Главная / Илм / БАРПО ШУДАНИ СОХТИ ШУРАВИ ДАР ТОЧИКИСТОН

БАРПО ШУДАНИ СОХТИ ШУРАВИ ДАР ТОЧИКИСТОН

Мавчи инкилобии Руссия дар як муддати кутох дар тамоми мустамликахои собики империяи Россия пахн гардид. Большевикон тавонистанд, ки харакати пролетариатро барои сотсиализм, харакати дехкониро барои замин, харакати умумидемократиро барои сулх ва харакати милли-озодихохии халкхои мазлумро ба кувваи бузург мутахид намуда, ба як чараёни умуми равона намоянд. Аз ин сабаб халкхои Осиёи Миёна, ки яке аз мустамликахои канории империяи Руссия буданд, дар канор намонданд.
Дар Осиёи Миёна аввалин муборизахои инкилоби дар шахри Тошканд сар шуданд. 28- август советхои Тошканд ба коргарон ва аскархои инкилоби такя намуда, шуриш бардоштанд. Шуришгарон дар дигар шахру навохихои Осиёи Миёна дастгири карда мешуданд. Масалан, солдатхои рухияи инкилобидоштаи Уротеппа изхор карданд, ки ба ёрии Тошкандихо мераванд. Дар нуктаи рохи охани Хучанд, Драгомиров, Придонов комитетхои инкилоби (ревком) ташкил ёфта, назоратро аз болои харакати каторахо ба дасти худ гирифтанд. Онхо имконият надоданд, ки ба Тошканд аз дигар шахрхо куввахои аксулинкилоби биёянд. Дар натича 1- ноябри соли 1917 советхои Тошканд дар бораи галабаи шуриши ярокнок ва ба даст гирифтани хокимият хабар доданд.
Хабари вокеъахои Тошканд дар тамоми кишвари Туркистон ба зуди пахн гардид. Дар навбати аввал дар махалхое, ки синфи коргар мавчуд буд, мубориза сар шуд. Шурохои депутатхои коргарони конхои ангишти Сулукта, Шуроб ва хавзаи нефти «Санто» бо якчоягии комитетхои инкилоби корхонахо муборизаи революсионериро ба дасти худ гирифтанд.
11-ноябр советхои коргарон ва аскархои шахри Хучанд дар бораи ба даст гирифтани хокимият карор кабул намуданд.
15-ноябри соли 1917 дар Тошканд анчумани III кишвари Туркистон даъват карда шуд. Анчуман ташкилёбии хокимияти Шуравиро дар кишвар эълон карда, хукумати Шурави ва Шурои Комиссарони халкии Туркистонро интихоб намуд.
Аз сабаби он, ки нохияхои имрузаи Шимолии Точикистон дар байни вилоятхои Фарона ва Самарканд таксим шуда буданд, мубориза барои Хокимияти Шурави дар Точикистони Шимоли аз таносуби куввахои инкилоби ва аксулинкилобии ин вилоятхо вобаста буд. Дар Самарканд куввахои аксулинкилоби шиори «Тамоми хокимият ба мачлиси муассисон»-ро ба миён гузошта, мехостанд пеши рохи инкилобро гиранд. Лекин ин муяссар нашуд. Мохи декабри соли 1917 анчумани вилояти Самарканд дар бораи ба даст гирифтани хокимият карор кабул намуда, Комиссариати Кишвари Туркистонро ба расмият шинохт. Карори анч, умани советхои вилояти имконият дод, ки дар Фалгар ва Панчакент хокимияти Шурави барпо гардад.
