Главная / Илм / БУХОРОИ ШАРЦИ ВА ПОМИР

БУХОРОИ ШАРЦИ ВА ПОМИР

Туфони инкилобии соли 1905-1907 ба аморати Бухоро низ пахн мегашт. Дар пахн шудани гояхои инкилоби дар Бухоро инкилобчиёни рус сахмгузор буданд.
Дар нохияхои дурдасти Бухорои Шарки ва Бадахшон пахнкунандагони ояхои инкилоби аскарон ва офсерони рухияи револютсиони доштани рус буданд.
Дар пахн намудани гояхои инкилоби мардикорон хиссаи муайян бозиданд. Мардикорон аз нохияхои дурдасттарини Бухорои Шарки дар корхонахои саноатии шахрхои Туркистон кор карда, на танхо ба гояхои инкилоби шинос мешуданд, балки бевосита дар намоишу баромадхои коргарони Туркистон иштирок мекарданд. Мардикори яке аз воситахои асосии даромади мехнаткашони точикони кухистон буд. Хар сол аз Бухорои Шарки ва Бадахшон 15- 20% ахолии кобили мехнт ба корхонахои Туркистон рафта, ба сифати мардикор кор мекарданд. Мардикорон чун тамоми мехнаткашон истисмор мегардиданд. Рузи кори онхо 15-16 соат давом мекард ва ба чои 1 суму 70 тини мукаррари хамаги 80 тин музди мехнат мегирифтанд. (История таджикского народа.- Т.2.-С. 222-223).
Коргарони точик бо коргарони рус якчоя кор карда, аз онхо усулхои муборизаро меомухтанд. Дар зери таъсири инкилоб дар бекигархои Каротегин, Кулоб шуришхои дехконон ба амал омаданд.
Соли 1905 дар нохияхои кухистони Бухорои Шарки якчанд шуришхо ба амал омада буданд. (А.Семёнов. Восстания против правительства в конце XIX – начале ХХ вв. – Из истории народных движений в Средней Азии. – Душанбе.- 1988- С.32- 34).
Яке аз ин гуна норозигихои халки шуриши девдонони Каротегин бо рохбарии Каландаршох буд. Ин шуриш аз тарафи бек пахш карда шуд.
Дар бекигарии Кулоб шуришгарон бар зидди бек ва амалдорони у хучум оварданд. Бек ба вохима афтода, дар калъа пинхон шуд. Кушунхои дар Кулоб будаи амир аз ухдаи пахш кардани шуриш набаромаданд. Дехконон заминхои бойро кашида гирифта, андозгирони амирро пеш карданд.
Солхои 1905-1907 дар Балчувон низ шуришхои дехдонон ба амал омада буд. Соли 1909 яке аз калонтарин шуришхо дар бекигарии Хисор сар зад. Худи хамин сол дар Душанбе ва Янгибозор низ шуришхои дехдонон сар заданд. Ба ин шуриш Ахмад ном шахсе, ки аз махбасхонаи амири гурехта буд, рохбари мекард. Хамаи ин баромадхои дехконон аз сабаби парокандаги ва номуташаккилии худ аз тарафи сарбозон пахш карда шуданд.
Дар натичаи харакатхои инкилобии солхои 1905-1907 дар нохияхои кухистони Бадахшон низ чунбишхои девдони ба амал омада буданд. Хануз соли 1903 сокинони нохияхои Вахон ба мукобили амалдорони амир эътироз баён намуда буданд. Сокинони Бадахшон борхо ба амалдорони хукумати подшохии рус мурочиат карданд, ки онхоро аз худсарихои амалдорони амири Бухоро начот диханд. Ба максади бартараф кардани норозигии соли 1903, генерал-губернатори Туркистон ба воситаи агенти сиёси ба амири Бухоро маълум кард, ки барои бехтар кардани вазъият дар Помири Гарби чора андешид. Охири соли 1904 амири Бухоро беки Шунонро ба Бухоро даъват карда, ба беки Хисор Остонакул супориш дод, ки ба Помири Гарби амалдорони навро тайин кунад, ки бевосита дар назорати сардори отряди Помир амал кунад. Ин амал аз он шаходат медихад, ки идоракунии Помир бевосита ба ихтиёри амалдорони Россия гузашт. Бо ин икдом хукумати подшохи мавкеъи стратегии Помирро ба назар гирифта мавкеи худро дар ин чо мустахкам кард ва вазъи умумии ин сарзамин кадре ором намуд.
Харакатхои инкилобии солхои 1905-1907 –0 дар Осиёи Миёна чамъбаст намуда, кайд кардан лозим аст, ки шуришхои дехконон ва баромади коргарон
номуташаккилона буданд. Буржуазияи савдои, саноати ва интелегенсияи махали ба харакатхои инкилоби зарбаи калон расонданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222