Мухакикони динхои Чин (Хитой) ва Осиёи Шарки ба ин акидаанд, ки тафаккури мазхабии мардуми ин минтака бо тафаккури мазхабии халкхои хиндуориёи тафовути чидди дорад. Хинди табиатро саробе, вахму хаёле мехисобад, дар холе, ки мардуми Чину Жопон ба чехраи табиат чун вокеият бо завку мехр менигаранд ва алока ба чахону дилбастаги ба хаёти дуняви доранд.
Вале бо вучуди ин тафовутхо, дар як катор масоили динию фалсафи оинхои чини низ бо дигар адён, аз чумла бо динхои хинду эрони, умумият доранд. Чиниён ва халкхои Шарки Дур низ мисли тамоми инсоният як давраи тулонии тахаввули мазхабиро пушти сар кардаанд.
Тамаддуни Чини кадимро ба чахор давра таксим кардаанд: давраи «Чу», ки аз 1122 то 205 т.м. ва давраи «Хон» аз 206 т.м.то 221 м. Дар ин давра таълимоти Конфутси реша гирифта ва дини буддои ба Чин рахна кард. Давраи сеюм «Танг», ки аз соли 618 то 907м. ва давраи чорум давраи «Сунг» аз 970-1280 м. давом ёфтааст.
Давраи нахуст давраи Шан-ИН номида шудааст. Тамаддуни ИН дар нимаи хазораи II т. м. дар хавзаи Хуанхэ ба вучуд меояд. Мисли бисёре аз халкхои бостони чиниён дар ин давра эътикоди бисёрхудои доштаанд ва чандин гурух (анчуман)-и худоёнро парастиш ва ба шарафи онхо курбонихои хунин ва хатто инсонро нисор мекардаанд. Охиста-охиста аз миёни ин худоён як худо бо номи Шан-ди ба макоми волову оли мебарояд. «Ди» дар аввал ба маънии курбон буда, баътар чун худое, ки ба у курбони меоранд тахаввул кардааст ва дар замони хокимияти сулолаи номбурдаи Шан-Ин ба он «Шан» (Шан-ди) илова мешавад. Дар симои Шан-ди- чиниён хам худои бузург ва хам нахуст ачдоди одамиёнро медиданд.
Дар тахаввули тасаввуроти динии чиниён мо намунахои каробат бо тасаввуротит динхои бостонии тозардушти ва баъдизардуштии точикон оид ба нур ва зулматро дорем. Рамз ва ё симбули динии мардуми Чин таносуби «доираи Инва Ян» мебошад. Ин доира ба ду кисмати вергулшукли сиёху сафед, ки хар кадом дар худ нуктае аз боло ба ранги мукобил дорад, тасвир шудааст. Кисмати сиёхи онро ин ва дувумин сафедро ян ташкил мекунад. Нуктаи сафед дар ин маънии онро дорад, ки дар олами зулмат нутфаи нур вучуд дорад ва баракс дар олами нур низ нутфаи зулмат хаст. Ин рамзи зулмат, торики, рутубат ва бунёди занонаи гайри фаъол ва аммо Ян -рамзи нуру рушнои, хушки, бунёди мардонаи фаъол аст.
дар худуди бархам зада мешавад. Дар давраи хокимияти Чжои, ки аз соли 1027 т. м. огоз гардид худои бузург Осмон (Тян баътар Тян-мин) шинохта мешавад ва хокимону шохони чини лакаби «Писари Осмон» («Тян-тсизи»)-ро мегиранд. Худои Осмон (Тян) дори хама сифоте мебошад, ки дар динхои соми ба худо нисбат додаанд.
Маросимхо. Аз маросимхои мухимми мазхабии ин давра фолбини, курбони кардан ба рухи ниёгон будааст. Ин маросим хатто ахамияти сиёсию давлати касб карда буд.