Главная / Илм / Барои огохи

Барои огохи

Ба огохии хонандагон мерасонем, ки китоби Накхати Рамазон пас
аз бозбинии комил, тахричи аходис ва ривоятхо ва ворид сохтани ило-
вахои тоза бори дигар ба чоп омода гардид. Барои он хамчунин номи
дигаре, ки онро дар унвони китоб мебинед, интихоб кардем.
Шоёни зикр аст, ки рузаи мохи Рамазон яке аз комилтарин барно-
махои худопарасти мебошад, ки барои худсози, хештаншиноси ва та-
комули шахсияти инсон пешбини шудааст. Дини Ислом аз тарики чу-
нин барномахое мехохад амалан ба бинои солими шахсияти инсон ва
пас аз он бунёди чомеаи рушдёфтае бипардозад.
Дар мактаби мохи Рамазон шахси рузадор дар зарфи як мох ба
омузиши чанбахои маънавии шахсият, парвариши ирода ва тахкими
пояхои инсонияти худ мепардозад. Барои он ки битавонад аз баракот
ва дарсхои амалии ин мох ба таври комиле истифода намояд, бояд дар
бораи фалсафа, мохият, ахком ва фоидахои руза каблан ошнои дошта
бошад. Мо барои харчи пурбортар гаштани бахрахои маънавии руза-
дорон аз мохи шарифи Рамазон ин рисоларо бо забони равон ва сабки
зебо манзури онхо менамоем.
Дар он фалсафа ва ахкоми рузаи мохи Рамазон бар асоси муъта-
бартарин китобхои фикхии мазхаби ханафи барои хонанда пешниход
гардида, дар танзими матолиб, тартиббандии мавзуот ва шеваи баёни
маони аз равишхои муосири таълиф пайрави шудааст. Шоёни зикр
аст, ки дар баъзе масоили муосири боб нуктаназароти фикхии мухак-
кикони исломи ва мачомеи илмии муосири чахони Ислом низ зикр
гардидаанд, ки он ба китоб ламхаи тозае бахшидааст.
Дар фарханги катби ва осори тадвиншудаи исломи мероси гарон-
бахо ва таълифоти пурборе доир ба пахлухои гуногуни руза ва фалса-
фаи ин фаризаи илохи боки мондааст, ки хеч хурду бузургеро дар ин
замина фуругузор накардаанд ва пас аз гузашти асрхо хануз хам мар-
чаи ягонаи маърифати ахком ва тафсилоти масоили шаръ дар ин бора
ба шумор мераванд. Вале мутолиа ва дарёфти масоил аз он китобхо
барои оммаи мардум, ба хусус дар замони мо, кори осоне набуда ва
ин амр бузургон ва мухаккикони муосирро ба таълифи китобхои гу-
ногуне ногузир сохт, ки ба сатхи маърифати дини ва истеъдодхои зех-
нии мардум дар ин аср хамсози дошта бошанд ва арзишхои исломиро
муносиб бо рухи аср пешкаши хонанда гардонанд. 
Китоби хозир талоши хозеонае буда, аз хамин рахгузар ба баёни
масоил пардохтааст ва мавзуъро бар пояи меъёрхои илми ва то хадди
имкон муносиб бо зарфиятхои зехнии оммаи мардум мавриди барраси
карор додааст.
Рузаи мохи Рамазон бар асоси хадиси «Ислом бар панц чиз бино
ёфтааст…» пас аз намоз ва закот чахорумин рукни бинои Ислом ба
шумор меравад ва ин китоби мустатоб ба тартиб силсилаи чахоруми
таълимоти Ислом ва дар бораи рукни рузаи мохи Рамазон таълиф
шудааст.
Аз хонандагони арчманд ва бародарони хушманд хохиш дорам,
ки ба ин кори ниматамоми банда бо чашми хамкори ва аз диди хаман-
деши бинигаранд ва ба хотири такмил ва бехбуди мухтавои он дар
нашрхои оянда мулохазоти созанда ва назароти ислохии худро ба мо
ирсол намоянд.
Рахмати Хак нисори хонанда,
Бар нависанда ва расонанда!
Чи хонандаро Худои карим,
Бирахони Ту аз азоби алим!
Харки аз мо кунад ба неки ёд,
Номи у дар чахон ба неки бод!
Дар хотима аз тамоми бародарони арчманде, ки дар омода сохта-
ни ин китоб ба гунае бо мо хамкори доштанд, ба хусус бародари гиро-
ми Хочй Сафарали Шарифзода, ки дар тахия ва нашри он сахми арзан-
даи худро гузоштааст, самимона сипосгузори менамоям ва аз Худо-
ванди бузург комгори ва сарфарозии онхоро дар ду чахон хохонам!.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222