Чанги якуми чахон дар таърихи инсоният фочиаи бузург буд, ки бо гунохи доирахои хукмрони давлатхои абадкудрат сар шуд. Сабаби асосии чанг зиддияти байни мамлакатхо барои ба даст даровардани бозорхои нави тичорати, ба даст даровардани мустамликахои нав ва баланд бардоштани нуфузи сиёсии худ буд.
Дар чанг давлатхо ба ду гурух таксим шуданд. Иттифоки сегона: Олмон, Утриш-Мачористон (Авесто-Венгрия) ва
Антанта: Россия, Франсия ва Англия. Баъдтар ба чанг давлатхои дигар, минтакахои Шарки Дуру Наздик, Африко, Укёнусхои Атлантика, Ором ва Хинд хамрох шуданд. Хамаги дар чанг 28-давлат иштирок кард. Чанг аз хар ду тарафи характери истилогарона дошт.
28-июни соли 1914 шохзодаи империяи Утриш-Мачористон Франс Фердинанд дар Сраево аз тарафи миллатчиёни Сербия кушта шуд. Ин вокеъа барои оози чанг бахона гардид. Утриш- Мачористон ба Сербия ултиматом равона кард. Гарчанде, ки Сербия хамаи талабхои ултиматумро кабул кард, худи хамон руз чанг эълон карда шуд.
Руссия дар чанг максадхои худро дошт. Россия дар чанги зидди Япония (1904-1905) шикаст хурда, мавкеъи худро дар Шарк аз даст дод. Баркарор кардани мавкеъи пештара дар Корея ва Манчурия сабаби иштироки хукумати подшохи дар чанг буд.
Россия нисбати вокеъахои нимчазираи Балкан бетараф истода наметавонист. Халкдои славяни ин минтака: сербиягихо, черногорихо, булорхо дар шахсияти Россия пушту панохи худро медиданд. Аз хамин сабаб гарчанде, ки Россия ба чанг тайёр набошад хам, мачбур шуд, ки Сербияро пуштибони карда ба Утриш-Мачористон чанг эълон намояд.
Халкдои Осиёи Миёна бевосита ба чанги чахон хамрох набуданд. Азбаски Руссия яке аз саркардхои чанг буд, хоху нохох халкдои ин кишвар аз бадбахтихои чанг бенасиб намонданд.
Чанг дар навбати аввал нишон дод, ки Руссия ба он тайёр нест. Аз рузхои аввали чанг аллакай нокифоя будани захирахои модди ва аслихаи харби хис карда шуд. Руссия ин норасоихои модди ва харочотхои харбиро ба души халкдои мустамликаи худ гузошта буд. Ин албатта ба иктисодиёти Осиёи Миёна бетаъсир намонд. Кашонда овардани молхои саноатии Руссия ба Осиёи Миёна багоят кам шуд. Баръакс аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом ва озукавори афзуд. Ба гайр аз ин андозхо ва нархи молхои ниёзи мардум кимат шуд.
Солхои 1914-1916 амири Бухоро аз хазинаи худ «бахри галаба» ба Руссия З-миллион сум нисор кард. Барои ин хизматаш Амир Олимхон бо фармони императори рус бо орденхои «Укоби сафед», «Александр-Невский»
мукофотонида шуд. (Холикзода А. Таърихи сиёсии Точикон. -Душанбе, 1994.-С.32).
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …