Главная / Илм / Асосхои ташаккули мухити сохибкори ва рушди инноватсиони

Асосхои ташаккули мухити сохибкори ва рушди инноватсиони

Дар дах соли охир сохибкории тачрибави аз холати кариб батни ба сохаи мустакил ва багоят афзояндаи иктисодиёт табдил ёфт. Тахлили рафти баркароршави ва рушди сохибкори нишон медихад, ки ба самаранокии он дар шароити нигахдории гайримукарарии (неэлактикии) талабот ва пешниходот, мавчуд набудани мухити ракобати, накши пасти институтхои бозаргони дар чавозишгарони танзим ва чори намудани сиёсати зиддиинхисори ноил гардидаанд. Тадкикоти асосхои институтсионии мухити сохибкори имкон медихад, казияхои ичтимои-иктисоди, ки дар натичаи дигаргунсозихои иктисоди дар мамлакат ба вукуъ меоянд, ифода карда шаванд.

Масъалахои ташаккули мухити сохибкори ва рушди ичтимои- иктисодии сохибкори дар чор чанба метавонанд халлу фасл карда шаванд:

  1. якум, омухтани манфиатхои сохибкорони миёна ва хурд;
  2. дуюм, омухтани манфиатхои сохибкории калон, яъне ширкатхо ва корхонахои калон;
  3. сеюм, тадкики манфиатхои корхонахои инхисори ва таъсири онхо ба равандхои баркароршави ва рушди мухити сохибкори;
  4. чорум- тадкики манфиатхои шарики давлатию хусуси ва истифодаи самараноки фармоиши давлати ба корхонахои хурду миёна.

Ин чанбахо бо тахлили рушди ичтимои-иктисодии сохибкори, инчунин бо афзояндаги алокаманд, бо харакатноки ва ба шароитхои нави иктисоди мутобикшавии будани сохторхои сохибкориро муайян мекунанд, ба роххои халли масъалахои ташаккули мухити сохибкори ишора менамоянд.

Бояд кайд намуд, ки мухити сохибкори ин як низоми муайяни ягона ва яклухти ба таркиби шароитхои рушди сохибкори мутобикаткунанда мебошад.

otlichie-menedzhmenta-ot-upravleniyaБо максади ба амал овардани шароитхои рушди бофурсати ичтимои-иктисодии барои афзоиши даромадхои вокеи ва бехтар намудани сифати зиндагии мардум зарур мебошад. Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (Карори №666 аз 19 июни соли 2002) Хуччати Стратегияи паст кардани сатхи камбизоатиро тасдик намуд. Тибки хуччати Стратегияи паст кардани сатхи камбизоати васеъшави ва рушди фаъолияти бахши хусуси хамчун яке аз афзалиятхо дар сохаи мубориза алайхи камбизоати чудо карда шудааст. Ба амал баровардани масъалаи мазкур ташаккули мухити самараноки сохибкориро дар назар дорад, ки инхоро дар бар мегирад:

  1. таъмини заминаи меъёри-хукукиро нисбат ба сохторхои сохибкори, истифодаи кулайи захирахо;
  2. пурзур намудани ракобат тавассути хусусигардонии корхонахои сохахои иктисодиёт;
  3. рушди бозорхои молияви ва ба сохибкори пешниход намудани карзхо;
  4. рушди механизмхои танзими самараноки бозори мехнат;
  5. таъмини дастгирии давлатии сохибкори.

Бо максади баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли Президенти Чумхурии Точикистон соли 2005 барои тахияи барномаи дарозмухлати ичтимоию иктисоди-Стартегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015 ташаббус зохир намуд ва бо дарназардошти он Сратегияи миёнамухлати паст кардани сатхи камбизоати барои солхои 2007-2009 ва 2010-2012 дар Чумхурии Точикистон тахия гардида татбик шудаанд. Хуччати Стратегияи паст кардани сатхи камбизоати дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2007-2009 ва 2010-2012 татбики ислохоти институтсионали ва иктисодии мушаххасро дарбаргирифта, барои дар кишвар ноил шудан ба рушди устувори иктисоди, афзоиши хачм ва сифати хизматрасонихои ичтимои, паст намудани сатхи камбизоатии ахоли нигаронида шуда буданд.

