Главная / Илм / ДИНХО ВА ОИНХОИ БОСТОНИИ ТОЧИКОН ВА ЭРОНИЁН

ДИНХО ВА ОИНХОИ БОСТОНИИ ТОЧИКОН ВА ЭРОНИЁН

Точикон дар ахди бостон, хамрох бо дигар халкхои ориёи ва эронизабону эроннажод аз назари фарханги динию мазхаби дар таърихи тамаддуни чахони накши арзандае гузоштаанд. Ниёгони мо дорои дину оинхои баркамолу чахони будаанд.

Халкхои эрони аз нигохи динофарини ба зумраи нодиртарин нажодхо ва халкиятхои чахон таъаллук доранд. Онхо мисли хиндувон ва сомиён ба тамаддуни чахони ва фарханги башари таълимоти динию мазхабии зиёд, камаш панч дини маъруф: мехрпарасти (митраизм), зарвония, зардуштия, монавия (манихейсво), маздакия арза намудаанд.

dinАз ин динхои халкхои эрони ду дин : мехрпарасти ва монавия дар таърихи тамаддуни бостон ба зумраи динхои берун аз марзу буми Эрони Бузур интишорёфта, аз ин нигох, ба катори динхои чахони ворид шуда ба шумор мераванд. Аксар аз ин таъсири динхои эрони ба динхои хинди, ки бо динхои эрони аз як решаанд ва ба динхои соми зиёд аст.

Дину оинхои бостонии халкхои эрони-точики бо шароити зиндаги, вазъияти ичтимоию сиёси ва маданию фархангии кавмхои ориёи-эрони робитаи ногусастани доштааст.

Таърихан ниёгони мо точикон: сугдихо, хоразмихо, фаргонихо, бохтарихо, хайтолихо, таххорихо, саккоихо бо халкиятхои Эрони чануби ва хиндуориён ва хиндуаврупоиён куллан як гурухи халкиятхо ва нажоди ориёиро ташкил мекардаанд. Мувофики маъхазхои таърихию бостоншиноси халкхои хинду эронии ориёи ибтидо дар сарзамини васеъ, ки (дар Авасто «Айрьян Ваичангах» ё «Иран-вейж» номида шуда,) аз Хиндукуш то канораи рудхонаи Дон ва аз Урал то халичи Форс тулу арз дошт, зиндаги мекардаанд. Иран-вейж, мувофики ахбори Вандидод (фар..1, банди 3),- нахустин ва бехтарин сарзаминхои шонздахгонаи офаридаи Ахуромаздост. Такрибан дар охири хазорахои сеюми пеш аз мелод кабилахои хиндуориёи ба Гарб ва Чанубу Гарб (дар Аврупо- германо- раманхо, дар Балкан:-юнонихо, франкоихо, дар Осиёи хурд-хетхо) ва чанубу Шарк ба Хиндустон(-хинду ориёихо) интишор ёфтаанд.

Аз ин ру дар байни хиндуён ва эрониёни кадим ва халкхои хинду аврупои ба гайр аз каробати забони, аз чихати дину мазхаб ва тасаввуроти хамосавию асотири низ умумият ва шабохатхои зиёде дида мешавад.

Дар аввалхои хазорсолаи I т.м. сарзамини Эрони Шаркию Гарби мушаххас гардида буд. Эрониёни шарки дар сарзамини Осиёи Маркази ва Хуросон кисмате аз Эрону Афгонистони имруза, эрониёни чанубу гарби сарзамини имрузаи Эрон ва кисмати Ирокро ташкил мекарданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222