Дар хар як давру замон номи халку миллатро фарзандони хирадманду заковатпеша, фидокору кахрамон ва бонангу номусаш зиндаву поянда медоранд ва шухрату махбубият мебахшанд. Бунёдгузори адабиёт ва фархангу маданияти навини точик устод Садриддин Айнй аз чумлаи хамин гуна шахсиятхои бузурги таърихист, ки бо кору пайкор, талошу муборизахои собиткадамонаи худ дар шароиту давраи нави таърихй номи точиконро вирди забон ва шухрати чахониён гардонид. Дар замони барои точикон такдирсози солхои 20-уми садаи ХХ устод Айнй бо далелхои котеи таърихй, илмй ва адабию фархангй ва осори гаронбахояш ватандорони аслй ва хакики будани точиконро дар сарзамини Осиёи Миёна ба таври барчаста собит сохта, даъвохои беасоси душманони халки точикро фош намуд ва ба чахониён бо хисси баланди миллй ва ифтихормандй иброз дошт.Вокеан, дар он замони мураккабу баоят пурпечутоб исботи мавчудияти халки точик, чунонки Асосгузори сулху вавдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон таъкид доштаанд, «ахамияти басо мухими таърихй, сиёсй, ичтимой ва фархангй пайдо намуд. Зеро фош сохтани мохияти акоиди иртичоии миллатгароён яке аз шартхои ташаккули фарханги сусиёлистии точик ба шумор мерафт». Ана дар хамин гуна вазъияти таърихй устод Айнй сина сипар карда, часурона ба майдони мубориза бахри химояи манфиатхои миллии точикон ворид гардид. у бо таълифи маколахои пурмухтавои публитсистй, эчоди ашъори оташбори инкилобй, аз чумла бо хитобияхои барномавии худ ва гуфтори сидкии ватандустонаи кору фаъолияти бевоситаи амалй ва хидояту даъваткунанда шуруъ кард. Аз чумла:
Айнйбаякга зал ^1атс1€؛онгиа[>١;и١;ол карб, Боябба.м11к١1об ددلهغا таобисурх.
Главная / Маданият ва санъат / БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТ ВА ФАРХАНГУ МАДАНИЯТИ НАВИНИ ТОЧИК (Ба чои пешгуфтор)
Инчунин кобед
Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо
Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …