Главная / Илм / ЧУНБИШХОИ ХАЛЦИ (ОХИРИ АСРИ XYIII ВА ИБТИДОИ АСРИ XIX).

ЧУНБИШХОИ ХАЛЦИ (ОХИРИ АСРИ XYIII ВА ИБТИДОИ АСРИ XIX).

Зулму истибдод, худсарии амалдорон ва феодалон халки мехнаткашро ба дод оварда, сабаби эътирози синфи гардид. Ахолии шахри Бухоро ва нохияхои гирду атрофии он борхо ба мукобили амирони мангит шуриш бардоштанд. Чунин шуришхо дар солхои 1758- 1785 сар зада бошад хам, шуриши калонтарин соли 1810 ба амал омад. Зимистони соли 1810 сард омада, тухмиро сармо зад. Бар замми ин, аз 1-уми апрел то 16-уми май шамоли сахт вазида, киштзори атрофи Бухорро рег зер кард ва сокинони он ба чойхои дигар кучиданд. Дар шахр гуруснаги ва дузди хукмфармо гардид. Горатгарон ахолиро тороч, мекарданд. Амир барои баромадан аз ин вазъияти душвор чорае надид. Халки ба чон расида дар майдони Регистон чамъ омада, аз амир ёри металабиданд, вале амир Хайдар бо наздиконаш аз шахр фирор намуд. Амир ба максади пахш кардани шуриш ахолиро ба мазори шайх Баховаддин ба намози 3 – руза даъват намуд. Амир ба чои дастгирии халк баракс фармон дод, ки сарбозони у хонахои ахолиро мусодира карда, тамоми галладонаи ба даст даровардаашонро ба бозор оварда, бо нархи киммат фурушанд. Кувваи харбии амир шуришро пахш кард.
Шуру ошубхои халки дар солхои 1819-1820 дар Уротеппа, Чиззах, Миёнкол ва дигар махалхо сар заданд. Махсусан, шуриши соли 1821 дар махаллаи Миёнкол (байни Бухоро ва Самарканд) чунбиши калонтарин буд. Дар ин чо кабилахои нимкучии узбек Хитой – Кпчокхо зиндаги мекарданд. Зиёд шудани бочу хироч, ва ба хизмати харби сафарбар кардани микдори зиёди кабилахо сабабхои асосии шуриш буданд. Ба шуриш кабилахои каракалпокихои сокинони ин махал хамрох шуданд. Дере нагузашта тоифахои дигари байни Самарканду Каакурн шуришгаронро тарафдори карданд. Шуришчиён баъди рондани маъмурони амир, Катакурон, Халак, Янгикурн ва дигар шахру дехоти гирду атрофро ба даст дароварданд. Иштирокчиёни шуриш ба тарафи Самарканд харакат карда, аз Шахрисабз ва Куканд ёри пурсиданд. Гарчанде ки дар ин чойхо куввахои зиёди мукобили амир Хайдар вучуд дошта бошанд хам, онхо номуташаккилона, ба таври пароканда амал мекарданд. Хучуми Хитой-Кпчокихо ба Бухоро низ муваффакият пайдо карда натавонистанд. Аъёну ашроф барои кумак ба амир мурочиат карданд. Амир Каттакурнро ишол карда, ахолиро аз дами тег гузаронд. Дар натичаи пароканда шудани куввахои шуришгарон амир Хайдар муваффак шуд, ки соли 1825 мухимтарин нуктахои муковимати шуришро ишол намояд.
Соли 1842 амири Бухоро бар зидди хонигарии Куканд лашкар кашид. Дар шахр сарбозони амир ба бетартиби ва бедодгарихои зиёде даст заданд. Ин кирдор газаби ахолиро ба вучуд оварда, боиси ба амал омадани шуриши халки гардид. Шуришгарон хокимони амирро аз Куканд пеш карданд.
Дар аввали асри XIX муборизаи синфи дар нохияхои кухистони Точикистони имруза тезу тунд гардид. Дар ибтидои солхои 60-ум дехконони Шнон, Рушон ва Вахон ба шуриш хестанд. Ба ин шуриш Шайхзодаи Рушон рохбари мекард. Шуришгарон маркази беки калъаи Вомарро ба даст дароварда, ба суи коргохи хокими Шнон калъаи Барпанча харакат карданд. Шуришгарон кушуни бекиро шикаст дода, боигарии хокимонро дар байни худ таксим карданд. Шуриш бо ёрии куввахои харбии Бадахшон пахш карда шуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222