Холо дар доираи Стратегияи миёнамухлати баланд бардоштани некуахволии одамон дар Точикистон барои солхои 2013-2015 табик мешавад.

Точикистон хануз дар аввали соли 1991 дар байни мамлакатхои Иттиходи Давлатхои Мустакил (ИДМ) раванди хусусигардонии корхонахои хурд ва миёнаро огоз намуда, яке аз аввалин чойхоро ишгол мекард. Аммо ба рушди сохибкории хусуси мукобилистихои шахрвандони ибтидои солхои 90-ум зарари калон расонд, ва танхо баъди аз тарафи Хукумат ва Мухолифини мутахидаи точик мохи июни соли 1997 ба имзо расидани карордоди сулх, рушди вокеии иктисоди ва ташаккули сохибкории хусуси огоз гардид.

Аз рузи ба даст овардани мустакилият, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон як катор конуну карорхо оид ба рушди сохибкори кабул карда шуданд. Чунончи, мохи декабри соли 1991 Конун «Дар бораи чамъиятхои саххоми», марти соли 1992 – «Дар бораи инвеститсияхои хоричи», июни соли 1993 – «Дар бораи корхонахо», декабри соли 1996 – «Дар бораи моликият дар Чумхурии Точикистон», майи соли 1997 – «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати» кабул карда шуда буданд. Соли 1998 Карори Хукумати Чумхурии  Точикистон «Дар бораи тадбирхо оид ба пурзур намудани дастгирии давлатии сохибкории хурд дар Чумхурии Точикистон ва «Барномаи давлатии дастгири ва рушди сохибкории хурд дар Чумхурии Точикистон» кабул карда шуда буданд.

Бо максади дастгирии амалии тичорати хурд ва миёна 14 августи соли 1997 Агентии оид ба рушд ва дастгирии сохибкори дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода шуд, ки соли 2001 ба Агентии оид ба сиёсати зиддиинхисори ва дастгирии сохибкори дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон табдил дода шуд. Агентии оид ба сиёсати зиддинхисори ва дастгирии сохибкори дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон сиёсати давлатии дастгирии сохибкориро дар мамлакат ба амал мебаровард. Холо ин вазифахои Агентии оид ба сиёсати зиддинхисори ва дастгирии сохибкори ба души Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон вогузор шудааст.

Дар мачмуъ соли 2004 микдори хочагихои дехконии (фермерии) аз кайдгузашта ба 16433 вохид расида бошад, пас дар аввали соли 2006 микдори хочагихои дехкони (фермери) то ба 23101 вохид афзудааст. Микдори хочагихои дехкони (фермери) дар аввали соли 2011 ба 32000 расид.

Дар сохтори сохибкори фаъолияти мустакилонаи шахси вокеи, ки аз тарафи у бидуни ташкили шахси хукуки ба амал бароварда мешавад, мавкеи мухимро ишгол менамояд. Тахлил нишон медихад, ки соли 2003 микдори шахрвандони ба фаъолияти сохибкори дар заминаи патентхо бидуни ташкили шахсони хукуки машгулбуда ба 99,3 хаз. нафар расид, аз он чумла дар хизматрасонии маиши – 9,5 хаз., тичорат ва хуроки умуми – 58,7 хаз., ва дигар намудхои фаъолият машгулбудагон -0,05 хаз. нафарро ташкил мекард.

Тахлили нишондихандагони асосии фаъолияти корхонахои ба сохибкори машгулбуда ва дарачаи шахси хукуки дошта нишон 124 медихад, ки микдори умумии онхо дар ибтидои соли 2004-ум  1322 ададро ташкил мекард, ки дар онхо 16,2 хаз. нафар одамон кор мекарданд. Дар ибтидои соли 2006 микдори корхонахое, ки ба фаоълияти сохибкори машгул буданд, ба 1699 адад расид. Микдори зиёди корхонахои хурд (35,3%) ба сохаи савдо ва хуроки умуми, таъминот ва фуруш (18,0%) ба саноат (12,8%), ба сохтмон ва ташкилотхои лоихакаши, (15,5%), ба хочагии манзилию камунали ва дигар намудхои гайриистехсолии хизматрасонии маишии ахоли рост меояд.

