Баъди ба охир расидани чанг дар байни иттифокчиёни собики зидди гитлери барои нуфузи минбаъда ихтилофхои чидди ба амал омаданд. Пуркувват шудани мавкеъи Иттиходи Шурави дар Аврупои Шарки галабаи инкилоб дар Чин соли 1949 зиддияти байни ду системаи чахониро боз хам тезутунд гардонд. Тезутунд гашатани муносибатхои байни Иттиходи Шурави ва ИМА ба ярокнокшавии ин давлатхо оварда расонд. Аввалин шуда ИМА бо кувваи катли омм, яроки ядрои мусаллах гардид ва бо ин восита мехост иродаи худро ба башарият бор кунад. Солхои 80-ум дар бойгонии президенти он давраи ИМА Трумэн хуччатхо ёфт шуданд, ки дар он дар бораи бомбаборон кардани 20-нуктаи калонтарини саноатии Иттиходи Шурави сухан меравад. (История России ХХ век.- М., 2001.- С.328). ИМА инчунин дар баркароркунии иктисодии Аврупои гарби фаъолона ширкат карда ин давлатхоро ба зери таъсири худ даровард. Ин барнома дар таърих бо номи накшаи Маршал маълум аст. ИМА сиёсати мусаллахшавии бошитобро пеш гирифт. Давлати Шурави мачбур шуд, ки барои бехатарии худ ва иттифокчиёнаш чораи амали андешад. Икдоми аввалаи ин чорабини ихтирои яроки ядрои буд, ки аз соли 1943 барои кор кардани он огоз карданд. То соли 1949 ин корхо идома ёфтанд ва 29-авгути соли 1949 аввалин озмоиши яроки ядрои дар Иттиходи Шурави гузаронида шуд. Баъдтар олмиони Шурави яроки дигар – яроки термоядроиро ихтиро карданд. Хамин тарик сиёсате, ки дар арсаи байналхалки дар солхои баъди чанги ба амал омад, бо номи сиёсати чанги сард маълум мебошад. Ин давра бо суръати баланди харбикунонии иктисодии мамлакатхои калонтарини чахон, бо аслихахои навтарин мусаллах шудани артишхо, ба вучуд омадани хавфи чанги навро овард. Махсусан инсоният аз мусаллах шудани аритишхо бо яроки катли ом сахт ба ташвиш омаданд.
Соли 1949 аввалин чунин хавф дар масъалаи Берлин ба амал омада буд. Иттиходи Шурави ба Берлин ворид шудани мамлакатхои арбро манъ кард. Аввали солхои 50-ум дар масъалаи Корея байни Иттиходи Шурави ва ИМА ихтилофи чидди ба амал омад. Харбиёни ИМА тайёр буданд, ки дар ин минтака яроки ядроиро ба кор баранд. Факат хавфи истифода бурдани ин ярок аз тарафи Иттиходи Шурави онхоро аз ин касд боз дошт. Иттиходи Шурави ва ЧХ Хитой ба Кореяи Шимоли ёрии амали расонданд. Дар рафти гуфтушунидхо 27-июли соли 1953 шартномаи сулх имзо гардид ва инсоният аз хавфи чанг начот дода шуд.
Соли 1956 дар Шарки Наздик вазъият тезу тунд гашт. Исроил бо даъвохои чангчуёнаи худ оромии ин минтакаро халалдор намуд. Соли 1961 дар минтакаи бахри Кариб (масъалаи Куба) вазъият тезу тунд гардид, ки кариб ба бархурди куввахои мусаллахи Иттиходи Шурави ва ИМА оварда расонд.
Давлатхои абадкудрати дунё мекушиданд, ки бартарии харбии худро истифода бурда, халкхои дунёро ба зери нуфузи худ кашиданд. Ба корхои дохилии онхо дахолат намуда, воситахои фишоровариро ба кор баранд. Мисоли равшани он Ветнам буд, ки дар байни давлатхои Фаронса, ИМА аз як тараф ва Иттиходи Шурави аз тарафи дигар боиси кашмакашихои дуру дароз гардид. Факат солхои 70-ум чангхои шадид дар ин давлат хотима ёфтанд. Ходисахои Мачористон (Венгрия) соли 1965 ва Чехословакия соли 1968 ба мисоли дахолати куввахои беруна ба корхои дохилии ин кишвархо мисол шуда метавонанд.
Дахолати давлатхои бузург ба вазъияти байналхалки таъсири калон расонд. Ракобати давлатхо мубориза барои ба тахти нуфузи худ фаро гирифтани ин ё он минтака муносибатхоро шиддат доданд.
