илмию техники ахамияти махсус пайдо кардаанд. Вобаста ба ин, рушди минбаъдаи такмили омодасозии кадрхои илми тавассути аспирантура, докторантура ва институтхои унвончуи зарур аст. Инчунин зарурати ташкилу тайёр кардани менечерони фаъолияти инноватсиони, ташкили таълим ва такмили ихтисоси хайати шахси

барои татбики лоихахои инноватсионии ва рушди инфрасохтори пурзур мегардад. Точикистон аз захирахои табии бой буда, сармояи назарраси инсони низ дорад. Вазъияти баамаломада дар назди мамлакат як катор мушкилихоеро пеш мегузорад, ки дар байни онхо мушкилии ба таври самаранок истифодабарии сармояи инсони дар мадди аввал гузошта мешавад. Сифату микёс, инчунин махсулнокии истифодаи захирахои табии бо сармояи инсони муайян карда мешавад.

Хатто агар мухити инноватсиони фарохам оварда шавад хам, корхонахо на хама вакт метавонанд аз ин имконияти бадастомада окилона истифода намоянд. Зеро, барои аксари рохбарон ва кормандони корхонахо норасоии донишу малакахои нав хос аст. Аз ин ру, мушкили татбики сармоягузорихои вокеи дар якчояги бо сармояи инсони ба вучуд меояд.

Рушди иктидори кадрии сохаи илмию техникии кишвар бо сатхи тахсилоти ахоли муайян карда мешавад, ки баланд бардоштани он ба сифати сармояи инсони ба таври назаррас таъсир мерасонад. Бахои Созмони Миллали Муттахид нишон медихад, ки дар сохтори сарватхои миллии аксар кишвархои чахон кариб аз се ду хиссааш ба сармояи инсони рост меояд. Дар айни замон дар сохтори ичтимои мавкеи асосиро мутахассисон – моликон, ки ба тахия, азхудкуни, тахвил, истифодаи навоварихои ба низомхои мураккаби илмию техники ва иттилоотию технологи хизматрасонанда машгуланд, ишгол менамоянд. Асоси рушди инноватсиониро сохибкори ташкил менамояд.

Ин фаъолияти субъектхои мустакили хочагидорист, ки таваккал карда инноватсияро оид ба тахия, азхудкуни, интикол ва истифодаи навоварихо ва аз онхо ба таври мураттаб гирифтани фоидаро бар души худ мегирад. Ба рушди инноватсиони шаклхои нави идораи давлати, банакшагирии оянда, маблаггузории мубтакир (венчури), менечменти инноватсиони, сифати баланди корхо ва азхудкунии технологияхои нав хос аст. Талаботи рушди инноватсиони бештар ба низоми чавобгарии корхонахо ва корманд, хавасмандсозии равонию модди, бозомузии мунтазами кадрхои сохибихтисос мувофикат мекунад.

Сохибкорон намояндагони асосии иктисоди бозаргони мебошанд ва онхо бо тафаккури инноватсиони фарк мекунанд, ки он ба истифодаи окилонаи захирахо ва гирифтани даромади харчи бештар аз фаъолияти сохибкори нигаронида шудааст. Й.Шумпетер дар асари худ «Назарияи рушди иктисоди» («Теория экономического развития»), ки соли 1911 нашр шудааст, аз иктисодиёти анъанави даст кашида, тасдик мекунад, ки «меъёри» иктисоди солим, вокеиъяти асосии назарияи иктисоди ва тачриба на баробари ва мутаносиби, балки нобаробарии густаришёбанда мебошад, ки он аз фаъолияти навовар, сохибкор вобаста аст.

Асоси иктисодии рушди инноватсиониро харочоти корхои илми ташкил медихад. Дар иктисодиёти чахони хар 7-10 сол ду маротиба афзудани харочот барои тадкикотхои илми, хусусан харочоти бевоситаи то истифодаи саноати сурат мегирад. Вале харочоти давраи гузариш барои кишвархои дорои иктисодиёти гузариш ба таъмини суръати зарурии харочоти корхои илми дар сатхи миёнаи чахони имкон намедихад. Аз ин ру, хангоми интихоби навъхои стратегияи рушди инноватсиони мушкилихои нав сар мезананд. Тавре маълум аст, дар иктисоди чахони чунин навъхои стратегияхои рушди инноватсионии кишвархоро аз хам чудо мекунанд:

  • стратегияи «гузаронидан»;
  • стратегияи «аз худ кардан»ё «мувофик кардан»;
  • стратегияи «афзун сохтан».

