Главная / Илм / Бисмиллохир-Рахмонир-Рахим Мукаддима

Бисмиллохир-Рахмонир-Рахим Мукаддима

Алхамду лиллохи Раббил-ъоламин, вас-салоту вас-салому ъало Саййидил-мурсалин ва ъало олихи ва сахбихи ачмаъин.
Саросари зиндагии Паёмбар (с) нухуфта аз розхо ва рамзхое аст, ки хеч кас, хатто наздиктарин ёрону асхобаш ва фаротар аз он, хамсаронаш низ натавонистанд ба он розхои даруни пай бибаранд ва онро ба таври комил бишиносанд.
Хамзамон бо зухури Паёмбар (с) чахон дар остонаи сукут ва халокат карор гирифта буд ва лозим буд, ки инсоне хастагинопазир ва дилсуз аз чониби Худованди Мутаъол ба паёмбари мабъус гардад, то дунёро аз ин фалокату бадбахти начот дода, онхоро ба суйи саодату хушбахти рахнамун созад.
Оре, суннати Худованд бар ин карор гирифта аст, ки хар гох инсонхо поро аз чорчубаи шариат ва дин фаротар гузошта, дар вартаи сукут ва халокат карор гиранд ва рохи начоте барои онхо натавон чустучу намуд, яке аз инсонхои солех ва шоистаи хамон давраро ба унвони начотбахш ва паёмбар интихоб менамояд, то хуччатро бар онхо тамом гардонад ва хеч касро мачоле барои узр ва бахонатароши доир ба ин ки ахкому дастуроти Худованд ба мо нарасида ва баён нагардидааст, боки намонад.
Паёмбар (с) дар чомеае чашм ба дунё кушод, ки катлу горату хунрези ва зинда ба гур кардани духтарон чузви ифтихороти хар кавму кабилае махсуб мегардид, бинобар ин аз хамон ибтидо бо вокеахо ва тахаввулоти бисёр чонкох ва токатфарсое рубару гардид, ки шахсе гайр аз Паёмбар (с) ба осони наметавонист аз паси он хама мушкилот барояд.
Паёмбар (с) аз хамон ибтидо наздиктарин афроди хеш – падару модарашро аз даст дод ва аз ин вокеаи ногувор муддате нагузашта буд, ки такягохи баъдии худ Абдулмутталибро низ аз даст дод. Бо марги Абдулмутталиб таърихи навине дар зиндагии Паёмбар (с) огоз гардид, чунки Паёмбар (с) ба амакаш Абутолиб супурда шуд ва аз он чое, ки Абутолиб фарди факир ва мухточ буд, Паёмбар (с) наметавонист аз ин вазъияти амакаш чашм бипушад. Аз ин ру, барои ин ки мададгори амакаш гардад, ба чупони мепардохт ва аз музди он зиндагии худро мегузаронид. Чупони аз чанбахои гуногун бо фитрати даруни Паёмбар (с) муносиб буд, зеро ки бештари соатхои рузро ба тафаккур ва розу ниёз бо Парвардигор пардохта, аз ин рох бо маъбуд ва махбуби вокеияш иртибот баркарор менамуд ва аз мухити куфру ширколуди Макка дур буд.
Паёмбар (с) аз ин ки арабхо маъбуди вокеии хешро фаромуш карда, сангхо ва чубхои бехосиятеро мепарастанд, ки наметавонанд хеч як аз ниёзхояшонро бароварда созанд ё нафъеро ба касе бирасонанд ва ё зарареро аз касе дафъ намоянд, бисёр андухгин ва норохат буд, аммо наметавонист акидаи вокеии хешро баён намояд, зеро ки барои у хамон мушкилотеро эчод менамуданд, ки баъд аз биъсат ба вучуд оварданд.
Садокат ва дурусткории Паёмбар (с) забонзади хосу ом шуда буд ва эшонро ба номи Мухаммадамин мешинохтанд. Вакте ки ин садокат ва дурусткори ба гуши зани начибу шариф ва дар айни хол сарватманду пулдор – Хадича расид, аз Паёмбар (с) барои рафтан ба тичорат дар Шом даъват намуд ва гуломи хеш Майсараро низ хамрохи эшон фиристод, то тамоми чанбахои ахлоки ва рафтори Паёмбар (с)-ро мадди назар дошта бошад. Корвони тичорати ба Шом расид ва бо суди бисёр зиёд ба шахри Макка бозгашт ва Хадича пай бурд танхо касе, ки метавонад ба орзухои калбии у чомаи амал бипушонад, Паёмбар (с) хохад буд, аз ин ру издивочи миёни Паёмбар (с) ва Хадича сурат гирифт.
Паёмбар (с) бештари вакти худро ба розу ниёз бо Парвардигор дар горе ба номи Хиро мегузаронид, хатто чандин шабхоро дар ин гор сипари менамуд. Дар яке аз хамин рузхо буд, ки Чабраил (а) бар Паёмбар (с) нозил шуд ва вазифаи бузурги нубувватро бар души эшон гузошт. Аз ин пас Паёмбар (с) мебоист шабонаруз мардумро ба суйи тавхид ва яктопарасти даъват намояд.