Анчани советхои вилояти Фаргона низ дар бораи ташкил ёфтани хокимияти Шурави дар вилоят карор кабул намуд. Лекин куввахои аксулинкилоби мукобилияти сахт нишон медоданд. Охирхои мохи ноябри соли 1917 миллатчиёни буржуази ва доирахои феодалии Осиёи Миёна ва Кокистон дар Куканд бо ном ба анчумани мусулмонони кишвар чамъ омаданд. Онхо аз декларасияи кабул кардаи хокимияти Шурави дар бораи «Хукуки худмуайянкунии миллатхо» истифода бурда, ба дастгирии куввахои беруна Туркистонро давлати автономии бо номи Мухторияи Куканд эълон карданд. Дар Куканд кувваи зиёди аксулинкилоби чамъ омада барои хокимияти Шурави дар нохияхои Шимоли Точикистон хавфи чидди тахдид мекард. Нохияхои Конибодом ва Исфара дар зери таъсири Автономияи Куканд монданд. Хукумати Туркистон ба куввахои инкилоби такя намуда, барои бартараф намудани хавфи ба амал омада чорахои чидди дид.
21-22 феврали соли 1918 дастахои харбии сурх ба Куканд фиристода шуданд. Дар муборизаи автономистхо ахолии нохияхои гирду атроф ширкат карданд. Бо кувваи умуми дастахои харбии Автономия шикаст дода шуда, дар Конибодом ва Исфара хокимияти Шурави аз нав баркарор карда шуд.
Большевикон ба максади ба хукумати Туркистон бахшидани рухи байналмиллали намояндагони шурои депутатхои мусулмонро ба хайати хукумати шуравии Туркистон чалб намуданд.
Дар Уротеппа мохи феврали соли 1918 гурухи амалдорони хукумати подшохи ва харбиёни рус бо бахонаи химояи ахолии русзабон ташкилоти худро бо номи Дружинаи халки рус таъсис доданд. Онхо шурои Уротеппаро бекор эълон карда, ба дружина шакли хокимият доданд.
Мохи майи соли 1918 хизби коргарон ва дехконони мусулмон таъсис ёфт, ки ба маркази муборизаи зидди дружиначиён табдил ёфт. Онхо дар байни халк корхои ташвикоти бурда мардумро ба муборизаи зидди
дружиначиён даъват карданд. Барои ёри ба мехнаткашони Уротеппа бо карори Шурои Хучанд дастахои харби фиристода шуданд. 8-уми июли соли 1918 Шурои депутатхои коргарон, аскарон ва дехдонони Уротеппа хокимиятро ба дасти худ гирифтанд.
Дар баробари нохихои шимолии Точикистон, дар Помир, ки бевосита ба Туркистон дохил мешуд, барои хокимияти Шурави мубориза сар шуд.
Дар Помир муборизаи инкилоби дар шароити душвор мегузашт. Дар инчо синфи коргар набуд, куввахои асосии инкилобиро аскархо ва афсарони рухияи инкилоби доштаи рус ташкил медоданд. Инчунин сар шудани чанги шахрванди дар нохихои маркази муборизаи инкилобиро дар Помир душвор гардонданд.
Кисми афсарони рус бо сардории полковник Фенин кушиш намуданд, ки пеши дигаргунсозихои инкилобиро дар Помир боз дорад. Лекин дар зери таъсири дигаргунихои инкилобии марказ, мехнаткашони ин сарзамини кухистон ба харакати фаъол даромаданд.
Бахори соли 1918 дехдонони нохияи Рушон ба шуриш бархестанд. Фаъол шудани муборизаи инкилоби аксулинкилобиёнро бо сарварии Фенин мачбур карданд, ки ноябри соли 1918 ба Хиндустон гурезад. Дар охири соли 1918 дар Помир Комитети инкилоби бо рохбарии Д.Волокин ташкил дода шуд. Ба хайати он дар баробари аскархои инкилобии дар Помир будаи рус инчунин намояндагони ахолии махали дохил мешуданд. Баъдтар ба Помир комиссияи харби-сиёси бо рохбарии А.Холмаков фиристода шуд, ки аз мохи феврали соли 1919 ба фаъолият сар кард.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222