Сатхи то ба имруз бадастовардашудаи рушди сохибкории хурд барои харчи зудтар омода сохтани чойхои нави кори кифоя нест. Тахлил нишон медихад, ки бисёр холатхои манфи дар ташкили фаъолияти сохибкори ба набудани фондхои махсуси барои бунёди корхонахои шахси, карздиханда ва ба муштариёни худи барои ба даст овардани захирахои карзи кумакрасонанда алокаманданд.

Ташаккули мухити сохибкори имкон медихад, ки ракобати озоди бозори ба миён ояд, шароит барои шугли ахолии бекор, аз чумла тавассути шугли худи ва суботи воридоти андоз таъмин карда шавад. Холо махдуд будани бозори дохили ва нокифоягии сармоягузорихо накши чунин шаклхои сохибкориро ба монанди сохибкории инфироди, сохибкории хурду миёна баланд мегардонад. Тахлил нишон медихад, ки ба хисоби миёна ба хар 1000 нафар ахолии Точикистон як корхонаи тичоратии хурд рост меояд, хол он ки ин нишондихандахо дар Россия ва 6 кишвархои Иттиходи Аврупо на камтар аз 30-то чунин корхонахо рост меоянд. Дар сохтори сохавии тичорати хурду миёна ва сохибкории инфироди фаъолияти тичорати бештар ба мушохида мерасад (то 60%, ки сармоягузорихои калонро такозо наменамояд).

Дар солхои охир сохтори сохавии сохибкории хурд амалан тагйир намеёбад. Тахлил нишон медихад, ки дар ибтидои соли 2003 чунин сохаи фаъолият хамчун савдо, хуроки умуми (35,8% тамоми корхонахоро ташкил намуд) нисбат ба дигарон бештар чолибтар боки 125

мемонанд. Аксар субъектхои сохибкории хурд дар амал фаъолияти худро кать намуданд. Чунончи, дар охири соли 2005 дар чумхури танхо 1669 корхонахои тичорати хурд (бе хочагихои дехкони (фермери) дар бораи фаьолияташон хисобот пешниход кардаанд. Бокимондагон ба нигохдории микёсхои сохибкориашон аз хисоби кам кардани микдори хайати кориашон ва музди кор гузаштанд. Як кисми субьектхои сохибкории хурд ба асосхои патенти ё чавози (литсензиони) гузашт. Аз соли 1977 то соли 2002 микдори оид ба намудхои мухталифи фаьолият патенгирифтагон ба 28,8% афзуда, ба 89,3 хаз. нафар расид. Аз ин микдор наздики 80%-и хамаи сохибкорон дар сохахои савдо ва хуроки умуми, 5,4% – дар саноат, 7,6% – дар наклиёт, 7,4% – дар хизматрасонии майиши ахоли машгуланд. Бештар аз нисори хамаи дар бозор савдокунандагон – занхо – сохибкоранд, ки хиссаашон 23,4 хаз. нафар ва ё 56,4%-ро ташкил медихад.

Хамин тавр, тахлилхо нишон медиханд, ки, монеьахои асосии пешгирандаи рушди сохибкори ихоянд:

  1. мавчудияти масьалахои ташкилии аксуламали сохибкории хурду миёна бо бозор ва сохторхои давлати;
  2. рушди нокофии зерсохтори бозори сохибкори, номукаммалии низоми андозбанди ва накши хавасмандкунандагии он барои васеь намудани истехсолот;
  3. тараккии наёфтан ва номукаммалии механизмхои молияви – карзи, заминаи бонки ва сугуртаи таваккалхои сохибкории хурд;
  4. мавчуд набудани механизмхои худмаблагтаьминкуни (иттифокхои карзи, чамьиятхои якдигарсугуртакуни ва гайра);
  5. нарасидани воситахои молияви ва кутохдастии субьектхои сохибкории хурд нисбат ба иктидорхои истехсоли ва дороии корхонахои сохторашон тагйирёбанда;
  6. мавчуд набудани хифзи умедбахши ичтимои ва бехатарии сохибкорон;
  7. номукаммалии заминаи меьёри хукуки
  8. мавчудияти монеахои сершумори маъмури дар сари рохи рушди сохибкори
  9. мавчуд набудани бозорхои ракобати ва механизмхои бозаргони дар иктисодиёт, шаффофияти баробарии низом, бологирифтани сохторхои инхисори дар бозор
  10. сатхи пасти касбият ва тачрибаи ками сохибкорон дар ташкили фаъолияти самараноки сохибкори
  11. мушкилоти баходихи ба иттилоот ва баркароркунии алокахо бо харифони хоричи.

