Главная / Илм / ЧАМЪИЯТИ БАЙНАЛХАЛКИИ ШУУРИ КРИШНА

ЧАМЪИЯТИ БАЙНАЛХАЛКИИ ШУУРИ КРИШНА

Асосгузори чамъияти Шуури Кришна ( Харе Кришна) Шри Шримад Абхай Чаран Де(1896-1977), ки номи ифтихории мазхабии Бхактиведанта Свама Прабхупадаро дорад дар соли 1896 дар шахри Калкуттаи Хиндустон ба дунё омадааст. Мулокоти аввалини у бо пири рухониаш Шрил Бхактисиддхантха Сарасвати Гасвами соли 1922 буда ва бо тавсияи у ба интишори адабиёти ведои ба забони англиси шуруъ кардааст. Соли1933 у ба тарикати Гадийя Вайшнава ворид гардида, номи Прабхупадаро мегирад. Баъд аз се сол (1936) пираш гуру Абхая , Бхактисиддханта Сарасвати аз чахон чашм пушид ва уро чонишини худ таъин кард. Соли 1944 у нашри мачаллае бо номи « Акаб ба суи Худо», як бор дар ду хафта шуруъ кард. Дар холи хозир нашри ин мачалла ба зиёда аз 33 забон идома дорад. Аввалин асари у «Бхагавад-гита»- он чунон ки хаст»- «Шримад-Бхавагитам», мебошад, ки дар он зимни шарху тафсири «Бхагава-гита» асоси таълимоти мазхабии худро баён кардааст.

Шри Шримад Абхай ЧаранИн аст, ки «Бхагава-гита» ва «Шримад-Бхавагитам» китобхои мукаддаси ин чамъият ба шумор меравад. Дар соли 1947 Чамъияти Гаудия-вайшнав ба Шриле Прабхупада ба номи ифтихории «Бхактиведанта» мушарраф гардонида, аз ин тарик, илму вафодории уро ба Худо эътироф мекунад. Соли 1950 у дар синни 54 солаги аз хаёти оилави даст кашида, пурра ба тарзи зиндаги- силки ванапрастхи ворид гардид, то тамоми вакти худро ба илму кори эчоди бахшад. Пас аз ин у ба шахри мукаддаси Вриндавана кучида, дар як_ маъбади асри миёнагии Радхи- Дамодара дарвешона зиндаги ихтиёр мекунад. У вакти худро пурра ба навиштани шохасари худ тарчумаи бисёрчилда ва тафсири « Шримад Бхагаватам» ( «Бхагаваты Пураны») мебахшад.

Соли 1965 Шрила Прабхупада бо киштии бори ба Нью Йорк меояд. Хангоми вуруд ба ин шахр у хеч сармояе барои зиндаги надошт ва пас аз як соли мушкили соли 1966 дар мохи июл Чамъияти байналмилалии шуури Кришнаро таъсис намуд. Ин Чамъият, ки у поя гузошту рахбари кард, хангоми марги у 14 Ноябри сол 1977 то конфедерацияи чахони ва дорои зиёда аз сад ашрамхо, мактабхо, маъбадхо, донишгохо ва чамъиятхои кишовази буд.[1]

Таълимоти ин мазхаб дар заминаи таълимоти хиндуия ташаккул ёфтааст. Чунон ки маълум аст « Бхагава- гита» як кисми Махабхарата мебошад, ки таълимоти кришнаитхо бар асоси тафсири он бунёд шудааст. Чамъияти кришна бо он фарк мекунад, ки вучуди Худои ягонаро эътироф дорад. Хакикати оли Худои Ягонаи Мутаъол Парвардигор Шри Кришна аст, ки аз се чихат дониста мешавад: Брахма ( рухи бе хувияти кобили нуфуз ба хама); Параматма ( Чони чахони оли, ки дар калби хар як мавчуди зинда ва хар зарраи офарида хаст) ва Бхагаван ( Хувияти Олии Худо), ки сарчашмаи Параматна ва Брахмана мебошад. Хамин тавр, Кришна, Брахман ва Параматма се номи Худои ягона аст.

