Главная / Илм / Чахонбинии устурави-динии Юнониён

Чахонбинии устурави-динии Юнониён

Тасаввуроти юнониён дар «Теогония» ва («Пайдоиши худоён»)-и Гесиод ва «Илиада» ва «Одиссея»-иХомер инъикос ёфтаан.

Кабл аз шиносои бо макоми худоён дар анчумани худоёни Хомер борои дуруст фахмидани он, тасаввуроти динию асотирии юнониён дар мавриди пайдоиши олам ва худоёнро донистан зарур аст. Ин шиносои барои фахмидани чараёни тахаввули акоиди онхо оид ба пайдоиши олам умумият ва хусусиятхои минтакавию замонии он имконият медихад.

iliadaДар устурахои юнони, мисли мисри ва бобили ходисахои табиат ва кайхон ва пайдоиши ситораву саёрахо ба дар шакли миф бо рамзу сиболхоф ифода шудаанд. Мувофики ахбори асотири юнони дар аввал танхо харачу марачи абадию бенихоят, ки манбаи хаёт буд, вучуд доштааст. Хама олам ва хатто худоёни човид низ аз он ба вучуд меоянд. Нахуст аз он олихаи Замин-Гея, сипас мухити абадии беохиру бетаге бо номи Тартар, хамчунин неруи бузурги ишки эхёгари хама – Эросро тавлид намуд. Аз харачу марач инчунин зулмати абади – Эреб ва шаби тира – Нюкту ба вучуд меоянд, ки дар навбати худ ин харду Нури абади – Эфир ва Рузи равшани саодатманд – Гемер таваллуд мешавад.

Сипас Замин саховатманд, Осмони бенихояти кабуд – Уранро ба вучуд меорад. Уран дар навбати худ Заминро ба зани мегирад ва аз ин издивоч шаш писар ва шаш духтари неруманду азимчусса (титан) таваллуд мешаванд. Аз ин фарзандони Уран ва Гея чисмхои осмони: Хуршед, Мох, ситорахои субхдам ва гайра таваллуд шудаанд.

Уран фарзандони худро дуст намедошт онхоро дар каъри зулмати Замин нигох медошт, ба рушнои баромадан намемонд. Замин аз ин дар азоб буд. Фарзандонашро таблиг ба киём алайхи падар мекард, вале онхо аз у метарсиданд, танхо писари аз хама хурди Крони маккор падари худро бо найранг аз тахт фароварда, чои уро гирифт.

Зевс – худои бузург, худои худоёни анчумани худоёни юнони. Крон аз тарси он ки писаронаш хокимиятро чунон ки худи у аз падараш Уран гирифта буд, хоханд гирифт, ба занаш Гея (духтари Уран) фармуд, ки фарзандони таваллудшударо ба у биоварад ва онхоро берахмона фуру мебурд. Хамин тавр, у панч фарзандаш: Гестия, Деметр, Геру, Аида (Гедас) ва Посейдонро фуру бурд.

Гея фарзанди охиринаш Зевсро аз у дар чазираи Крит дар горе пинхон кард ва ба чои у сангеро печонида ба Крон медихад ва у нафахмида фуру мебарад.

Чунин аст киссаи таваллуди Зевс, ки баъдан у дар мубориза бо фарзандони азимчусса ва гули Замин (титанхо) галаба ба даст меорад. Зевс худои Осмон, фармондехи раъду барк дар Кухи Олимп дар тахти тиллои салтанат менишинад дар атрофи у худоёни дигар: Гера хохар ва зани сеюми у( пас аз Метида ва Фемида) – олихаи хомии зоймон ва никох – пахлуяш нишаста. Духтараш Геба низ ончо хузур дорад. Хулоса дар мартабахои маъбади анчумани худоёни Юнони бостон пас аз хонаводаи Зевс ду бародараш:

  • Посейдон – худои бахрхо ва укёнус;
  • Аид – худои салтанати рухи мурдагон дар зери замин карор доранд;
  • Аполлон- худои офтоб, хомии манзилгоххо, шахрхо ва рамахо;
  • Артемида – духтари Зевс, худои мох, хосилхези, хомии таваллуди кудакон ва табобат;
  • Афина -худои хомии шахрхо карор доранд;
  • Гесеф – писари Зевс – худои оташ ва охангари; Дионис – худои майкаши;
  • Гермес – худои хомии мусофирон, карор доранд. 8- Арес – худои чанг;
  • Афродита – худои мухаббату ишк;
  • Деметри – худои хосилхези ва худоёни дигаре дар ин анчуман дохиланд.

Зиндаги ва рафтору кирдор, сурату андоми худоёни юнони хама шабехи одаманд, онхо на танхо хислатхои хуби инсон, балки хислатхои баду разилаи онхоро низ доранд.

Дар асотири юнони макоми кахрамонхудоён Прометей, Геракл ва дигарон низ хело баланд аст. Алалхусус, накши Прометей рабояндаи оташ аз боргохи худоён барои одамон, овардаи нуру рушнои ва дониш ба инсон дар тамаддуни юнони ва чахони бузург аст.

Дар мисоли муносибати Зевс бо Прометей метавон дид, кибаракси дини насрони ва ислом байни худоён ва инсон-миёни Осмон ва Замин (чахони худоён ва чахони инсонхо) ракобату таззод ва хатто навъе аз хасад ва кинаву адоват хукмрон аст. Дар охир бояд гуфт, ки файласуфони юнони, аз чумла, Фалес, Ксенофан, Афлотун, Арасту ва дигарон хануз дар замони худ тасаввуроти дини- мифологии расмии юнониёнро сахт зери тозиёнаи танкид гирифта, дар худошиноси акидаи наздик ба яктопарастиро баён кардаанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222