Танхо хаминро бояд кайд кард, ки стратегияи «гузаронидан» ё «мувофик кардан», ки ба кучонидани инноватсияхо, навоварихо ба иктисодиёти худи асос ёфтааст ва стратегияи «афзун сохтан», ки ба истифодаи иктидорхои илмию техникии худи, чалб намудани олимону мутахассисони хоричи, хамгироии илмхои бунёди ва амали асос ёфтааст, дар айни замон барои Чумхурии Точикистон кобили кабул нестанд.

Хамин тарик, дар сатхи мамлакат интихоби стратегияи «аз худ кардан» ё «мувофик кардан»-и рушди инноватсиониро хамчун нусхаи нисбатан кобили кабули рушди илмию технологи барраси кардан мумкин аст. Интихоби стратегияи рушди инноватсионии мазкур дар мамлакат бинобар холатхои зерин зарурат дорад, аввалан- бо мавчуд будани кувваи кории арзони тахсилоти кофидошта; дуюм-иктидори худии илмию технологии дархостнашуда; сеюм – имконияти тадричан зиёд кардани таъминоти худии мухандисию техникии истехсоли намудхои нави махсулот; чорум – азхудкунии истехсоли махсулоте, ки каблан дар кишвархои нисбатан пешрафта истехсол мешуд. Чунин тачриба дар Чумхурии Халкии Чин ва як катор кишвархои Осиёи Чанубию Шарки аллакай кабул шудааст. Онхо бо истифода аз стратегияи «аз худ кардан» ба рушди босуботи инноватсиони ноил шуданд, инчунин саноати ракобатпазирро бунёд намуда, суръати баланди рушди иктисодиро таъмин кардаанд.

Дар иктисоди чахони тачрибаи муайяни кишвархое пайдо гардидааст, ки онхо нусхаи инноватсионии рушди иктисодиётро интихоб намудаанд. Дар чунин кишвархо барномахои давлатии пуриктидори дастгирии раванди инноватсиони мавчуд мебошад. Ба гайр аз ин, фишангхои танзими гайримустакими фаъолияти инноватсиони дар шакли тахфифхои андози аз маблаги умумии сармоягузорихо ба кисми фаъоли сармояи асоси, кам кардани даромади андозбандишавандаи корхонахо аз маблаггузорихо ба тадкикоту пажухиш,         тагйир  додани  конунгузории          зиддинхисори (антимонополисти), ки ба ширкатхо таъсис додани трестхои муштараки тадкикоти, барномахо (консорсиумхо) ва гайра имкониятхо фарохам меоранд. Дар натичаи татбики сиёсати давлатии самарабахш имруз Олмон, ИМА, Чопон дар мачмуъ 48 фоизи хачми чахонии технологияхои навтаринро дороанд.

Инноватсияхое, ки дар технологияхои нав, махсулот ва тачхизот, хизматрасони, дар равандхои нави ташкил ва такмили ихтисоси кадрхо

инъикос ёфтаанд, ракобатпазирии баланди иктисодиётро таъмин мекунанд. Хар як мамлакат новобаста ба он, ки дар кадом сатхи рушд карор дорад, бояд ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ ва ташкили навъи инноватсионии иктисодиёт, кушиш намояд.

Шартхои асосии ташкили навъи инноватсионии иктисодиёт инхо мебошанд:

  • Бахисобгири ва дакиксозии чузъу томхои илми ва илмию техники, корхонахо ва сохахои он ба рушди иктидори илми. Дар ин маврид, баходихии ракобатпазирии сохахои гуногуни иктисодиёт, дарачаи технологияхо мувофики максад аст;
  • Мавчуд будани низоми миллии инноватсионии самаранок коркунанда, ки ташкилотхои давлатию хусуси, корхонахои бахшхои илмию технологии иктисодиётро хавасманд месозанд;
  • Муайян намудан ва тасдики самтхои афзалиятноки рушди инноватсиони ва технологияхои барои корхонахои мамлакат нихоят мухимбуда;
  • Дар илми иктисоди, шуури оммави ва конунгузори инъикосу сабт кардани мазмуни нави сармоя. Кисми нисбатан густаришёбандаи он – дороихои гайримодди мебошанд, ки арзиши ичозатномахои (литсензияхои) патенти ва гайрипатентиро ба объектхои моликияти зехни (ихтироот, намунахои саноати, ноу-хау, нишонахои моли ва фирмави, дастовардхои тухмипарвари, барномахои компютери, технологияхои накшахои интеграли, хукуки муаллифи)-ро дар бар мегиранд;
  • Тагйироти куллии сиёсати инноватсиони. Тавре ки маълум аст, фаъолияти инноватсиони дар мамлакат аз бисёр чихат аз мухити сармоягузори вобаста аст ва бинобар ин, сохтори сармоягузорихоро аз нуктаи назари иштироки онхо дар равандхои инноватсиони як бори дигар аз нав дида баромадашуда, сармоягузории венчуриро ривоч додан зарур аст;
  • Ба моликони самарабахши ба навовари кодирбуда ва ба он манфиатдошта табдил додани корхонахо, ширкатхо, институтхои тадкикотии илми, хайатхои лоихакаши;
  • Баланд бардоштани самаранокии татбики сиёсати инноватсиони, дар асоси ташкили шароити мусоиди рушди созмонхои молиявию карзии фаъолияти инноватсиони, такмилу танзими конунгузори ва меъёрию хукукии фаъолияти инноватсиони дар сохаи илмию-техники, дигаргунсозихои институтсионали дар сохахои саноат;
  • Сармояи инсониро, ба сохаи асосии маблаггузорихои дарозмухлат табдил додани сармоягузорихо. Ин усулхои нави баходихии сугуртаи таваккал кардан, чалби воситахои шахси, карздихи ба донишчуён ва гайраро талаб мекунад;
  • Хамгироии илмию техникии баробар ва мутакобилаи судманд бо шарикони хамкорихои илмию техники ва иктисоди.

Барои Точикистон дар ин давра нихоят мухим аст, ки иктидори ташкилшудаи илмию техники, ташкилию иктисоди ва зехни бояд кобили истифода бошад, ба шароити бозори чахони мутобик гардад ва густариш ёбад. Холо як катор конунхо ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ба тавсиб расидаанд, ки рушди фаъолияти инноватсиониро танзим менамоянд. Ба ин конунхо ва карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон инхо дохил мешаванд:

  • «Дар бораи намунахои саноати» (соли 2004);
  • «Дар боари ихтироот» (соли 2004);
  • «Дар бораи хифзи хукукии тополлогияхои микросхемахои интеграли» (соли 2006);
  • «Дар бораи нишонахои молхо ва нишонахои хизматрасонихо» (соли 2007);
  • «Дар бораи парки технологи» (соли 2010);
  • «Дар бораи фаъолияти инноватсиони» (16.04. соли 2012);

Инчунин дар кисми сеюми Кодекси шахрвандии Чумхурии Точикистон (соли 2005), фасли «Моликияти зехни» ворид карда шудааст.

Ин санадхои меъёрии хукукии зикршударо танхо чун огози корхо дар самти ташаккули низоми максаднок ва хамафарогири конунгузори барраси кардан мумкин аст, ки заминаи асосии барои руди васеи фаъолияти инноватсиони дар Чумхурии Точикистон ба хисоб мераванд:

  • Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлати оид ба илму техника» (соли1998);
  • Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон» (соли 2002);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Чумхурии Точикистон» (соли 1999);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи рушди илмхои дакик дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2005-2008» (соли 2003);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдики Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва технология барои солхои 2007-2015» (соли 2006);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдики Барномаи таёр кардани кадрхои илми дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2009-2015» (соли 2008);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдики Барномаи хамгироии илм ва тахсилоти олии Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2015» (соли 2008);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи Барномаи татбики дастовардхои илмию техники дар истехсолоти саноатии Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2015» (соли 2009)
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдики Барномаи рушди илмхои табиатшиноси ва риёзиву техники барои солхои 2010-2020» (соли 2010);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдики Номгуйи самтхои афзалиятдоштаи тахкикоти илми дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2012» (соли 2010);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдики Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохаи илм ва технология барои солхои 2011-2015» (Тахрири нав, соли 2011);
  • карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Барномаи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-20120» (соли 2011).

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222