Дар «Багавад-гита» имкони шинохтани панч хакикати асоси дода шудааст. Пеш аз хама шинохти Худо ва Чива холати вокеии махлукоти зинда. Ишвара, оне, ки ба хама хокимият мекунад ва олами зинда-чиваро тахти назорат дорад. Махлукоти зинда хама зери назоратанд, хадди акал дар хаёти шартиашон озод нестанд. Хамин тавр дар «Багавад-гита» мо бо ишвари хокими оли ва чивахо, мавчудоти зиндаи идорашаванда сару кор дорем. Гайр аз ин, дар он пракрити ( табиати модди), калазамони абадии ( вучуди хамаи кайхон, ё зухури табиати модди) ва карма (фаъолият) мухокима шудаанд. Зухуроти кайхони иборат аз фаъолиятхои гуногунанд, хамчунин хамаи мавчудоти зинда. Аз «Бахагавад-гита» мо дармеёбем, ки Худо хаст, мавчудоти зинда хаст, табиати модди- паракрити хаст, зухуроти кайхони хаст ва чи гуна он бо замон идора мешавад ва кадом навъи фаъолиятро мавчудоти зинда доранд.[2]

Мавчудоти зинда дар муносибат ба Худои Таъоло холати чабрро доранд ва хеч амале бе огахи ва назорати вай ба вукуъ намепайвандад. Дар навбати худ чун дар тасаввуфи исломи чива- олами асгар, хиссае чудонашавандае аз худи Худои Таъоло мебошад. Гуфта шуда, чунон ки як китъа тилло хам тиллост ва катраи обе аз укёнус низ шур аст, хамин тавр мо, мавчудоти зинда, чун кисмати чудоинопазири хокими оли, ишвари, ё Бхагавана, Парвардигор Шри Кришна дорои хама сифоти Худои Таъоло мебошем, танхо ба нисбати асгар-хеле кам. [3]

Мувофики ин таълимот инсон мисли дигар мавчудоти зинда чун намунае аз олами асгар хам дорои шуур, чун шуури Худо, хам дорои хохиши хокимият ва хам дорои хисси лаззат мебошад ва хар майлу хохиш ва коре дар ин чодахо мекунад, бояд махзи таъмини хамин ниёзхои Парвардигор бошад, ки У дорои мазхари олии ин сифотхост. Инсон мисли аъзои бадан ва ё чузъиёти як мошин дар сурати таъмини Асли Кулл аз ин ниёзмандихо ва сифатхо бахраманд шуда метавонад. Инсон танхо аз хамин тарик ба курбати кошонаи абадии мовароуттабии Оли- санатана- дхарма мушарраф мегардад. Пайвастан ба санатана-дхарма пайвастан ба асли абадии худ аст.

Барои рахои додан аз олоишхои ин хаёт ва бозгардонидани мавчудоти зинда ба асли худашон Худованд худаш ба замин мефарояд ва аз таносухи гуногун мегузарад ва ё намояндагони худ анчархоро мефирстад. Парвардигор нисбат ба мавчудоти зинда хеле мехрубон аст, Вай онхоро дуст дорад, чунки онхо фарзандони Уянд. Мувофики суннатхои ведои пайравони Кришна эътикод доранд, ки рух метавонад 8 400000 колаби нави хаёт иваз кунад, яъне пас аз марги хар колаби пешина ба худ мувофики карма колаби нав гирад ё ба колаби нав интикол ёбад. Ин таносух мувофики конуни карма метавонад беохир бошад. Вале хангоме, ки рух дар колбуди инсон чо мешавад, вай имкони ворастан аз ин занчир ё гирдоби таносух, рахои аз интиколи доими аз колбуде ба колбуде пайдо мекунад ва метавонад ба асли аввалаи худ, яъне бо Парвардигор Кришна бипайвандад. Хулосаи асли таълимоти Шри- Кришна чунин аст.