Таквиядихии низоми андозбанди дар чумхури бо омилхои объективии таъмини суръати рушди иктисоди муайян карда мешавад ва маънои бунёди низоми окилонаи андозбандиро дорад. Низоми окилонаи андозбанди ба равандхои вокеии ичтимои-иктисодии дар хамин мархилаи рушди сохибкори баамалоянда комилан мувофик мебошад.

Сиёсати молиявии чумхуриро ахамиятнокии чамъоварии маблаги кофии воридоти андози, ки хукумат тавонад барои дар кисмхои зерсохторхои ичтимои, модди ва мурофиави сарф намояд. Аммо хангоми чамъоварии андозхо давлат, бояд ба андозсупорандагон барои пардохти хачми мукарраршудаи андозхо кафолат дихад, то ки кобилияти иктисодиёт оид ба бунёди боигарихо ва тараккиёфтан кохиш наёбад,. Андозхо низ бояд аз табакахои харчи васеътари ахоли чамъоварда шаванд. Дар Кодекси навкабулшудаи андози Чумхурии Точикистон (17 сентябри соли 2012, № 901), андозхои умумидавлати (андоз аз даромад; андоз аз фоида; андоз аз арзиши иловашуда; аксизхо; андози ичтимои; андозхо барои захирахои табии; андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард; андоз аз фуруши нахи пахта ва аллюминийи аввалия) ва андозхои махалли (андоз аз воситахои наклиёт; андоз аз амволи гайриманкул). Дар фасли XVII Кодекси мазкур низомхои имтиёзноки андозбанди мукаррар шудаанд, ки барои сармоягузори ба сохахои афзалиятноки иктисодиёт додани имтиёзхои андозии иловагиро пешбини менамоянд.

Нишондихандаи чамъбастии накши андозхоро дар хаёти чомеа тавсифкунанда ин нишондихандаи бори вазнинии андози (вазни хосаи маблаги воридоти андози дар мачмуи махсули умуми) мебошад. Тибки ракамхои тадкикот, боло рафтани сатхи вазнинии (бори) андози дар муддати кутох барои буча метавонад самаранок бошад, аммо дар давраи дарозмуддат афзоиши бори андози хатман ба афзоиши иктисодиёт монеа мерасонад. Экспертхо андозситониро, ки ба 40-50% даромади бадаст омада мутобикат мекунад, сатхи вазнинии бори андози номидаанд. Илова бар ин, хатто дар шакли андозхо ситонидани 30%-и даромадхо барои сохибкорони Точикистон бори гарон хисоб меёбад.

Барои онхое, ки имконияти бо шартхои кобили кабул ба даст овардани карзи бонкхо душвор аст, мушкилоти вобаста ба фуруши махсулоти баровардашуда, бо наклиёт кашонидани ашё ва масолехот, заминаи кутохшудаи техникии истехсолот, дахолат намудани хадамоти давлати ба фаъолияти хочагидори мавчуданд. Тибки акидаи аксар сохибкорон, дар холати мавчудияти чунин сатхи андозбанди рушди сохибкории ошкоро гайриимкон аст.

Сарборихои калони андози дар давраи баркароршави ва рушди фаъолияти сохибкори, мавчуд набудани нишонахои равшан ва устувори имкониятхои банакшагирии фаъолияти истехсоли – тичорати субъектхои бозорро махдуд месозанд. Тачрибаи андозбанди нишон медихад, ки паст намудани меъёрхои андозбанди ба баландшавии фаъолияти сохибкори мусиодат хохад намуд ва ба фаъолгардонии фаъолияти сармоягузорихо инноватсиони таъсири худро мерасонад. Холо бо рохи хавасманд намудани сохибкорон ва андозбандии пурраи фаъолияти онхо ислохот дар бахши андоз вобаста ба харчи содда намудани низоми андозбанди идома дорад.

