Главная / Илм / Чараёни Карматия.

Чараёни Карматия.

Харакати Карматия дар ибтидои пайдоиши худ аз сабаби химоя кардани манфиатхои мазлумон: тарфдорони зиёдро пайдо намуд. Дар баробари дехдонон, косибон, зиёиёни тараккипарвар аз кабили Рудакй, Балъамй, Фирдавсй, Ибни Сино, Носири Хусрав ба ин чараён пайравй намуданд.
Асосгузори чараёни карматия Хамдони Кармат ба шумор меравад.Мувофики ахбори Низомулмулк яке аз аввалин таблиотгарони ин таълимот Муборак бо хати нафиси « мукармат» менавишт ва у лакаби «Карматуиё»-
ро сохиб гардид. Эхтимол номи «Карматия» аз хамин чо пайдо шудааст. Аз чихати оявй карматия ба чараёни
исмоилия пайваст, бо шиъа алокаманд ва бо маздакия муштарак буд. Карматиён моликияти хусусии заминро инкор мекарданд. Бозгашт ба чамои дехаро таргиб мекарданд, лекин нигох доштани гуломро тарафдор буданд.
Максади нихоии онхо чорй намудани таксимоти баробари воситахои истехсолй хисоб меёфт. Оммаи халк ба карматия барои эътироз бар зидди тартиботи нави феодалй хамрох мешуд.
Ашрофи феодалй бошад, дар навбати худ максад гузошт, ки ин харакатро зидди хокимияти марказй истифода барад.
Дар аввал карматиён амалиёти пинхонй мебурданд. Баъди шуриши гуломон дар Хуросон соли 873 тарафдорони чараён ба амалиёти руи рост гузоштанд. Ба шуриши Ирок Хамдон Кармат рохбарй мекард. Гарчи шуриш соли 883 аз тарафи хилофат пахш шуда бошад, аммо мубориза пурра хотима наёфт.
Дар Хуросон нехзати Карматиён дар вилоятхои Хирот, Гур ва Гурчистон дар охири давраи Исмоили Сомонй руй дод. Дар ин шуриш 10 хазор нафар одамони мехнткаш бо сарварии Абу Билол ширкат доштанд. Соли 907 шуришгарон мухосира карда шуда, нобуд карда шуданд. Баъдтар шуриш бо сарварии воли Хуросони Чанубй Хусайн ибни Алии Марвазй сар шуд, ва ин ба мубориза ба зидди хокимияти марказй табдил ёфт. Соли 919 лашкари Сомониён ба шуриш шикаст доданд.
Дар Мовароуннахр карматиён бо сарварии Мухамад Нахшабй тавонистанд, хатто байни ашрофи баландмакоми давлат, мисли хочиби бузурги даргох, раиси девони муставфй, раиси Бухоро, хокими Илок ва дигарон тарафдор пайдо кунанд. Худи подшох Насри-11 таълимоти онхоро кабул кард.
Амммо Нухи- 1 дар байни дохили Карматиён Нахшабй ва рухониёни мазхаби суннй мунозира ташкил кард, ки рухониён олиб омаданд, Нахшабй дар майдони Бухоро бв дор кашида шуд.
Мухолифони карматия бар зидди тарафдорони ин равия чорахои амалй диданд. Дар натича одамони маъруф, ки ба ин харакат майл доштанд, бечазо намонданд.
Ба ин аз тахт фуроварда шудани Насри – 11, кур карда шудани Рудакй, аз дарбор ронда шудани вай, мусодира гаштани молу мулкаш, ба бало гирифтор шудани Балъамй, дертар катл гардидани Дакикй, оворагардии Фирдавсй, Абуали ибни Сино, Носири Хусрав ва дигарон мисол шуда метавонад.
Нехзати карматиён дар Хуросон дар натичаи заифии вокеии он ва заминаи устувори ичтимой надоштанаш, аз доирахои хукмрони хукумати Сомониён, рухониёни
бонуфузи муътакид ва гвардияи турки дарбор шикаст хурд. Ин таълимот инкироз ёфт ва чояшро таълимоти исмоилиён иваз намуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222