Хар кадоми ин давлатхо худро тарафдори сулх мепиндоштанд, лекин хар яке аз онхо мехостанд, ки натичаи сулх ба фоидаи онхо бошад. Иттиходи Шурави фаъолияти худро ба он равона карда буд, ки шиддати вазъияти байналхалкиро паст гардонад. Ба ин максад чандин пешниходхо дар сохаи пеши рохи мусаллахшавии бошитобро гирифтан: манъ намудани озмоишхои аслихаи ядрои ва истехсоли он, хал намудани масъалахои муносибатхои давлатхои араб ва Исроил аз тарафи Иттиходи Шурави ба миён гузошта шуданд. Ин пешниходхоро давлатхои дигари пуркувват кабул накарданд. Дар чахон чунин микдори яроки ядрои чамъ шуд, ки барои хазор маротиба дар руи замин бархам додани хаёт кифоят мекард. Ба ин нигох накарда ярокнокшави хамоно идома ёфт. Бучахои харби доимо меафзуданд. Ин бевосита ба паст шудани дарачаи зисту зиндагонии мардум оварда расонд. Масалан дар Иттиходи Шурави харочоти харби шаст дар сади бучаро ташкил медод. ИМА барои тайёрии харбии чанги дар тамоми курраи замин базахои харби барпо карда ба он маблаги калон харочот мекард.
Зиёд шудани харочоти харби дар тамоми дунё норозигиро ба миён овард. Ин чиз рохбарияти давлатхои абадкудратро водор намуд, ки дар муносибатхои байналмиллали таироти муфиде ворид созанд. Дар ин чода макоми Созмони Миллали Мутахид басо калон буд. Фаъолияти ин ташкилоти бонуфуз аз соли 1946 сар шуда чандин пешниходхои окилона сулх тавсия карда шуданд. Шурои амнияти СММ барои ба созиш овардани тарафхои даргир карорхои чолиб кабул намуд. Яке аз карорхои шоёни СММ тайёр кардани мачлиси машваратии рохбарони аввали сиёси ва давлатии Аврупо, Канада ва ИМА дар Хелсенки буд. Мачлис бо иштироки ЗЗ-давлати Аврупо, Канада ва ИМА баргузор гардид. Мачлиси машварарти хуччатхои хотимавиро ба имзо расонд, ки дар он принсипхои асосии муносибатхои байнидавлати ва манфиатхои умумибашари ифода ёфтанд.
Дар хуччатхои кабулкардаи мачлис чунин принсипхои муносибатхои байнидавлати баён ёфтанд, ки иштирокчиёни он ухдадор шуданд, ки онро бечунучаро ичро намоянд.
Хукуки озодона интихоб кардани сохтори сиёси- ичтимои, иктисоди ва мадани;
⦁ баробархукуки, эхтироми мустакилияти давлатхо;
⦁ ба кор набурдани кувва нисбати хамдигар;
⦁ дахлнопазирии сархадхо;
⦁ бутунии каламрави давлатхо;
⦁ бо рохи осоишта хал намудани масъалахои бахсталаб;
⦁ дахолат накардан ба корхои дохилии якдигар;
⦁ эхтироми хукукхои инсон ва озодихои асоси, аз чумла озодии сухан, вичдон, дину эътикод;
⦁ хамкории давлатхо, софдилона ба чо овардани ухдадорихои доир ба хукуки байналмиллали;
Хуччатхои хотимави давлатхои иштирокчиро ухдадор месозад, ки карорхои мачлисро пурра амали созад, ба хамин ба паст шудани шиддати вазъияти байналмиллали ноил шаванд.
Мачлиси машварати доир ба бехатари ва хамкори дар Аврупо имконият дод, ки боварии давлатхо ба якдигар афзун шавад. Баъди карордодхои мачлис дар байни давлатхои бузург гуфтушунид аз руи мухимтарин масъалахои байналмиллали ооз ёфт. Натичаи он дар байни Иттиходи Шурави ва ИМА соли 1979 имзо шудани Паймони махдуд намудани аслихаи стратеги (ОСВ-2) буд.
Яке аз ходисахои дорои характери сиёси дошта, ки ба мавчудияти ояндаи давлати Шурави ва нуфузи байналхалкии он таъсир расонд, дахолат ба корхои дохилии Афонистон буд. Чандин миллиард суми Шурави харочот шуда, хазорон нафар аскар талаф ёфтанд. Ин чанг яке аз омилхои пароканда шудани давлати Шурави гардид.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …