Главная / Илм / Баёни баъзе масоили хилоли Рамазон

Баёни баъзе масоили хилоли Рамазон

1. Шахсе рузи бисту нухуми мохи шаъбон худаш танхо мохи нави
Рамазонро бинад, бар худи он шахс лозим аст, ки руза бигирад, на бар
дигарон. Вакте си руз тамом шуд ва хилоли мохи нави шаввол барои
ид дида нашуд, рузи сиву якумро низ бояд руза бигирад ва бо дигарон
якчоя ид намояд.
2. Агар шахсе хилоли идро дид, дар сурате ки дигар хеч кас онро
надида бошад, диданаш эътиборе надорад, бояд руза бигирад. Албат-
та, ин ду холат ба соф будани осмон иртибот доранд.
3. Агар дар натичаи абрнок будани осмон дар таърихи бисту нух
(29)-уми шаъбон мохи нав дида нашуд, рузона то пеш аз завол чизе
нахуранд ва нанушанд, агар хабари дида шудани мох расид, нияти
руза кунанд ва агар на, бихуранд.
4. Агар дар таърихи 29-уми шаъбон хилоли мохи Рамазон дида
нашуд, касе чунин фикр накунад: Холо, ки мох дида нашудааст, рузаи
казои ё назри мегирам, зеро дар ин руз рузаи казои ва назри хам мак-
рух аст. Бо вучуди ин, агар нияти рузаи казои ё назриро кард, баъд аз
манбаъхои муътабар хабари дидани мох расид, рузааш рузаи мохи
Рамазон ба шумор меравад. Кой ва назрро дар вакти дигар бигирад.
5. Агар дар ягон шахре ё сарзамине мох дида шуд, барои тамоми
шахрхо дидани мох собит мегардад, харчанд миёни ин шахр ва бакияи
шахрхо фосилахо дурй бошад.
6. Агар дидани мохи нав дар аввали Рамазон бо шаходати ду
нафар мусалмони дорои шароит собит шуд ва ба хамон хисоб сй руз
руза гирифтанд, аммо дар охир барои ид мохи нав дида нашуд, хох
осмон соф бошад, ё не, дар рузи сиву якум ифтор кунанд ва он руз ру-
зи аввали шаввол дониста мешавад.
7. Агар дар рузи сиюм мохи нав дида шуд, мох аз шаби оянда
хисоб мешавад, хох пеш аз завол (нисфирузй) бошад ё баъд аз завол.
8. Касе, ки пойбанди меъёрхо ва арзишхои динй нест ва ба сурати
ошкоро дар малаи ом ба гуноху бебандуборихо рох медихад, масалан,
намоз намехонад, руза намегирад, дуруг мегуяд ва гайра сухани уро
хеч эътиборе нест, хатто савганд хам ёд намояд ва чанд нафар хам бо-
шанд, зеро ин кабил мардум бинобар меъёрхои ахлокй ва стандартхои
арзёбии инсонияти шахс аз назари шариати Ислом адл дониста наме-
шаванд ва поёнтар аз макоми шоистагй ба пазируфта шудани гувохи-
ашон дониста шудаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222