Главная / Илм / ДИНИ ЯХУДИЯ

ДИНИ ЯХУДИЯ

Дини яхудия яке аз динхои яктопарасти-тавхидии миллию давлатй буда, ба гурухи динхои сомй тааллук дорад. Хама пайравони ин дин аз миллати яхуд (онхоро иброниёнй ва банни исройил низ меноманд) мебошанд. Яхудия аз аввалин дини тавхиди дар байни динхои сомй аст.

Иброниён, чунон ки таърих шаходат медихад, аз нажоди сомй буда. Мисли аквоми дигари соми дар ибтидо, зиндагии кучи ва бодиянишини доштаанд. Мувофики тахкикотхои охирин равшан шудааст, Иброхим (Авраам), ки яхудиён ва аъроб вайро наздиктарин асосгузори ачдоди худ мешуморанд, шахси таърихи мебошад.

iudaizmМувофики хабари сарчашмахои яхудия, Иброхим бо кабилаи худ аз махалли УР- поиноби руди Фрот, аз сарзамини БобилБайнаннахрайн баромада, ба Канъон(Ханаан) ва аз он чо ба Миср куч бастааст \Хасти.15:7\. Ин ходиса дар нимаи аввали хазорсолаи ду (1700)-и кабл аз мелод сурат мегирад. Мувофики Таврот Иброхим ва бародараш Лут пас аз муддате икомат дар Миср ба Канъон ФаластинуУрдуни имруза бармегарданд.

Бори дуюм мувофики маълумоти Таврот дар давраи ба вазорат расидани Юсуф писари Яъкуб, ки пас аз ходисаи ба чох андахтани у аз тарафи бародаронаш ва рахои ба ин кишвар омада буд, боз яхудиён ба Миср мухочират

musoШояд шумори Бани Исроил дар Миср хеле зиёд мегардад, ки мисриён дар фикри чилавгири аз афзоиши нуфузу саршумори онхо меафтанд. Ин давра ба давраи салтанати фиръавн Рамсеси II рост меояд, ки ваймарде девонамичоз буда, шавки зиёде ба сохтумони бинохои азиму шахрхои бузург, таъсиси маъбадхо ва ахромхои бохашаматро дошта аст. У дар сохтумони ин иншоотхо аз кувваи яхудиён истифода намуда, ба онхо зулму истибдоди зиёде раво медидааст. Зухур ва рисолати Мусо дар хамин давра ба вукуъ мепайвандад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222