Ибодат ва шариати кришнапарастон , ки асоси онро бхакта-йога ташкил мекунад, ба он равона карда шудааст, ки аз тарики пурра ба олами маънавию рухони фуру рафта, бо Худо робитаи худро баркарор кунад, ишки илохиро, ки аз огоз ба хар як мавчуди зинда хос буд, дар худ парварад.

Яке аз усулхои мухимми ибодати амалии кришнагароён, зухду порсои, даст кашидан аз моддиёт ва молу сарват ва ба хадди акал расондани он аст. Зухду каноат дар даст кашидан аз неъматхои моддии хаёти дуняви ва хайр кардани он неъматхо дар рохи Худо ба Чамъияти Шуури Кришна мебошад. Дар ин мазхаб махдудиятхо ва мухаррамоти хуроки накши мухим дорад. Ба « содикон»-онхое, ки хаёти худро ба хизмати рухони бахшидаанд хурдани гушт, мохи, тухм манъ шудааст. Хамчунин пайравони ин мазхаб ба худ истифода аз мухаддарот, он чизхое, ки ба эхсос меорад, хатто кахва, чой ва тамокуро харом кардаанд. Равобити чинсии номашруъ ба чуз барои фарзанд манъ аст. Онхо ба тахорату покизагии бадан ахамияти зиёд медиханд. Ибодат дар маъбад низ аз субх соати 4 то шаб соати 21 баргузор мегардад. Ахмияти зиёд ба медитатсия ва зикр (мантр– поксозии акл) аз тарики хондани номхои мукаддаси Худо « Харе Кришна, Кришна Харн,Харе, Харе Рама, Рама Харе, Харе Рама Рама, Рама Харе,Харе» медиханд. Ин дуоро пайравони Кришна дар тули руз бояд 1728 ( 16 бор 108 зикри -ба микдори тасбех-чапаи онхо )[4] бор зикр кунанд. Тарчумаи он чунин аст: «Эй Худои хамачаззоб ва эй Худои хамашодгар, эй неруи Илохи бигузор содикона ба Ту адои хизмат кунам». Медитатсия инфироди(-чана) ва дастачамъи (киртана) дар маъбад мешавад. Пайравони ин мазхаб ба хама кори худ хусусияти дини медиханд.

Маркази мазхабию фархангии пайравони Кришна маъбад-ибодатгохи онхост. Пайравони Чамъияти байналхалкии Шуури Кришна дар солхои баъд аз сукути Давлати шурави дар чумхурихои Осиёи Маркази, алалхусус дар Казокистон ва Киргизистон зиёд шудаанд. Инчунин дар кишвархои СНГ чамъияту фиркахо ва мазхабхои дигари дар заминаи хиндуия ба вучуд омада, чун: Вайшнави, Медитатсияи Транстсендентали -асосгузори он Махеш Барасад Варна аз с.1956 худро хакими бузург-Махариши эълон карда, Маркази Шри Чинмой– яке аз равияхои нави хиндуия бо номи асосгузори он-Шри Чинмой (тав. 1931-аз банголаи Хиндустон) маъруф гашта, Маркази Сатя Сан -муассиси он Аватар Сатя Саи Баба (тав.с.1926, Хиндустон) фаъолият доранд.

[1]  Муфас. ниг. Замимаи муаллиф дар Шри Шримад А.Ч. Бхактиведанта Свами Прабхупада. Бхагавад- Гита: как она есть. ИЗД. «Бхактиведанта Бук Траст», 1986 г.- С.815-816., ва Каниткар В.П. (Хемант) ,Коул У. Оуэн. Индуизм/ Тар. Аз англ. Е. Богдановой.- М.: ФАИР-ПРЕСС, 1999.-С.289-293.

[2]   . Бхагавад- Гита: как она есть. Мукаддима. -С.21.

[3]   Хамон чо.- С.22.

[4]  Ин мантри мухтасаршуда барои Гарб аст дар Хиндустон онро 64 бор дар руз бояд зикр кунанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222