Зиёда аз 70% ахолии чумхури дар дехот зиндаги мекунанд ва имруз микдори хочагихои дехкони (фермери) дар чумхури бештар аз 33 хазор 128

адад расидааст. Тахлил нишон медихад, ки ба рушди хочагихои дехкони (фермери) махз номукаммалии низоми андоз халал мерасонад. Расман, дар хочагии кишлок 7 намуди андозхо мавчуд буд: андоз аз фуруши пахта; андоз аз сохибкории хурд (ё андози соддакардашуда); андоз аз замин; андоз аз даромад; андоз ба фонди хифзи ичтимои; пардохти фонди рох ва андоз аз арзиши иловашуда. Дар Кодекси андоз, ки аз соли 2013оиди молистехсолкунандагони кишоварзи чори шуда, амали намудани намуди андози ягона ва ихтисори андозхои махалли пешбини шудааст.

Низоми соддакардашудаи андозбанди барои истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи барои низоми махсус андозбандии субъектхои сохибкории хурде мебошад, ки истехсоли махсулоти кишоварзиро бе коркарди минбаъда амали менамоянд. Андози ягона аз чониби хочагихои дехкони (фермери) ва дигар истехсолкунандагони махсулоти кишоварзие истифода карда мешавад, ки барои онхо замин воситаи асосии фаъолияти сохибкори мебошад.

Барои рушди сохибкори кадамхо дар либераликунонии низоми нархгузории дохили, ки соли 1996 гузошта шуда буданд, ахамияти мухим доранд. Хукумат ба ухда гирифтааст то раванди савдоро либерали намояд, ки ин имкон медихад нарххои дохили ба нарххои чахонии арзиши самараноки захирахои модди – техники ва махсулоти истехсолшавандаро баробар карда шаванд.

Соли 1998 тарифи ягонаи 5%-а барои тамоми намудхои воридот, бидуни алюминий, барк ва газ, чори карда шуд. Гузашта аз ин, дар тичорат бисёр монеахои дигари бо тариф алокаманднабуда мавчуданд. Соли 1999 дар натичаи ворид шудани Точикистон ба иттиходи гумруки (Руссия, Казокистон, Киргизистон ва Белоруссия) тарифи ягона байни мамлакатхои мазкури Иттиходи Давлатхои Мустакил аз 5% то ба 8% баланд бардошта шуд.

Точикистон низоми нисбатан озоди тичоратиро дорост ва махдудиятхои тичорати дар ин чо нисбат ба мамолики дигар 129

камтаранд. Корхои зарури оид ба бунёди раванди озоди тичорати ба чо оварда шуда истодаанд, Точикистон 159-умин узви хонаводаи Созмони чахонии тичорат шуд, ки вай 29-ми майи соли 2001 дархости узвият ба ин созмони бонуфузи чахони карда буд. Соли 2012 (10-ми декабр) созишномаи узвияти Точикистон дар Созмони чахонии тичорат (^ТО) ба имзо расид.

Аммо, муваффакиятхо дар рушди сохтори озод, ки ба баробар намудани нарххои дохили бо чахони асос ёфтаанд, аз тарафи арзиши баланди хариду фуруши тичорати дар мавриди накли молхо аз сархад, боздошта мешаванд. Дар хар тичорат монеахои сершумори расми ва гайрирасмии бо тариф алокаманднабуда мавчуданд. Узвият дар созмони чахонии тичорат ба ичрои як низоми возеху шаффоф, ки тибки меъёрхои байналмиллали асос ёфтааст, равона буда барои сармоягузории хоричи ба иктисодиёти милли мусоидат менамояд.

