Главная / Илм / ДИНХОИ ГАЙРИСУННАТИ

ДИНХОИ ГАЙРИСУННАТИ

Аз нимаи дуюми асри XIX то имруз дар чахон чандин динхои ба истилох гайрисуннати ба вучуд омаданд. Асри ХХ низ аз нахзатхо ва харакатхои дини ва худочуихо ори набуд. Дар шароити имруза ин динхои гайрисуннати ё «динхои навбунёд» ва ё «динхои гайрианъанави» дар бисёре аз кишвархои гарбию шарки пайравони худро аз тарики таблигу хавасмандкунихои гуногун афзуда истодаанд. Иллати асосии пайдоиши ин гуна динхо он бухрони маънавию мазхабиест, ки дер боз кишвархои сармоядории гарбиро фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар чусту чуи он чунон шакли мазхабиест, ки чавобгу ба хусусияти асри нав ва мувофик ба ниёзхои имрузаи чавонон бошад.

Ин динхо кушишхои аз хад зиёде дар рохи афзудани пайравони худ аз тарики таблиг ва ирсоли мубаллигон ба хамаи кишвархои чахон ва хам бо роххои кумакхои пулию моли, тиббиву фарханги ва г-ра карда истодаанд.

Хусусиёт ва навъхои динхои гайрисуннати. Мо дар бобхои гузашта дар заминаи динхои суннати пайдоиши равияву фиркахо, чараёнхо ва нахзатхоро дидем ва ин хам маълум шуд, ки хамаи динхо пас аз пайдоиши худ бар асари ихтилофхои сиёси, акидави ва мазхаби ба ин холат дучор шуда, вахдати дохилии худро аз даст медиханд. Вале бо вучуди ин хар яке фиркаи нави худро аз дигаре вафодортар ба он дин мешуморанд, аз ин ру иддаои дини нав буданро намекунанд ва хамаи чазмиёти асосии он динро кабул доранд. Аммо динхои гайрисуннати бошанд, хар чанд баъзеи онхо дар заминаи динхои суннати ба вучуд омадаанд, даъвии дининав будан, даъвии нубувватва дарёфтивахийро доранд. Ин дар холе, ки динхои суннати ин бидъатхоро кабул надоранд. Масалан, дини ислом пайгамбари худ Мухаммадро «хотамул- анбиё», – мухри анчоми нубувват хондааст ва хеч касеро, ки баъд аз Мухаммад даъвии пайгамбари мекунад, кабул надорад.

Ба хар сурат пайдоиши динхои гайрисуннати далолат бар он мекунанд, ки хануз майли фитратчуйи, хакикатчуйи ва худочуии инсоният хотима наёфтааст, пешрафти илмию технолужии асри XX натавониста, ба ниёзхои рухиву маънавии инсоният пурра чавобгуй бошад. Аз суйи дигар, бухрони маънавию ахлоки, сатхи рузафзуни чиноят, фасоди ичтимои, нобаробарихо, чангу низоъхои сиёси ва дар нихоят инъитофнопазири, таклиду кухнапарастии динхои суннати, кобилияти мувофик шудан бо шароити замону тамаддуни нав надоштани онхо заминаро барои пайдоиши динхои гайрисуннати омода сохтаанд.

Динхои гайри суннатиро шартан дар диншиноси ба панч гурух таксим кардаанд.[1]

  1. Динхои нави заминаи шаркидошта, чун: «Дини бахои», «Чамъияти Шуури Кришна», « Маркази дзенбуддизми укёнусиороми », « Рисолати Нури Илохи»и Махарай Джи, « Медитацияи мовароутабии» ва гра. Ин динхо реша дар Шарк доранд ва аксаран шаклхои гуногуни ислоху тачдидшуда ё худ омехтае аз динхои хиндуия, буддизм ва ислом ва ирфони исломи мебошанд. Таълимотхои навхиндуия ва навбуддоия чун ирфони исломи рохи зухду ирфонии начот(макша), фуру рафтан дар худ, мурокиба ва тафаккури ботиниро таргиб мекунанд.
  2. Созмонхои мазхабии навмасехият – « Мачмаи калисои), «Фарзандони Худо», «Калисои тани Масехо». Таълимоти ин мазхабхо омехтае аз унсурхои насрони ва динхои шарки буда, хусусияти синкретики доранд, Асоси даъвати онхоро таъкид ба карибии охират, иддаои нубувват ва рисолати илохи, иблоги вахй ва арзишхои ахлокии нав ташкил мекунад.

3.Равияву мазхабхои илмшиноси (Сайентологи)- чун «Калисои сайентологи», «динхои кайхони» (чун « Чамъияти Аэтариус»), ки бар пояи эътикод ба робитаи Замин бо куввахои олии кайхони ва « акли кайхони» асос ёфтаанд.

4.Магия-сехру чоду ва рухгароии нав, дар баробари сохирию кохини, фолбини ва шаманизми кухна дар охири карни 20 ру ба афзоиш гузоштаанд. Ру овардан ба рамалу сохири, ба фолбину кохин худ нишонаи заъфи чомиъа, нобоварии инсон ба аклу илм ва бухрони ичтимоию иктисоди мебошад.

  1. Шайтонпарастон (сатанизм), гуруххои мазхабие мебошанд, ки бадиву шарро ситоиш ва пайвастан бо шайтону девро таргиб мекунанд.

[1]   Нигр.Основы религиоведения . 2-е изд., – С. 261-262.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222