Паёмбар (с) аз хамон ибтидои нузули вахй мукаллаф шуд, то ин даъватро аз хонаводаи хеш шуруъ намояд ва пас аз он ин даъватро ошкоро созад. Бинобар ин, аввалин афроде, ки ба Паёмбар (с) имон оварданд, аз хонаводаи худи Паёмбар (с) буданд ва Хадича дар тамоми мархалахои даъвати Паёмбар (с) бозуи неруманду тавоно барои у буд ва дар ин муддат тамоми амволу сарвати Хадича барои таблиг ва интишори Ислом сарф гардид.
Озор ва азийяти куффор нисбат ба Паёмбар (с) ва асхобу ёронаш руз ба руз афзоиш меёфт ва Паёмбар (с) барои костани ин фишор хар руз тасмиме мегирфт, ки аз он чумла сафар ба Тоиф, хичрат ба Хабаша ва нихоятан хичрат ба Мадинаро метавон мисол овард.
Бо вуруди Паёмбар (с) ба Мадина даъвату таблиги исломи шакли тозае ба худ гирифт ва то худуде аз озору азийяти Паёмбар (с) ва мусулмонон коста шуд. Мардуми Мадина низ бо оромиши хотири бештаре нисбат ба гузашта ба зиндагии худ идома медоданд, зеро то кабл аз вуруди Паёмбар (с) ба Мадина ду гурухи Авс ва Хазрач, ки дар Мадина зиндаги мекарданд, ба таври доим бо якдигар дар чидолу ситез буданд, ки ба таври мисол метавон ба чангхои Буъос, ки хафтод сол тул кашид, ишора намуд.
Ахком ва конунхои дини, аз чумла намоз, руза, хач ва чиход дар Мадина бар мусулмонон вочиб гардид, мукобала ва руёруии мустакими кофирон ва мусулмонон ба вукуъ пайваст ва дар тамоми мархалахои ин даргири, то замоне ки мусулмонон ба Худованд муттаки буда, фиреби тачхизот ва теъдоди афроду сипохиёни худро нахурда буданд, пируз гаштанд ва Худованд хам дар тамоми холатхо мусулмононро ёри намуд.
Даъвати Паёмбар (с) руз ба руз дар холи пешрафту такомул буд ва ин пешрафт бо пирузии мусулмонон дар фатхи Макка ба авчи худ расид. Хукумати исломи аз он таърих ба баъд, монанди хукумати мустакил ва неруманд дар канори дигар хукуматхо карор гирифт, хатто хукуматхои неруманди Эрон ва Рум аз ин пешрафти чашмгир ба тарсу вахшат афтода буданд.
Умри мубораки шарифи Паёмбар (с) мархалахои поёни хешро сипари менамуд, бинобар ин, тасмим гирифт, то ба зиёрати хонаи Худо рахсипори Макка гардад. Дар он чо суханони лозим ва чигунагии адои хачро ба мусулмонон омухт, чунки ин аввалин ва охирин хачче буд, ки Паёмбар (с) ба чо оварда буд. Зиёрати хонаи Худо ба поён расид ва мусулмонон хамрохи Паёмбар (с) вориди Мадина шуданд ва аз ин хангом бемории Паёмбар (с) шуруъ гардид.
Бемории Паёмбар (с) ду хафта тул кашид ва дар ин муддат Абубакр (р) аз чониби Паёмбар (с) имомати намозро бар ухда гирифт. Бемории Паёмбар (с) руз ба руз авч гирифта, лахзахои охири зиндагии Паёмбар (с) наздик мешуд ва дар нихоят Паёмбар (с) ин дори фониро видоъ гуфтанд. «Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун».
Лахзахои вафоти Паёмбор (с) лахзахои хассос ва пурхаёху буд ва таърих рузи андухбортар аз онро эхсос накарда ва надида буд. Мусулмонон наметавонистанд бовар кунанд, ки шахсияте хаммонанди Паёмбар (с) рузе ин дунёро видоъ хохад намуд, зеро ки онон руз ба руз бо Паёмбар (с) бештар унсу улфат мегирифтанд ва гуфтор, дидор ва хамаи аъмолу харакоти у барои мусалмонон нихояти саодат ва хушбахти махсуб мегардид. Онхо интизор доштанд хамон гуна ки Паёмбар (с) тарбият ва рохнамоии худашонро бар ухда доштааст, тарбияти фарзандонро низ бар ухда бигирад. Аммо хости Худо чуз ин буд ва маргро ба унвони сарнавишти нихоии инсонхо карор додааст.
Китобе, ки хам акнун дар ихтиёри шумо хонандагони мухтарам карор гирифтааст, нигохе гузаро ва кутох ба зиндагии Паёмбар (с) дорад, ки бо мутолиаи он аз намунаи зиндагии у метавон огох шуд ва уро ба унвони намунаи вокеии зиндаги дар тамоми сахнахо ва бахшхо мадди назар карор дод. Аз Худованд хосторем, то сирати вокеии Паёмбар (с)-ро дар тамоми чанбахои зиндагии мо карор дихад. Омин. Вас-салому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222