Дар рушди зерсохтори сохибкори накши мухимро биржахо мебозанд. Расман дар каламрави чумхури биржахо аз ибтидои солхои 90-ум ба кор огоз карданд. Давраи амали фаъол вакте ки бо хамзамон кам кардани идорахои брокери микдори биржахо афзояд хисоб меёбад. Чунончи, дар тули солхои 1995-2000 микдори идорахои брокери аз 19 то ба 194 адад расонида шуд, микдори биржахо бошад, мутобикан аз 6 то ба 10 адад зиёд гардид. Аммо на хамаи биржахо хангоми хариду фуруш дар бозор бомуваффакият фаъолият мебаранд. Алхол, Биржаи моли- ашёвии точик, Бозори байнибонкии асъор, Биржаи амволии гайриманкул ва Биржаи пахта аз кабили муваффакон хисоб меёбанд. Таксимоту гардишии нобаробари микдори биржахоро дар нохияхои чумхури бояд кайд намуд. Чунончи, соли 2000 75% гардиши биржахо ба ш. Душанбе, 25%-ба вилояти Сугд рост меомад. Оид ба вилояти Хатлон, ки 25% биржахои мамалакат чойгир шудаанд, гардиши биржахо ба кайд гирифта нашудааст.

Яке аз шартхои асосии таракии сохибкории хусуси ва таъмини рушди иктисоди ин мавчуд будани зерсохтори мутобики молияви-карзи мебошад. Ба ин нигох накарда, ки дар Точикистон дар охири соли 2000- ум 19 бонки тичорати бо 150 бахшхояшон (дар ибтидои соли 2001 микдори бахшхо то ба 121 адад кам шуд) фаъолият мебурданд, сохибкорони хусуси дар амал аз имкониятхо истифоданабурда аз хизматрасонихои онхо дар канор мебошанд. Ин бо шартхои сахти дастрас шудани карзхои бонкхо ба бахшхои гайридавлати, ки дар зери кафолату амонатхои муайян дода мешаванд, алокаманд аст. Чунончи, барои аз баъзе бонкхои тичорати гирифтани карз зарур аст, ки дар дороии арзишаш аз маблаги худи карзи гирифташаванда се маротиба зиёдтар ба амонат гузошта шавад. Чунин шартхо барои аксар «точирон» ва шахсони машгули бизнеси хурд, ки даромади кофиро надоранд, барои гирифтани карз бо максади чоннокгардонии фаъолияти худ хамчун монеа амал мекунанд. Ба гайр аз ин, худи карзхо бо сабаби баланд будани меъёрхои фоизашон, дар дахсолаи охир багоят ночолиб гардиданд.

Тараккиёти сусти институтхои молияви-карзи, ки ба сохторхои сохибкори хизмат пешниход менамоянд, ба пастшавии фаъолнокии сохибкорон ва чустучуи роххои ташкили гайриконунии фаъолияти сохибкори бурда мерасонад.

Дар Чумхурии Точикистон низоми ба хочагихои дехкони (фермери) додани карз охиста-охиста ба вучуд омада истодааст. Бо сабаби набудани захирахои пули хочагихои дехкони (фермери) мачбуранд ба ширкатхои фючери мурочиат намоянд, ки онхоро бо масолехи сузишворию молидани, нурихо, ичораи техника ва гайра таъмин намоянд. Аммо нарххое, ки ба онхо ширкатхои фючери ба фермерон ин захирахоро мефиристонанд, 2-3 маротиба аз нарххои бозор баландтаранд. Фермероне ки карордодхои фючериро имзо мекунанд намедонанд, ки арзиши нихоии ин дороихо чи кадар хохад буд ва арзиши тахминии хосилашон чи кадар мебошад.

Бо сабаби фаркияти калони нарххои карордодхои бо ширкатхои фючери ба имзорасида ва нарххои чахонии пахта, хочагихои дехкони (фермери) на танхо фоида ба даст намеоранд, балки дар аксар холатхо солро бо зарар ба охир мерасонанд.

Дар дах соли охир шумораи бонкхо ва ташкилотхои маблаггузории хурд аз 17 ба 138 ва шумораи мизочони онхо аз 524 хазор то ба 2 миллиону 900 хазор расидааст, ки ин нишондихандахо дар мукоиса бо дахсолаи пешин мутаносибан 8 ва 5,5 баробар зиёданд. Бакияи карзхои додашуда дар ин давра аз 377 миллион сомони ё 32 баробар афзоиш ёфтааст.

Солхои охир карздихии хурд ба самти нави муносибатхои карзи табдил ёфта, дар панч соли охир се баробар афзоиш ёфтааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222