Главная / Илм / Асосхои методии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиони

Асосхои методии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиони

Дар низоми идоракунии ташкилот идоракунии таваккал кисми таркибии зернизоми коркард ва амалисозии карорхои идоракуни ба хисоб маравад. Хамин тавр, идоракунии таваккал на танхо барои паст намудани таваккал, балки барои баланд бардоштани сифату асоснокии карорхои идоракуни (махсусан стратеги) ташкил карда мешавад.

Чузъхои «даромад»-и чараёни коркарди карор метавонанд мушкилотхои зиёдро ба вучуд биёрад.

Чараёни коркард ва амалисозии карори идоракуниро бо хуччатхои мувофики меъёри – методи, захирахои модди – техники, молияви, мехнати ва ахбороти таъмин намудан зарур мебошад. Барои расидани сифати баланди чараён зарурат дорад, ки кисматхои таъминкунандаи он сифати баланд дошта бошанд.

Чунин функсияхои идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиониро чудо менамоянд:

  1. Маркетинг;
  2. Муносибгардонии таваккал;
  3. Банакшагирии кор оиди идоракунии таваккал;
  4. Ташкили ичроиши накша;
  5. Бахисобгири ва назорат;
  6. Хавасмандгардонии ноилшави ба натичахои баланд;
  7. Танзими чараёни идоракунии таваккал;

Масъалахои иктисодии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиони аз инхо иборат мебошанд:

  1. Тадкикоти омилхои беруна ва дохилии таваккал;
  2. Тахлили кордонии субъекти таваккал;
  3. Тахлили нишондихандахои объекти таваккал;
  4. Коркарди пешниходхо оиди бехтарнамоии нишондихандахои объект ва субъекти таваккал;
  5. Асоснокии иктисодии самаранокии кор оиди идоракунии таваккал;
  6. Хавасмандгардонии ноилшави ба натичахои баланд;
  7. Раванди идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиони халли чунин масъалахои ташкилиро дар бар мегирад:
  8. Тасвияти принсипхои ташкилии идоракунии таваккал;
  9. Коркарди сохтори ташкилии идоракунии таваккал;
  10. Интихоби модели идоракунии таваккал;
  11. Чамъовари, мувофиксози ва коркарди ахбор;
  12. Химояи натичахои муносибгардонии таваккал дар Шурои илми (техники);
  13. Ислохи маводхо ва супоридани он ба фармоишгар;

Ба катори принсипхои ташкилии идоракунии таваккали фаъолияти инноватсиони инхоро дохил менамоянд:

  • Батартибандозии хукукии идоракунии таваккал бо рохи тахияи хуччати ягонаи меъёри – методи оиди таваккал. Дар объектхои калон таваккалро байни иштирокчиёни лоихаи инноватсионни ё дигар объект таксим намудан;
  • Таъминоти дарачаи баланди илмии идоракунии таваккал бо рохи тахлили амали конунхои иктисодии фаъолияти муносибатхои бозаргони;
  • Таъмини мутобикшавии чараёнхои идоракуни ба тагиротхои омилхои беруна ва дохилии мухити инноватсиони;
  • Таъминоти киёспазирии вариантхои алтернативии карорхои идоракунии раванди инноватсиони;
  • Автоматизатсияи идоракуни;
  • Батартибандозии чараёнхои инноватсиони;
  • Ичроиши принсипхои ташкили самараноки чараёнхои идоракуни ва истехсоли;
  • Муносибгардонии таваккал.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222